https://sputnik.tj/20220616/musodira-mavod-mukhaddir-khorugh-1049239702.html
Мақомот аз мусодираи ҳаҷми зиёди маводи мухаддир дар Хоруғ хабар доданд
Мақомот аз мусодираи ҳаҷми зиёди маводи мухаддир дар Хоруғ хабар доданд
Sputnik Тоҷикистон
Мақомот мегӯяд, маводи номбурда аз Афғонистон ба хоки Тоҷикистон ворид карда шуда, дар пинҳонгоҳи махсус бо мақсади фурӯш ва интиқол нигоҳ дошта мешуд
2022-06-16T16:31+0500
2022-06-16T16:31+0500
2022-06-16T20:46+0500
рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода
вмкб
қочоқи маводи мухаддир
мусодира
хоруғ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/09/1b/1042523513_0:1:2048:1153_1920x0_80_0_0_f79a72a4f51d99971a3144be7d6ea610.jpg
ДУШАНБЕ, 16 июн — Sputnik. Кормандони Раёсати КДАМ Тоҷикистон дар ҳудуди маҳаллаи Тирчид (ба истилоҳ УПД-и шаҳри Хоруғ) як далели қочоқи маводи мухаддир дар ҳаҷми махсусан калон, ошкор кардаанд. Гуфта мешавад, ки дар пайи чорабиниҳои устуҷӯӣ ва нишондоди айбдоршаванда, сокини 40-солаи Хоруғ, ки аз ӯ, саркардаи гурӯҳи муташаккили ҷиноятӣ ном бурда мешавад, дар маҳаллаи "Бизмич"-и шаҳри Хоруғ миқдори махсусан калони маводи нашъадори нави "афюн", мусодира гардидааст. Дар ин бора АМИТ "Ховар" бо такя ба Маркази матбуоти Ситоди байниидоравии таъмини амният ва тартиботи ҷамъиятӣ дар ВМКБ хабар медиҳад.Манбаъ мегӯяд маводи мухаддир гуё ба аъзои дигари гурӯҳи ҷиноятӣ, ки дар паи амалиёт нобуд шудааст, тааллуқ дошт.Ба иттилои манбаъ, маводи номбурда аз Афғонистон тариқи минтақаи наздисарҳадии маҳаллаи Наводак ба хоки Тоҷикистон ворид карда шуда, дар пинҳонгоҳи махсус бо мақсади фурӯш ва интиқол нигоҳ дошта мешуд. Мақомот мегӯяд, ин миқдори калони маводи мухаддир ҳамчун манбаи маблағгузории бетартибиҳои тарҳрезишуда дар шаҳри Хоруғ, ноҳияи Рӯшон ва барои хариди аслиҳаву лавозимоти ҷангӣ ҷиҳати мусаллаҳшавии оммавии иштирокчиёни нооромиҳо таъйин гардида буд.Кушта шудани 2 нафар дар шаҳри Хоруғ зимни амалиёт: шарҳи мақомотИн дар ҳолест, ки 18 май мақомоти Тоҷикистон аз баргузории амалиёти зиддитеррористӣ дар ноҳияи Рӯшон хабар дода буданд, ки бар асари он расман 8 сокини ноҳия кушта шуданд. Мақомот аз кушташудагон аъзои гуруҳи ҷиноӣ-террористӣ ном бурда афзуданд, ки миёни сокинони осоишта касе осеб надидааст.ВКД: Бархе аз иштирокдорони тазоҳуроти Рӯшон дар назди мақомот ҳозир шудандБа иттилои мақомот, амалиёт баъди он оғоз шуд, ки гурӯҳҳои мусаллаҳи террористӣ бо истифода аз силоҳу лавозимоти ҷангӣ ба қатори мошинҳои таъйиноти махсуси зиддитеррористии "Алфа"-и КДАМ ҳамла намуданд, ки дар натиҷа 1 афсар ба ҳалокат расида, 13 низомӣ ҷароҳат бардошт.
