https://sputnik.tj/20220615/sirkbozon-tojik-mehmon-uzbekiston-1049203110.html
Сиркбозони тоҷик як моҳ меҳмони Ӯзбекистон мешаванд
Сиркбозони тоҷик як моҳ меҳмони Ӯзбекистон мешаванд
Sputnik Тоҷикистон
Як гурӯҳи ҳунармандони Сирки давлатии Тоҷикистон бо барномаи ҷолиб муддати як моҳ меҳмони Ҷумҳурии Ӯзбекистон мешаванд
2022-06-15T13:49+0500
2022-06-15T13:49+0500
2022-06-15T18:56+0500
дар тоҷикистон
сирк
фарҳанг
ӯзбекистон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103100/36/1031003684_0:156:3001:1844_1920x0_80_0_0_af5b48397bdf312e38c9724a37092a73.jpg
ДУШАНБЕ, 15 июн — Sputnik. Ҳунармандони Сирки давлатии Тоҷикистон бо барномаи ҳунарӣ ба Ҷумҳурии Ӯзбекистон сафар намуданд. Дар ин бора дафтари матбуотии Вазорати фарҳанги Тоҷикистон хабар дод.Ба иттилои манбаъ, ҳайати ҳунармандони Сирки давлатии Тоҷикистон аз 15 нафар ҳунарманди бомаҳорат иборат буда, аз 15 июн то 15 июл барои тамошобинони шаҳри Тошканд барномаи ҷолиби сиркӣ пешниҳод мекунанд.Вазорат таъкид намуд, ки ҳунари сирки тоҷикро дар Ӯзбекистон Мастона Собирзода, Шокир Болтаев, Вафоҷон Иззатуллоев, Алмос Илёсов, Солеҳ Юсупов, Идибек Киромиддинов, Қурбоналӣ Ҳалимов, Шаҳноза Ҷабборова ва Анӯша Ҳусейнзода муаррифӣ мекунанд.Маврид ба зикр аст, ки қаблан сиркбозони тоҷик бо барномаи ҳунарӣ ба шаҳри Анталияи Туркия ва Покистон сафар карда буданд.Сиркбозони тоҷик барои шаш моҳ ба Туркия ва Покистон рафтандОн замон сафари ҳунармандони тоҷик бо даъвати Созмони Сайёҳии Ҷумҳурии Туркия сурат гирифта буд. Сиркбозони тоҷик дар чандин шаҳри Туркия ҳунарнамоӣ намуданд.
ӯзбекистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103100/36/1031003684_166:0:2833:2000_1920x0_80_0_0_d1f445c9cb30dece1fbfe69a4fee4f39.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
сирк тоҷикистон ӯзбекистон сафар
сирк тоҷикистон ӯзбекистон сафар
Сиркбозони тоҷик як моҳ меҳмони Ӯзбекистон мешаванд
13:49 15.06.2022 (Навсозишуда: 18:56 15.06.2022) Як гурӯҳи ҳунармандони Сирки давлатии Тоҷикистон бо барномаи ҷолиб муддати як моҳ меҳмони Ҷумҳурии Ӯзбекистон мешаванд
ДУШАНБЕ, 15 июн — Sputnik. Ҳунармандони Сирки давлатии Тоҷикистон бо барномаи ҳунарӣ ба Ҷумҳурии Ӯзбекистон сафар намуданд. Дар ин бора дафтари матбуотии Вазорати фарҳанги Тоҷикистон хабар дод.
Ба иттилои манбаъ, ҳайати ҳунармандони Сирки давлатии Тоҷикистон аз 15 нафар ҳунарманди бомаҳорат иборат буда, аз 15 июн то 15 июл барои тамошобинони шаҳри Тошканд барномаи ҷолиби сиркӣ пешниҳод мекунанд.
Вазорат таъкид намуд, ки ҳунари сирки тоҷикро дар Ӯзбекистон Мастона Собирзода, Шокир Болтаев, Вафоҷон Иззатуллоев, Алмос Илёсов, Солеҳ Юсупов, Идибек Киромиддинов, Қурбоналӣ Ҳалимов, Шаҳноза Ҷабборова ва Анӯша Ҳусейнзода муаррифӣ мекунанд.
"Ҳунармандон дар намуди акрабатика, гимнастика, ромкунии ҳайвонот, эквилибристика баромад намуда, ҳунару истеъдоди худро ба мухлисону ҳаводорони сирк намоиш медиҳанд", - омадааст дар хабар.
Маврид ба зикр аст, ки қаблан сиркбозони тоҷик бо барномаи ҳунарӣ ба шаҳри Анталияи Туркия ва Покистон сафар карда буданд.
Он замон сафари ҳунармандони тоҷик бо даъвати Созмони Сайёҳии Ҷумҳурии Туркия сурат гирифта буд. Сиркбозони тоҷик дар чандин шаҳри Туркия ҳунарнамоӣ намуданд.