https://sputnik.tj/20220615/siyosatshinos-jangiyon-osiyoi-markazi-ukraina-1049216245.html
Ҳушдори сиёсатшинос аз эҳтимоли ҷалби ҷангиён аз Осиёи Марказӣ ба Украина
Ҳушдори сиёсатшинос аз эҳтимоли ҷалби ҷангиён аз Осиёи Марказӣ ба Украина
Sputnik Тоҷикистон
Сиёсатшиноси рус ҷалби ҷангиёни собиқ Иттиҳоди мухолифини тоҷик ва Ҳаракати исломии Ӯзбекистон*-ро ба ҷанг дар Украина аз эҳтимол дур намедонад
2022-06-15T19:05+0500
2022-06-15T19:05+0500
2023-10-02T17:11+0500
дар русия
амният ва мудофиа
назар
ҷангиён
ҷалб
украина
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/01/06/1044628787_0:320:3072:2048_1920x0_80_0_0_b84e21e1eb40da910d7cf775deef1225.jpg
ДУШАНБЕ, 15 июн — Sputnik. Эҳтимоли ҷалби ҷангиён аз кишварҳои Осиёи Марказӣ ба амалиёт алайҳи нерӯҳои Русия дар Украина воқеист. Ин нуктаро сиёсатшинос, профессори Донишгоҳи таҳқиқотии миллии Мактаби олии иқтисодӣ - ВШЭ" Дмитрий Евстафев баён дошт.Ӯ дар пасманзари хабари расонаҳои ғарбӣ ва эронӣ дар мавриди боздошти фиристодаи маршал Дӯстум дар Эрон бо иттиҳоми ҷалби гурезаҳои афғон ба ҷанг алайҳи Русия дар Украина изҳор дошт, имкони ҷалби нерӯҳои тахрибкор баланд мебошад. Аз ҷумла ӯ имкони ҷалби ҷангиён аз Осиёи Марказӣ алайҳи Русия дар Украинаро арзёбӣ кард. Ӯ илова намуд, ки аз ин нигоҳ, роҳбарони ташаккулҳои мазкур талош хоҳанд кард, ки мақоми худро дар ҷаҳони нав пайдо кунанду даромадҳояшонро ҳифз намоянд. "Албатта, фиристодани миқдори муайяни ҷонибдоронашон ба Украина ба ивази "пардохти ночиз" бо билет ба як тараф барояшон гузинаи хубест", - гуфт ин коршинос. Вай таъкид намуд, ки дар пасманзари буҳрони нерӯи зинда дар воҳидҳои мусаллаҳи низоми Киев истисно нест, ки дар он ҷо базудӣ одамони "экзотикӣ" пайдо шаванд. "Дарҳол лаҳистониҳоро равон нахоҳанд кард-ку", илова кард Евстафев. Маврид ба зикр аст, ки Русия рӯзи 24 феврал амалиёти низомиро дар Украина оғоз кард. Президенти Русия Владимир Путин ҳадафи онро "ҳимояи одамоне номид, ки 8 сол боз таҳти таъқибу генотсид аз ҷониби режими Киев қарор гирифтаанд".Ба гуфтаи ӯ, дар назар аст, ки "нозизудоӣ ва ғайринизомикунонии Украина" анҷом шуда, тамоми масъулини "ҷиноятҳои хунини зидди мардуми осоишта" дар Донбасс ба ҷавобгарӣ кашида шаванд. Аммо дар бораи ишғоли Украина сухане нест, таъкид кард раисҷумҳури Русия.Ба иттилои Вазорати дифоъ, то охири моҳи март артиши Русия вазифаҳои асосии марҳалаи аввалро анҷом дод - он зарфияти ҷангии Украинаро ба таври қобили мулоҳиза коҳиш дод. Ҳадафи асосӣ дар ин ниҳод озодкунии Донбасс номида шуд.*-созмони террористии мамнуъ дар Тоҷикистон ва Русия
https://sputnik.tj/20220614/jazo-jang-alayhi-rusiya-1049193451.html
украина
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/01/06/1044628787_37:0:2768:2048_1920x0_80_0_0_37bcf4e1b58048ad46c08fa17eda4a91.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
эҳтимол, ҷалб, ҷангиён, осиёи марказӣ, украина
эҳтимол, ҷалб, ҷангиён, осиёи марказӣ, украина
Ҳушдори сиёсатшинос аз эҳтимоли ҷалби ҷангиён аз Осиёи Марказӣ ба Украина
19:05 15.06.2022 (Навсозишуда: 17:11 02.10.2023) Сиёсатшиноси рус ҷалби ҷангиёни Иттиҳоди мухолифини собиқ тоҷик ва Ҳаракати исломии Ӯзбекистон*-ро ба ҷанг дар Украина аз эҳтимол дур намедонад
ДУШАНБЕ, 15 июн — Sputnik. Эҳтимоли ҷалби ҷангиён аз кишварҳои Осиёи Марказӣ ба амалиёт алайҳи нерӯҳои Русия дар Украина воқеист.