вмкб
хоруғ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/09/1b/1042523513_114:0:1934:1365_1920x0_80_0_0_2ba41e142b58dec7adc5c519917f1636.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
қочоқи маводи мухаддир, хоруғ, афюн, вмкб,
қочоқи маводи мухаддир, хоруғ, афюн, вмкб,
Мақомот аз мусодираи ҳаҷми зиёди маводи мухаддир дар Хоруғ хабар доданд
16:31 16.06.2022 (Навсозишуда: 20:46 16.06.2022) Мақомот мегӯяд, маводи номбурда аз Афғонистон ба хоки Тоҷикистон ворид карда шуда, дар пинҳонгоҳи махсус бо мақсади фурӯш ва интиқол нигоҳ дошта мешуд
ДУШАНБЕ, 16 июн — Sputnik. Кормандони Раёсати КДАМ Тоҷикистон дар ҳудуди маҳаллаи Тирчид (ба истилоҳ УПД-и шаҳри Хоруғ) як далели қочоқи маводи мухаддир дар ҳаҷми махсусан калон, ошкор кардаанд.
Гуфта мешавад, ки дар пайи чорабиниҳои устуҷӯӣ ва нишондоди айбдоршаванда, сокини 40-солаи Хоруғ, ки аз ӯ, саркардаи гурӯҳи муташаккили ҷиноятӣ ном бурда мешавад, дар маҳаллаи "Бизмич"-и шаҳри Хоруғ миқдори махсусан калони маводи нашъадори нави "афюн", мусодира гардидааст.
Дар ин бора АМИТ "Ховар" бо такя ба Маркази матбуоти Ситоди байниидоравии таъмини амният ва тартиботи ҷамъиятӣ дар ВМКБ хабар медиҳад.
Манбаъ мегӯяд маводи мухаддир гуё ба аъзои дигари гурӯҳи ҷиноятӣ, ки дар паи амалиёт нобуд шудааст, тааллуқ дошт.
"Ташхиси судӣ-кимиёвӣ нишон дод, ки он маводи мухаддири навъи "афюни афғонӣ" буда, аз 200 баста дар дохили 8 халтаи полиэтиленӣ ҷобаҷо шудааст. Вазни холисаш 200 килограммро ташкил медиҳад", — гуфта мешавад дар хабар.
Ба иттилои манбаъ, маводи номбурда аз Афғонистон тариқи минтақаи наздисарҳадии маҳаллаи Наводак ба хоки Тоҷикистон ворид карда шуда, дар пинҳонгоҳи махсус бо мақсади фурӯш ва интиқол нигоҳ дошта мешуд.
Мақомот мегӯяд, ин миқдори калони маводи мухаддир ҳамчун манбаи маблағгузории бетартибиҳои тарҳрезишуда дар шаҳри Хоруғ, ноҳияи Рӯшон ва барои хариди аслиҳаву лавозимоти ҷангӣ ҷиҳати мусаллаҳшавии оммавии иштирокчиёни нооромиҳо таъйин гардида буд.
Ин дар ҳолест, ки 18 май мақомоти Тоҷикистон аз баргузории амалиёти зиддитеррористӣ дар ноҳияи Рӯшон хабар дода буданд, ки бар асари он расман 8 сокини ноҳия кушта шуданд.
Мақомот аз кушташудагон аъзои гуруҳи ҷиноӣ-террористӣ ном бурда афзуданд, ки миёни сокинони осоишта касе осеб надидааст.
Ба иттилои мақомот, амалиёт баъди он оғоз шуд, ки гурӯҳҳои мусаллаҳи террористӣ бо истифода аз силоҳу лавозимоти ҷангӣ ба қатори мошинҳои таъйиноти махсуси зиддитеррористии "Алфа"-и КДАМ ҳамла намуданд, ки дар натиҷа 1 афсар ба ҳалокат расида, 13 низомӣ ҷароҳат бардошт.