https://sputnik.tj/20220616/donishjuyon-arabiston-tajribaomuzi-1049236071.html
Донишҷӯёни тоҷик дар тарабхонаҳои Арабистони Саудӣ таҷрибаомӯзӣ мекунанд
Донишҷӯёни тоҷик дар тарабхонаҳои Арабистони Саудӣ таҷрибаомӯзӣ мекунанд
Sputnik Тоҷикистон
Саудӣ ва Тоҷикистон барномаи омодасозии муштараки кадрҳо, бозомӯзии омӯзгорон ва таҷрибаомӯзии донишҷӯён дар тарабхонаҳои бонуфузи ин кишварро роҳандозӣ мекунад
2022-06-16T14:50+0500
2022-06-16T14:50+0500
2022-06-16T20:59+0500
дар тоҷикистон
арабистони саудӣ
маориф
сайёҳӣ
таҷрибаомӯзӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102235/32/1022353214_0:257:2731:1793_1920x0_80_0_0_933dcd58c50bf8b5b6ac10cf781ae140.jpg
ДУШАНБЕ, 16 июн — Sputnik. Донишҷӯёни тоҷик дар тарабхонаҳои бонуфузи Арабистни Саудӣ таҷрибаомӯзӣ мекунанд.Дар ин бора намояндаи Академияи сайёҳии Шоҳигарии Арабистони Саудӣ Халид ал-Сувалайҳ зимни мулоқот бо ректори Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон (ДБССТ) Убайдулло Асрорзода ба мувофиқа расидаанд.Бино ба гузориши хадамоти матбуотии донишгоҳи мазкур, Академияи сайёҳии Шоҳигарии Арабистони Саудӣ тибқи шартномаи ҳамкорӣ ҳамасола имкон дорад, ки чор бурсия барои донишҷӯёни ДБССТ ҷудо намуда, ҳудуди 30 нафар муҳассилинро ба таҷрибаомӯзӣ фаро гирад. Ҳамин тавр бо ин мақсад, сафири Тоҷикистон дар Шоҳигарии Арабистони Саудӣ Акрам Каримӣ ва намояндаи Академияи сайёҳии Шоҳигарии Арабистони Саудӣ Халид ал-Сувалайҳ аз Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон боздид намудаанд.Зимни мулоқот Асрорзода бо меҳмонон, омодасозии муштараки кадрҳо, ташкили такмили ихтисос ва бозомӯзии омӯзгорон, табодули академии донишҷӯён, таҷрибаомӯзии донишҷӯён дар тарабхонаҳои бонуфузи Арабистони Саудӣ бо таъмини идрорпулии муайян ва таъмини шароити мусоиди будубошро баррасӣ намудаанд.Инчунин масъалаи дар ҳамкорӣ бо Академияи аккредитатсионии Швейтсария гузаронидани аккредитатсияи байналмилалии барномаҳои таҳсилотии Донишгоҳ муҳокима шудааст.Коршинос рушди сайёҳӣ дар ИДМ-ро пешгӯӣ кардМанбаъ афзуда, ки меҳмонони араб, бо шароити омодасозии кадрҳои соҳаҳои сайёҳӣ ва меҳмондорӣ ошноӣ шуда, ба пойгоҳӣ моддӣ-техникии Донишгоҳи мазкур баҳои баланд додаанд.
https://sputnik.tj/20220414/safar-faoloni-shabakahoi-internetii-arabistoni-saudi-tojikiston-1047631595.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102235/32/1022353214_0:0:2731:2048_1920x0_80_0_0_29fe628d69400468b661418fdbf3341d.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
арабистони саудӣ, таҳсил, донишҷӯёни тоҷик, таҷрибаомӯзӣ
арабистони саудӣ, таҳсил, донишҷӯёни тоҷик, таҷрибаомӯзӣ
Донишҷӯёни тоҷик дар тарабхонаҳои Арабистони Саудӣ таҷрибаомӯзӣ мекунанд
14:50 16.06.2022 (Навсозишуда: 20:59 16.06.2022) Тоҷикистону Саудӣ барномаи омодасозии муштараки кадрҳо, бозомӯзии омӯзгорон ва таҷрибаомӯзии донишҷӯён дар тарабхонаҳои бонуфузи ин кишварро роҳандозӣ мекунанд
ДУШАНБЕ, 16 июн — Sputnik. Донишҷӯёни тоҷик дар тарабхонаҳои бонуфузи Арабистни Саудӣ таҷрибаомӯзӣ мекунанд.
Дар ин бора намояндаи Академияи сайёҳии Шоҳигарии Арабистони Саудӣ Халид ал-Сувалайҳ зимни мулоқот бо ректори Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон (ДБССТ) Убайдулло Асрорзода ба мувофиқа расидаанд.
Бино ба гузориши хадамоти матбуотии донишгоҳи мазкур, Академияи сайёҳии Шоҳигарии Арабистони Саудӣ тибқи шартномаи ҳамкорӣ ҳамасола имкон дорад, ки чор бурсия барои донишҷӯёни ДБССТ ҷудо намуда, ҳудуди 30 нафар муҳассилинро ба таҷрибаомӯзӣ фаро гирад.
Ҳамин тавр бо ин мақсад, сафири Тоҷикистон дар Шоҳигарии Арабистони Саудӣ Акрам Каримӣ ва намояндаи Академияи сайёҳии Шоҳигарии Арабистони Саудӣ Халид ал-Сувалайҳ аз Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон боздид намудаанд.
Зимни мулоқот Асрорзода бо меҳмонон, омодасозии муштараки кадрҳо, ташкили такмили ихтисос ва бозомӯзии омӯзгорон, табодули академии донишҷӯён, таҷрибаомӯзии донишҷӯён дар тарабхонаҳои бонуфузи Арабистони Саудӣ бо таъмини идрорпулии муайян ва таъмини шароити мусоиди будубошро баррасӣ намудаанд.
"Ҳамзамон мусоҳибон ҷиҳати бастани шартномаҳои ҳамкорӣ доир ба масоили болозикр ба мувофиқа расиданд", - омадааст дар хабарнома.
Инчунин масъалаи дар ҳамкорӣ бо Академияи аккредитатсионии Швейтсария гузаронидани аккредитатсияи байналмилалии барномаҳои таҳсилотии Донишгоҳ муҳокима шудааст.
Манбаъ афзуда, ки меҳмонони араб, бо шароити омодасозии кадрҳои соҳаҳои сайёҳӣ ва меҳмондорӣ ошноӣ шуда, ба пойгоҳӣ моддӣ-техникии Донишгоҳи мазкур баҳои баланд додаанд.