https://sputnik.tj/20220616/kohish-afzoi-tojikiston-iiao-narkh-1049228427.html
Коҳиш ё афзоиш: бо вуруди Тоҷикистон ба ИИАО ба нархҳо чӣ мешавад?
Коҳиш ё афзоиш: бо вуруди Тоҷикистон ба ИИАО ба нархҳо чӣ мешавад?
Sputnik Тоҷикистон
Ахиран дар Тоҷикистон афзоиши қимати коло ба қайд гирифта шудааст. Коршинос гуфт, ки шомилшавии кишвар ба ИИАО ба арзиши аслии маҳсулот чӣ гуна таъсир мерасонад
2022-06-16T09:44+0500
2022-06-16T09:44+0500
2022-06-16T13:38+0500
ииао
дар тоҷикистон
иқтисод
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/02/1c/1046332709_0:0:3079:1731_1920x0_80_0_0_a3984f5ea84de6f135b2f782364d08ee.jpg
ДУШАНБЕ, 16 июн — Sputnik. Узвияти Тоҷикистон ба Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё ба эҳтимоли зиёд ба нархҳо дар ҷумҳурӣ таъсири ҷиддӣ намерасонад. Дар ин бора профессори Мактаби олии иқтисод, директори Пажӯҳишгоҳи сиёсати савдо, доктори илмҳои иқтисод Александр Данилтсев изҳор дошт. Ӯ қайд кард, ки мубодилаи мол барои ҷумҳурӣ вобаста ба низоми савдо, маҳсулот ва таъминкунандагон осон мешавад. Бо шомил шудан ба Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё Тоҷикистон ӯҳдадориҳои изофӣ хоҳад дошт. Инак, мамлакатҳои ба созмон дохилшуда сиёсати ягонаи гумрукӣ доранд. Арзиши мол дар мамлакат чун қабл аз паст то баланд фарқ мекунад.Ба андешаи коршинос, шомил шудан ба Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё барои ҷумҳурӣ имкониятҳои нав фароҳам меорад. Ба бовари ӯ, ба ин тартиб, кишвар метавонист ба ташаккули механизмҳои танзим шурӯъ кунад ва ҳамкориҳоро дар бахшҳои мухталиф густариш диҳад. Аммо агар Тоҷикистон ба созмони ҳамгироӣ шомил шавад, он гоҳ на танҳо манфиатҳои худ, балки хоҳиши шариконро низ ба инобат гирифтан лозим меояд, шарҳ дод Данилтсев.Ҷумҳурӣ бояд дар мавриди боҷҳои гумрукӣ, механизмҳои танзими талаботи маҳсулоти техникӣ ва бисёр чизҳои дигар созиш кунад, гуфт ӯ.
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/02/1c/1046332709_89:0:2820:2048_1920x0_80_0_0_d359477e4a3bd0ffec5f76a7a5744be0.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
коҳиш афзоиш тоҷикистон ииао нарх
коҳиш афзоиш тоҷикистон ииао нарх
Коҳиш ё афзоиш: бо вуруди Тоҷикистон ба ИИАО ба нархҳо чӣ мешавад?
09:44 16.06.2022 (Навсозишуда: 13:38 16.06.2022) Ахиран дар Тоҷикистон афзоиши қимати коло ба қайд гирифта шудааст. Коршинос гуфт, ки вуруди кишвар ба ИИАО ба арзиши аслии маҳсулот чӣ гуна таъсир мерасонад
ДУШАНБЕ, 16 июн — Sputnik. Узвияти Тоҷикистон ба Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё ба эҳтимоли зиёд ба нархҳо дар ҷумҳурӣ таъсири ҷиддӣ намерасонад. Дар ин бора профессори Мактаби олии иқтисод, директори Пажӯҳишгоҳи сиёсати савдо, доктори илмҳои иқтисод Александр Данилтсев изҳор дошт.
Ӯ қайд кард, ки мубодилаи мол барои ҷумҳурӣ вобаста ба низоми савдо, маҳсулот ва таъминкунандагон осон мешавад.
Бо шомил шудан ба Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё Тоҷикистон ӯҳдадориҳои изофӣ хоҳад дошт.
Инак, мамлакатҳои ба созмон дохилшуда сиёсати ягонаи гумрукӣ доранд. Арзиши мол дар мамлакат чун қабл аз паст то баланд фарқ мекунад.
"Фикр намекунам, ки ба нархҳо таъсири куллӣ хоҳад дошт, аммо имкони истифодаи маҳсулоти кишварҳои шарик афзоиш ёфта, иқтидори бозор васеъ мешавад ва мувозинати нави нархҳо ба вуҷуд меояд, ки гумон аст, ба таври назаррас баландтар ё пасттар бошад", — гуфт Данилтсев дар сӯҳбат бо Sputnik Тоҷикистон.
Ба андешаи коршинос, шомил шудан ба Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё барои ҷумҳурӣ имкониятҳои нав фароҳам меорад.
Ба бовари ӯ, ба ин тартиб, кишвар метавонист ба ташаккули механизмҳои танзим шурӯъ кунад ва ҳамкориҳоро дар бахшҳои мухталиф густариш диҳад.
Аммо агар Тоҷикистон ба созмони ҳамгироӣ шомил шавад, он гоҳ на танҳо манфиатҳои худ, балки хоҳиши шариконро низ ба инобат гирифтан лозим меояд, шарҳ дод Данилтсев.
Ҷумҳурӣ бояд дар мавриди боҷҳои гумрукӣ, механизмҳои танзими талаботи маҳсулоти техникӣ ва бисёр чизҳои дигар созиш кунад, гуфт ӯ.