https://sputnik.tj/20220615/rusiya-turkiya-vaz-suriyaro-musolimatomez-1049207913.html
Русия аз Туркия даъват кард, ки вазъ дар Сурияро бо роҳи мусолиматомез ҳал кунад
Русия аз Туркия даъват кард, ки вазъ дар Сурияро бо роҳи мусолиматомез ҳал кунад
Sputnik Тоҷикистон
Намояндаи вижаи раисҷумҳури Русия дар умури Сурия изҳор дошт, ки кишвараш ба Туркия пешниҳоди бо роҳи сулҳ ҳал кардани вазъи дар ин ҷумҳуриро пешниҳод... 15.06.2022, Sputnik Тоҷикистон
2022-06-15T16:00+0500
2022-06-15T16:00+0500
2022-06-15T17:01+0500
дар русия
туркия
сурия
амният ва мудофиа
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103144/25/1031442520_0:120:1277:838_1920x0_80_0_0_349679104d1e9ae2f1cc04cb6bfa4022.jpg
ДУШАНБЕ, 15 июн — Sputnik. Маскав амалиёти Туркияро дар хоки Сурия беасос мешуморад ва аз Анкара даъват мекунад, масъаларо бо роҳи осоишта ҳал кунад. Дар ин бора намояндаи вижаи раисҷумҳури Русия дар умури Сурия Александр Лаврентиев хабар дод. "Ин бахусус дар партави нақшаҳои эълонкардаи раисҷумҳури Туркия дар бораи баргузории амалиёти низомӣ дар шимоли Сурия алайҳи созмонҳои курдӣ муҳим аст. Мо бовар дорем, ки ин як иқдоми ғайриоддӣ хоҳад буд, ки метавонад боиси ноором шудани вазъ ва ташдиди ташаннуҷ шавад", - изҳор дошт Лаврентиев дар суҳбат бо РИА "Новости".Ба гуфтаи намояндаи вижа, Русия қасд дорад, аз Туркия даъват намояд, ки масъаларо бо роҳи мусолиматомез ҳал кунад."Мо аз ҷониби худ омодаем, ки дар ин замина ҳамаҷониба кумак расонем", - таъкид кард вай.Лаврентиев ҳамчунин қайд кард, ки дар партави амалиёти эҳтимолӣ, музокирот дар Нур-Султон ба нақша гирифта шудааст, ки масъалаи гурезаҳо баррасӣ шавад. Ёдовар мешавем, рӯзҳои 15-16 июн дар пойтахти Қазоқистон музокироти сатҳи баланди кишварҳои кафил: Русия, Туркия, Эрон оид ба ҳалли масъалаи Сурия бо иштироки намояндагони ҳукумат ва мухолифини Сурия ва инчунин СММ ҷараён мегирад.
https://sputnik.tj/20220418/turkiya-kurd-iroq-amaliyot-1047727537.html
туркия
сурия
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103144/25/1031442520_0:0:1275:956_1920x0_80_0_0_7864d48eefe5d4b3e18e08c119a45f6e.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар русия, туркия, сурия, амният ва мудофиа
дар русия, туркия, сурия, амният ва мудофиа
Русия аз Туркия даъват кард, ки вазъ дар Сурияро бо роҳи мусолиматомез ҳал кунад
16:00 15.06.2022 (Навсозишуда: 17:01 15.06.2022) Намояндаи вижаи раисҷумҳури Русия дар умури Сурия изҳор дошт, ки кишвараш ба Туркия пешниҳоди бо роҳи сулҳ ҳал кардани вазъи дар ин ҷумҳуриро пешниҳод намудааст
ДУШАНБЕ, 15 июн — Sputnik. Маскав амалиёти Туркияро дар хоки Сурия беасос мешуморад ва аз Анкара даъват мекунад, масъаларо бо роҳи осоишта ҳал кунад.
Дар ин бора намояндаи вижаи раисҷумҳури Русия дар умури Сурия Александр Лаврентиев хабар дод.
"Ин бахусус дар партави нақшаҳои эълонкардаи раисҷумҳури Туркия дар бораи баргузории амалиёти низомӣ дар шимоли Сурия алайҳи созмонҳои курдӣ муҳим аст. Мо бовар дорем, ки ин як иқдоми ғайриоддӣ хоҳад буд, ки метавонад боиси ноором шудани вазъ ва ташдиди ташаннуҷ шавад", - изҳор дошт Лаврентиев дар суҳбат бо РИА "Новости".
Ба гуфтаи намояндаи вижа, Русия қасд дорад, аз Туркия даъват намояд, ки масъаларо бо роҳи мусолиматомез ҳал кунад.
"Мо аз ҷониби худ омодаем, ки дар ин замина ҳамаҷониба кумак расонем", - таъкид кард вай.
Лаврентиев ҳамчунин қайд кард, ки дар партави амалиёти эҳтимолӣ, музокирот дар Нур-Султон ба нақша гирифта шудааст, ки масъалаи гурезаҳо баррасӣ шавад.
Ёдовар мешавем, рӯзҳои 15-16 июн дар пойтахти Қазоқистон музокироти сатҳи баланди кишварҳои кафил: Русия, Туркия, Эрон оид ба ҳалли масъалаи Сурия бо иштироки намояндагони ҳукумат ва мухолифини Сурия ва инчунин СММ ҷараён мегирад.