https://sputnik.tj/20220616/charkhbol-tolib-sarnishin-muqovimat-1049250625.html
Манбаъ: Чархболи толибҳо бо сарнишинҳо ба дасти Ҷабҳаи муқовимат афтод
Манбаъ: Чархболи толибҳо бо сарнишинҳо ба дасти Ҷабҳаи муқовимат афтод
Sputnik Тоҷикистон
Бархе манобеъ аз суқути чархболи низомии толибҳо бар асари зарбаи нерӯҳои Ҷабҳаи муқовимати миллӣ дар Афғонистон хабар доданд. Толибҳо ҳанӯз вокунише накардаанд
2022-06-16T20:00+0500
2022-06-16T20:00+0500
2022-06-16T20:29+0500
дар ҷаҳон
афғонистон
толиб
муқовимат
ҷабҳаи муқовимати миллии афғонистон
чархбол
суқут
панҷшер
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/09/07/1042107146_0:160:3073:1888_1920x0_80_0_0_ba72c90818603ca85032a2cfec325e4b.jpg
ДУШАНБЕ, 16 июн — Sputnik. Чархболи "Ми-17" бо ҷангиёни толибҳо дар кӯҳҳои Орзуи водии Панҷшер нишасти изтирорӣ анҷом додааст, хабар дод манбаи Sputnik Тоҷикистон аз макони ҳодиса. Ба иттилои манбаъ, ин чархбол аз тири нерӯҳои Ҷабҳаи миллии муқовимат дар Панҷшер осеб дида, ба таври изтирорӣ фуруд омадааст. Таъкид шуд, ки 5 ҷангии толиб ва 2 халабон ба асорати нерӯҳои Ҷабҳаи муқовимати миллӣ афтидаанд. "Баъд аз зуҳри 16 июн дар як ҳамлаи тактирандозони Ҷабҳаи муқовимати миллӣ дар дараи Орзу, аз тавобеи вулусволии Шутул як боли ҳеликуптари "Ми-17" ҳадаф қарор гирифт, ки баъди чархишҳои пайи ҳам нишасти изтирорӣ кард", - афзуд мусоҳиб. Вай илова намуд, ки бо 7 асир, аз ҷумла 2 халабон муносибат бар асоси қавонини муқовимат сурат гирифта, ҷони эшон дар хатар нест. Феълан толибҳо ин иттилоъро расман таъйид ё рад накардаанд. Қаблан Сибғатуллоҳ Аҳмадӣ, сухангӯи Ҷабҳаи муқовимати миллӣ низ аз суқути чархбол дар Панҷшер ва асорати ҷангиёни толибҳо ба дасти нерӯҳои Ҷабҳа хабар дода, афзуд, ки тафсилот баъдан ироа хоҳад шуд. Ин дар ҳолест, ки вақтҳои охир дар расонаҳо хабарҳо аз даргирӣ миёни толибҳо ва нерӯҳои Ҷабҳаи муқовимати миллӣ афзоиш ёфтаанд. Ахиран манобеи маҳаллӣ дар вилояти Панҷшер аз даргирии чандсоатӣ дар дараи Орзуи ноҳияи Шутули Панҷшер миёни нерӯҳои Ҷабҳаи муқовимати миллӣ ва толибҳо хабар доданд. Гуфта мешавад, даргирӣ замоне рух додааст, ки толибҳо қасд доштанд ба мавқеъҳои нерӯҳои муқовиматгар аз кӯҳҳои Соланг ва Шутул ҳамла кунанд. Дар мавриди талафоти ҷонибҳо хабар дода нашудаааст. Толибҳо бо суқут додани ҳукумати қаблии Афғонистон аз 15 августи соли 2021 ба қудрат расиданд, аммо то кунун на машруияти хориҷӣ ва дохилиро надоранд.
https://sputnik.tj/20220615/peskov-etirofi-tolibon-1049211688.html
афғонистон
панҷшер
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/09/07/1042107146_170:0:2901:2048_1920x0_80_0_0_922c7eb9feb6abc6402ef463525988e1.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
ҷабҳа, муқовимат, миллӣ, афғонистон, панҷшер
ҷабҳа, муқовимат, миллӣ, афғонистон, панҷшер
Манбаъ: Чархболи толибҳо бо сарнишинҳо ба дасти Ҷабҳаи муқовимат афтод
20:00 16.06.2022 (Навсозишуда: 20:29 16.06.2022) Бархе манобеъ аз суқути як чархболи толибҳо бар асари зарбаи нерӯҳои Ҷабҳаи муқовимати миллӣ дар Афғонистон хабар доданд. Толибҳо ҳанӯз вокунише накардаанд
ДУШАНБЕ, 16 июн — Sputnik. Чархболи "Ми-17" бо ҷангиёни толибҳо дар кӯҳҳои Орзуи водии Панҷшер нишасти изтирорӣ анҷом додааст, хабар дод манбаи Sputnik Тоҷикистон аз макони ҳодиса.
Ба иттилои манбаъ, ин чархбол аз тири нерӯҳои Ҷабҳаи миллии муқовимат дар Панҷшер осеб дида, ба таври изтирорӣ фуруд омадааст.
Таъкид шуд, ки 5 ҷангии толиб ва 2 халабон ба асорати нерӯҳои Ҷабҳаи муқовимати миллӣ афтидаанд.
"Баъд аз зуҳри 16 июн дар як ҳамлаи тактирандозони Ҷабҳаи муқовимати миллӣ дар дараи Орзу, аз тавобеи вулусволии Шутул як боли ҳеликуптари "Ми-17" ҳадаф қарор гирифт, ки баъди чархишҳои пайи ҳам нишасти изтирорӣ кард", - афзуд мусоҳиб.
Вай илова намуд, ки бо 7 асир, аз ҷумла 2 халабон муносибат бар асоси қавонини муқовимат сурат гирифта, ҷони эшон дар хатар нест.
Феълан толибҳо ин иттилоъро расман таъйид ё рад накардаанд.
Қаблан Сибғатуллоҳ Аҳмадӣ, сухангӯи Ҷабҳаи муқовимати миллӣ низ аз суқути чархбол дар Панҷшер ва асорати ҷангиёни толибҳо ба дасти нерӯҳои Ҷабҳа хабар дода, афзуд, ки тафсилот баъдан ироа хоҳад шуд.
Ин дар ҳолест, ки вақтҳои охир дар расонаҳо хабарҳо аз даргирӣ миёни толибҳо ва нерӯҳои Ҷабҳаи муқовимати миллӣ афзоиш ёфтаанд.
Ахиран манобеи маҳаллӣ дар вилояти Панҷшер аз даргирии чандсоатӣ дар дараи Орзуи ноҳияи Шутули Панҷшер миёни нерӯҳои Ҷабҳаи муқовимати миллӣ ва толибҳо хабар доданд.
Гуфта мешавад, даргирӣ замоне рух додааст, ки толибҳо қасд доштанд ба мавқеъҳои нерӯҳои муқовиматгар аз кӯҳҳои Соланг ва Шутул ҳамла кунанд. Дар мавриди талафоти ҷонибҳо хабар дода нашудаааст.
Толибҳо бо суқут додани ҳукумати қаблии Афғонистон аз 15 августи соли 2021 ба қудрат расиданд, аммо то кунун на машруияти хориҷӣ ва дохилиро надоранд.