Ин нуктаро сиёсатшинос, профессори Донишгоҳи таҳқиқотии миллии Мактаби олии иқтисодӣ - ВШЭ" Дмитрий Евстафев баён дошт.
Ӯ дар пасманзари хабари расонаҳои ғарбӣ ва эронӣ дар мавриди боздошти фиристодаи маршал Дӯстум дар Эрон бо иттиҳоми ҷалби гурезаҳои афғон ба ҷанг алайҳи Русия дар Украина изҳор дошт, имкони ҷалби нерӯҳои тахрибкор баланд мебошад. Аз ҷумла ӯ имкони ҷалби ҷангиён аз Осиёи Марказӣ алайҳи Русия дар Украинаро арзёбӣ кард.
"Чунин эҳтимолиятро ман баланд медонам. Мо дидем, чӣ гуна ҳукумати Кобул фурӯ рехт, дараҷаи парокандагии ба ном "низоми Дӯстум" ва "эътилофи Панҷшер"-ро медонем", - изҳор дошт Евстафев.
Ӯ илова намуд, ки аз ин нигоҳ, роҳбарони ташаккулҳои мазкур талош хоҳанд кард, ки мақоми худро дар ҷаҳони нав пайдо кунанду даромадҳояшонро ҳифз намоянд.
"Албатта, фиристодани миқдори муайяни ҷонибдоронашон ба Украина ба ивази "пардохти ночиз" бо билет ба як тараф барояшон гузинаи хубест", - гуфт ин коршинос.
Вай таъкид намуд, ки дар пасманзари буҳрони нерӯи зинда дар воҳидҳои мусаллаҳи низоми Киев истисно нест, ки дар он ҷо базудӣ одамони "экзотикӣ" пайдо шаванд. "Дарҳол лаҳистониҳоро равон нахоҳанд кард-ку", илова кард Евстафев.
Маврид ба зикр аст, ки Русия рӯзи 24 феврал амалиёти низомиро дар Украина оғоз кард. Президенти Русия Владимир Путин ҳадафи онро "ҳимояи одамоне номид, ки 8 сол боз таҳти таъқибу генотсид аз ҷониби режими Киев қарор гирифтаанд".
Ба гуфтаи ӯ, дар назар аст, ки "нозизудоӣ ва ғайринизомикунонии Украина" анҷом шуда, тамоми масъулини "ҷиноятҳои хунини зидди мардуми осоишта" дар Донбасс ба ҷавобгарӣ кашида шаванд. Аммо дар бораи ишғоли Украина сухане нест, таъкид кард раисҷумҳури Русия.
Ба иттилои Вазорати дифоъ, то охири моҳи март артиши Русия вазифаҳои асосии марҳалаи аввалро анҷом дод - он зарфияти ҷангии Украинаро ба таври қобили мулоҳиза коҳиш дод. Ҳадафи асосӣ дар ин ниҳод озодкунии Донбасс номида шуд.
*-созмони террористии мамнуъ дар Тоҷикистон ва Русия