https://sputnik.tj/20220616/dushanbe-guruh-khatarnok-jinoi-bozdosht-1049232978.html
Ҷиноятҳои даҳшатовар: дар Душанбе як гурӯҳи хатарноки ҷиноӣ боздошт шуд - видео
Ҷиноятҳои даҳшатовар: дар Душанбе як гурӯҳи хатарноки ҷиноӣ боздошт шуд - видео
Sputnik Тоҷикистон
Онҳо нақшаи маккорона таҳия карда, нахуст қурбониёнро бо баҳонаи расонидани хидмати шаҳвонӣ ба доми худ кашида, сипас онҳоро лату кӯб кардаву пул меситониданд
2022-06-16T13:15+0500
2022-06-16T13:15+0500
2022-06-16T20:47+0500
душанбе
раёсати вкд ҷт дар шаҳри душанбе
рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода
боздошти гумонбарон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/08/1a/1031793835_0:198:2935:1849_1920x0_80_0_0_ff41effc9527047862d3bdd701f042a5.jpg
ДУШАНБЕ, 16 июн — Sputnik. Дар Душанбе намояндагони як гурӯҳи ҷиноӣ, ки ба ғоратгарӣ ва тамаъҷӯӣ гумонбар дониста мешаванд, боздошт шуданд. Дар ин бора аз дафтари матбуоти Раёсати Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дар пойтахт хабар дод.Кормандони интизомӣ ду зан ва як мардро боздошт карданд. Ба гуруҳ шаҳрванде, ки пеш барои ғоратгарӣ ва дигар ҷиноятҳо суд шудааст, роҳбарӣ мекард. Бино ба иттилои Вазорати корҳои дохилии кишвар, занон дар яке аз хонаҳои шаҳри Душанбе манзил иҷора гирифта, дар шабакаҳои иҷтимоӣ хидматҳои шаҳвонӣ пешниҳод кардаанд. Боздоштшудаҳо нақшаи маккорона таҳия карда, дар хонаи истиқоматӣ бо ҷавононе вомехӯрданд, ки мувофиқи нақша меоянд. Баъд аз ин, сардори гурӯҳи ҷиноӣ бо завлона, дастгоҳи барқӣ ва туфангчае, ки пешакӣ омода карда шуда буд, вориди ҳуҷра шуда, худро корманди пулис муаррифӣ намуда барои ба даст овардани маблағҳои калон ҷабрдидаҳоро метарсонидааст.Боздоштшуда ба дастони қурбониён завлона зада, лату кӯб ва шиканҷа медод ва пасон таҳқирҳои кардаашро дар телефон сабт кардаву пул талаб мекард. Ӯ аз яке аз қурбониён мошини хориҷияшро гирифтааст. ВУД мегӯяд, алайҳи боздоштшудаҳо бо иттиҳомоти ғоратгарӣ, зиндони ғайриқонунӣ ва тамаъҷӯӣ парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.
душанбе
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/08/1a/1031793835_102:0:2833:2048_1920x0_80_0_0_bca699f26c96fe22e3eb01ede60f3c37.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
ҷиноят душанбе гурӯҳ хатарнок ҷиноӣ боздошт видео
ҷиноят душанбе гурӯҳ хатарнок ҷиноӣ боздошт видео
Ҷиноятҳои даҳшатовар: дар Душанбе як гурӯҳи хатарноки ҷиноӣ боздошт шуд - видео
13:15 16.06.2022 (Навсозишуда: 20:47 16.06.2022) Онҳо нақшаи маккорона таҳия карда, нахуст қурбониёнро бо баҳонаи расонидани хидмати шаҳвонӣ ба доми худ кашида, сипас онҳоро латукӯб кардаву пул меситонидаанд
ДУШАНБЕ, 16 июн — Sputnik. Дар Душанбе намояндагони як гурӯҳи ҷиноӣ, ки ба ғоратгарӣ ва тамаъҷӯӣ гумонбар дониста мешаванд, боздошт шуданд. Дар ин бора аз дафтари матбуоти Раёсати Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дар пойтахт хабар дод.
Кормандони интизомӣ ду зан ва як мардро боздошт карданд. Ба гуруҳ шаҳрванде, ки пеш барои ғоратгарӣ ва дигар ҷиноятҳо суд шудааст, роҳбарӣ мекард.
Бино ба иттилои Вазорати корҳои дохилии кишвар, занон дар яке аз хонаҳои шаҳри Душанбе манзил иҷора гирифта, дар шабакаҳои иҷтимоӣ хидматҳои шаҳвонӣ пешниҳод кардаанд.
Боздоштшудаҳо нақшаи маккорона таҳия карда, дар хонаи истиқоматӣ бо ҷавононе вомехӯрданд, ки мувофиқи нақша меоянд.
Баъд аз ин, сардори гурӯҳи ҷиноӣ бо завлона, дастгоҳи барқӣ ва туфангчае, ки пешакӣ омода карда шуда буд, вориди ҳуҷра шуда, худро корманди пулис муаррифӣ намуда барои ба даст овардани маблағҳои калон ҷабрдидаҳоро метарсонидааст.
Боздоштшуда ба дастони қурбониён завлона зада, лату кӯб ва шиканҷа медод ва пасон таҳқирҳои кардаашро дар телефон сабт кардаву пул талаб мекард.
Ӯ аз яке аз қурбониён мошини хориҷияшро гирифтааст.
ВУД мегӯяд, алайҳи боздоштшудаҳо бо иттиҳомоти ғоратгарӣ, зиндони ғайриқонунӣ ва тамаъҷӯӣ парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.