https://sputnik.tj/20220617/putin-vazifaho-amaliyot-vizha-ukraina-1049292864.html
Путин гуфт, ҳамаи вазифаҳои амалиёти вижа дар Украина ҳал хоҳанд шуд
Путин гуфт, ҳамаи вазифаҳои амалиёти вижа дар Украина ҳал хоҳанд шуд
Sputnik Тоҷикистон
Раисҷумҳури Русия итминон дод, ки дастгирии шаҳрвандони кишвар калиди анҷоми бомуваффақияти амалиёти вижа дар Украина хоҳад буд
2022-06-17T19:10+0500
2022-06-17T19:10+0500
2022-06-17T19:10+0500
дар русия
владимир путин
сиёсат
украина
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/06/11/1049291762_0:111:3444:2048_1920x0_80_0_0_b2979c04a455c870cd3e98fdc7368d1f.jpg
ДУШАНБЕ, 17 июн — Sputnik. Ҳама вазифаҳои амалиёти вижа дар Украина ҳал хоҳанд шуд, гуфт раисиҷумҳури Русия Владимир Путин дар ҳамоиши байналмилалии иқтисодии Санкт-Петербург.Ба ақидаи ӯ, муттаҳидшавии ҷомеаи Русия ба артиши Русия нерӯ мебахшад. Раисиҷумҳур ҳамчунин қайд кард, ки амалиёти вижаи Русия дар Украина тасмими як кишвари соҳибистиқлол аст, ки бар асоси ҳуқуқи дифоъ аз амнияти худ асос ёфтааст. Путин бовар дорад, ки вазъ дар Аврупо боиси тағйири элитаҳо мешавадПутин таъкид кард, ки амалиёти вижа дар Украина зарур аст."Дар шароити кунунӣ, дар пасманзари афзоиши хатарҳо ва таҳдидҳо, тасмими Русия дар бораи баргузории амалиёти вижаи низомӣ маҷбурӣ, душвор ва зарур буд", - таъкид дошт роҳбари Русия.Путин Ғарбро ба халалдор кардани пояҳои байналмилалӣ муттаҳам кардҲамзамон вай қайд кард, ки Ғарб ба интиқоли силоҳ ба Украина идома медиҳад ва аз парвариши русбадбинӣ пушаймон нест.
украина
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/06/11/1049291762_637:0:3368:2048_1920x0_80_0_0_f178830ed72e23a5ff022f713794d141.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
путин русия украина
Путин гуфт, ҳамаи вазифаҳои амалиёти вижа дар Украина ҳал хоҳанд шуд
Раисҷумҳури Русия итминон дод, ки дастгирии шаҳрвандони кишвар калиди анҷоми бомуваффақияти амалиёти вижа дар Украина хоҳад буд
ДУШАНБЕ, 17 июн — Sputnik. Ҳама вазифаҳои амалиёти вижа дар Украина ҳал хоҳанд шуд, гуфт раисиҷумҳури Русия Владимир Путин дар ҳамоиши байналмилалии иқтисодии Санкт-Петербург.
"Тамоми вазифаҳои амалиёти махсус ҳал карда мешаванд ва мардонагӣ ва қаҳрамонии сарбозони мо калиди ин хоҳад буд", - гуфт президент.
Ба ақидаи ӯ, муттаҳидшавии ҷомеаи Русия ба артиши Русия нерӯ мебахшад.
Раисиҷумҳур ҳамчунин қайд кард, ки амалиёти вижаи Русия дар Украина тасмими як кишвари соҳибистиқлол аст, ки бар асоси ҳуқуқи дифоъ аз амнияти худ асос ёфтааст.
Путин таъкид кард, ки амалиёти вижа дар Украина зарур аст.
"Дар шароити кунунӣ, дар пасманзари афзоиши хатарҳо ва таҳдидҳо, тасмими Русия дар бораи баргузории амалиёти вижаи низомӣ маҷбурӣ, душвор ва зарур буд", - таъкид дошт роҳбари Русия.
Ҳамзамон вай қайд кард, ки Ғарб ба интиқоли силоҳ ба Украина идома медиҳад ва аз парвариши русбадбинӣ пушаймон нест.