Оғози ҷамъоварии ангури пешпазак дар Тоҷикистон

© PixabayГроздь винограда на солнце
Гроздь винограда на солнце - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.06.2022
Обуна шудан
Дар ҷануби Тоҷикистон аллакай, дар нимаи моҳи июн ҷамъоварии ҳосили ангури тезпазак оғоз шудааст. Дар оғози ҷамъоварии ҳосили ангур раисҷумҳур низ иштирок кард
ДУШАНБЕ, 16 июн — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон дар ноҳияи Дӯстии вилояти Хатлон ба ҷамъоварии ангури пешпазак оғоз бахшид.
Тибқи иттилои дафтари матбуотии раисҷумҳури Тоҷикистон, ҷамъоварии ангур зимни боздиди Эмомалӣ Раҳмон аз хоҷагии деҳқонии ба номи Муҳаммад Осимӣ оғоз гардид.
Таъкид шудааст, ки хоҷагии деҳқонии ба номи Муҳаммад Осимӣ соли 2009 таъсис ёфта, дорои зиëда аз 12 гектар замин аст.
"Аз майдони умумии заминҳои хоҷагӣ 9 гектарашро ангурбоғ ташкил медиҳад, ки 5 гектари он ҳосилдиҳанда мебошад. Хоҷагидорон 9 навъи ангурро парвариш мекунанд", - омадааст дар иттилоия.
Зикр гардидаст, ки соли гузашта аз 2 гектар токзори ҳосилдиҳанда 50 тонна ангур ба даст овардаанд ва имсол ин нишондод бештар хоҳад шуд.
Бокал вина, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.06.2022
Метавонем: коршинос дар бораи рушди шаробсозӣ дар Тоҷикистон
Тибқи дурнамо, дар соли равон хоҷагидорон аз масоҳати 5 гектар токзор беш аз 100 тонна ҳосил интизоранд.
"Ангурбоғ дар асоси барномаҳои давлатии рушди соҳаи боғу токпарварӣ бунëд карда шудааст. Саҳмдорон мақсад доранд, ҳаҷми истеҳсоли ангур ва содироти онро ба хориҷи мамлакат афзоиш бахшанд", - афзуд дафтари матбуотии президент.
Илова гардид, ки токпарварони тоҷик инчунин дар байни қатори токзори нав намудҳои гуногуни сабзавот, лубиë, полезӣ ва чормағзи заминӣ кишт кардаанд. Дафтари матбуотии раисҷумҳур мегӯяд, ин кишти такрорӣ мебошад ва қаблан дар қитъаи мазкур карам, лаблабӯ ва полезӣ кишт намуда, ҳосили хуб ба даст овардаанд.
Ин дар ҳолест, ки ҳамасола ангурпарварони тоҷик дар баробари таъмини бозори дохилии Тоҷикистон, инчунин маҳсулоташонро ба хориҷи кишвар, аз ҷумла Қазоқистон ва Русия содир мекунанд.
Лентаи хабарҳо
0