https://sputnik.tj/20220616/dukhtar-mirziyoev-shappoti-1049248096.html
Қобили қабул нест: вокуниши духтари Мирзиёев ба қазияи латукӯби арӯс дар тӯй
Қобили қабул нест: вокуниши духтари Мирзиёев ба қазияи латукӯби арӯс дар тӯй
Sputnik Тоҷикистон
Додситонии кулли Ӯзбекистон маълум кард, ки ин навор рӯзи 6 июн дар ноҳияи Узуни вилояти Сурхондарё сабт шудааст. Қаҳрамони навор боздошт шуд
2022-06-16T19:31+0500
2022-06-16T19:31+0500
2022-06-16T20:30+0500
дар ҷаҳон
арӯсӣ
тӯй
ӯзбекистон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102865/56/1028655690_0:0:996:560_1920x0_80_0_0_e0ce1ec9003a99ef4d1e6925e061699c.jpg
ДУШАНБЕ, 16 июн — Sputnik. Духтари раисҷумҳури Ӯзбекистон, муовини раиси раёсати Бунёди рушди фарҳанг ва санъат Саида Мирзиёева дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба навори латукӯби арӯс аз ҷониби домод вокуниш кард."Ҳамаи мо мехоҳем дар кишвари мутамаддин, сарватманд ва хушбахтона зиндагӣ кунем. Ва ин маънои онро дорад, ки ҳар яки мо бояд барои он истодагарӣ кунем, ки зӯроварӣ нисбати зан қобили қабул нест", - навиштааст Саида Мирзиёева. Саида мегӯяд, набояд дар баробари чунин ҳолатҳо ором нишасту канор гирифт. "Муҳимтар аз ҳама, ин аст, ки ин бачаи тангназарро маҳкум намуда, ба духтар раҳм карда, дар тарбияи фарзандонатон хато накунед: хонданро манъ накунед, кӯшиш накунед, ки ҳарчи зудтар оиладор шаванд, бигзоред, то бо ақли худ зиндагӣ кунанд. Барои ҳамин таҳсил лозим аст, ки занонро мустақил ва қавӣ мегардонад. Таҳсил ба шумо имкони интихоби зиндагӣ медиҳад", - навиштааст ӯ дар саҳифааш дар шабакаҳои иҷтимоӣ.Қаблан дар шабакаҳои иҷтимоӣ наворе паҳн шуда буд, ки дар он домод дар тӯй арӯсашро бо хашм барои мағлуб шудан дар як озмун, латукӯб мекунад. Гуфта мешавад, ин ҳодиса дар Ӯзбекистон рух додааст. Додситонии кулли Ӯзбекистон маълум кард, ки ин навор дар як тӯй, ки 6 июни соли ҷорӣ дар ноҳияи Узуни вилояти Сурхондарё баргузор шуд, сабт шудааст. Зану шавҳар баъди туй ҷудо нашуданд. Пас аз он ки видеои шаппотизании домод дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн шуд, мақомоти қудратии Ӯзбекистон ба ин ҳодиса таваҷҷуҳ карданд. Нисбати ин мард парванда боз шудааст, ки ҷарима ё 15 шабонарӯз маҳрумӣ аз озодиро дар пай дорад. Феълан парванда барои қабули қарор ба додгоҳ ирсол шудааст. Бо ҷуфти ҷавон ва волидони онҳо корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида шудааст.
ӯзбекистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102865/56/1028655690_10:0:974:723_1920x0_80_0_0_8e8fcef5adae0ca7c1995b120d78e6e8.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
домод, арӯс, шаппотӣ, мирзиёев
домод, арӯс, шаппотӣ, мирзиёев
Қобили қабул нест: вокуниши духтари Мирзиёев ба қазияи латукӯби арӯс дар тӯй
19:31 16.06.2022 (Навсозишуда: 20:30 16.06.2022) Додситонии кулли Ӯзбекистон маълум кард, ки ин видео рӯзи 6 июн дар ноҳияи Узуни вилояти Сурхондарё сабт шудааст. "Қаҳрамон"-и видео боздошт шудаанд
ДУШАНБЕ, 16 июн — Sputnik. Духтари раисҷумҳури Ӯзбекистон, муовини раиси раёсати Бунёди рушди фарҳанг ва санъат Саида Мирзиёева дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба навори латукӯби арӯс аз ҷониби домод вокуниш кард.
"Ҳамаи мо мехоҳем дар кишвари мутамаддин, сарватманд ва хушбахтона зиндагӣ кунем. Ва ин маънои онро дорад, ки ҳар яки мо бояд барои он истодагарӣ кунем, ки зӯроварӣ нисбати зан қобили қабул нест", - навиштааст Саида Мирзиёева.
Саида мегӯяд, набояд дар баробари чунин ҳолатҳо ором нишасту канор гирифт.
"Муҳимтар аз ҳама, ин аст, ки ин бачаи тангназарро маҳкум намуда, ба духтар раҳм карда, дар тарбияи фарзандонатон хато накунед: хонданро манъ накунед, кӯшиш накунед, ки ҳарчи зудтар оиладор шаванд, бигзоред, то бо ақли худ зиндагӣ кунанд. Барои ҳамин таҳсил лозим аст, ки занонро мустақил ва қавӣ мегардонад. Таҳсил ба шумо имкони интихоби зиндагӣ медиҳад", - навиштааст ӯ дар саҳифааш дар шабакаҳои иҷтимоӣ.
Қаблан дар шабакаҳои иҷтимоӣ наворе паҳн шуда буд, ки дар он домод дар тӯй арӯсашро бо хашм барои мағлуб шудан дар як озмун, латукӯб мекунад.
Гуфта мешавад, ин ҳодиса дар Ӯзбекистон рух додааст. Додситонии кулли Ӯзбекистон маълум кард, ки ин навор дар як тӯй, ки 6 июни соли ҷорӣ дар ноҳияи Узуни вилояти Сурхондарё баргузор шуд, сабт шудааст.
Зану шавҳар баъди туй ҷудо нашуданд. Пас аз он ки видеои шаппотизании домод дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн шуд, мақомоти қудратии Ӯзбекистон ба ин ҳодиса таваҷҷуҳ карданд.
Нисбати ин мард парванда боз шудааст, ки ҷарима ё 15 шабонарӯз маҳрумӣ аз озодиро дар пай дорад.
Феълан парванда барои қабули қарор ба додгоҳ ирсол шудааст. Бо ҷуфти ҷавон ва волидони онҳо корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида шудааст.