Путин Ғарбро ба поймол намудани арзишҳои байналмилалӣ муттаҳам кард

© Sputnik / Владимир Астапкович / Гузариш ба медиабонкПрезидент РФ В. Путин
Президент РФ В. Путин - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.06.2022
Обуна шудан
Кишвардори Русия дар ҳамоиши иқтисодии Санкт-Петербург Ғарбро ба он муттаҳам кард, ки дидаву дониста, арзишҳои байналмилалиро вайрон кард
ДУШАНБЕ, 17 июн — Sputnik. Раисҷумҳури Русия Владимир Путин зимни баромади худ дар Форуми байналмилалии иқтисодии Санкт- Петербург изҳор дошт, Ғарб қасдан арзишҳои байналмилалиро халалдор мекунад.

"Ғарб қасдан арзишҳои байналмилалиро бо ҳадафҳои геополитикии худ тахриб мекунад", - изҳор намуд роҳбари Русия.

Ба таъкиди Владимир Путин, Ғарб қасдан ба обрӯи тиҷоратӣ ва эътимод ба асъор осеб расонд.
Ӯ гуфт, Русия бо ҳама гуна мушкилот мубориза хоҳад бурд ва дастболо ҳам мешавад.
"Таърихи ҳазорсолаи Русия инро борҳо собит намуда буд", - илова намуд раисҷумҳур.
Президент РФ В. Путин провел совещание по вопросам развития автомобильной промышленности - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.06.2022
Суханронии Путин дар форуми иқтисодии Санкт-Петербург - видео
Ёдовар мешавем, ки 25-умин Форуми байналмилалии иқтисодии Санкт-Петербург аз 15 то 18 июн дар шаҳри Санкт-Петербург баргузор мешавад.
Дар ин ҳамоиш намояндагони 120 давлат, аз ҷумла Русия ширкат хоҳанд кард.
Ҳамчунин аз ин ҳамоиш беш аз 2700 нафар аз намояндагони тиҷоратӣ дидан хоҳанд кард, ки беш аз 1000 нафари онҳоро роҳбарони ширкатҳо ташкил медиҳанд.
Ҳадафи асосии чорабинӣ дастгирии муколамаи созандаест, ки ба барқарории ҳамдигарфаҳмӣ ва фароҳам овардани замина барои қабули қарору амалҳои муштарак мусоидат менамояд.
Лентаи хабарҳо
0