https://sputnik.tj/20220615/jonibdori-jinpin-rusiya-1049222808.html
Ҷонибдории Си Ҷинпин аз аъмоли Русия барои ҳимояи манофеаш
Ҷонибдории Си Ҷинпин аз аъмоли Русия барои ҳимояи манофеаш
Sputnik Тоҷикистон
Роҳбарони Русия ва Чин бо тавсиф аз сатҳи феълии ҳамкориҳо, талошашонро барои рушди бештари шарикии стратегӣ дар ҳамаи бахшҳоро баён доштаанд
2022-06-15T20:50+0500
2022-06-15T20:50+0500
2022-06-15T20:50+0500
дар русия
сиёсат
ҳамкорӣ
тамос
кремл
суҳбати телефонӣ
владимир путин
сӣ ҷинпин
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/02/04/1045516853_0:0:3111:1751_1920x0_80_0_0_57b7f376dcc595deaa05dfe197ecaf40.jpg
ДУШАНБЕ, 15 июн — Sputnik. Иқдоми Русия барои ҳифзи манофеи миллияш дар шароити таҳдидҳои хориҷӣ ба амният асосноканд, изҳор доштааст Си Ҷинпин, роҳбари Чин зимни суҳбати телефонӣ бо ҳамтои русаш Владимир Путин. Ба иттилои Кремл, раисҷумҳури Русия ба мусоҳибаш муносибот дар мавриди Украина ва ҳадафҳоеро, ки зимни амалиёти низомӣ амалӣ мешаванд, тавзеҳ додаст. Ҷонибҳо талошашонро барои рушди бештари шарикӣ ва ҳамкории стратегӣ дар ҳамаи бахшҳоро баён доштаанд. Путин ва Ҷинпин ҳамчунин дурнамои ҳамкориҳои иқтисодӣ - тиҷоратиро баён баррасӣ намудаанд, ки ҳаҷми солонаи он тибқи пешбиниҳо метавонанд ба ҳадди рекордӣ расанд. Аз ҷумла барои густариши равобит дар бахши энергетика, молия, саноат ва нақлиётро дар пасманзари таҳримҳои ғайриқонунии ғарбӣ баён доштаанд. Инчунин масоили ҳарбӣ ва ҳарбӣ - техникиро низ роҳбарони Русия ва Чин ба миён гузоштаанд. "Зимни баҳси вазъи ҷаҳон, таъкид шуд, ки Русия ва Чин чун пештара аз мавқеъҳои ягона ва ё хеле наздик, бар асоси меъёрҳои ҳуқуқии байналмилалӣ бархӯрд мекунанду талоши бунёди муносиботи байналмилалии бисёрқутбию боадолатонаро доранд", - иттилоъ дод Кремл. Дар зимн телевизиони марказии Чин низ хабар додааст, ки Ҷинпин тамосҳои Маскаву Пекинро мусбат арзёбӣ кардааст. Ӯ изҳор доштаст, ки аз аввали сол новобаста аз тағйироти куллӣ ва бесубботӣ, муносиботи дуҷониба раванди хуби рушдро ҳифз кардаанд. Ҷинпин изҳор доштаст, ки додугирифти мол миёни Русия ва Чин, аз ҷумла ба далели пули Благовешенск - Хэйхэ афзоиш ёфтааст.
https://sputnik.tj/20220610/avvalin-pul-avtomobil-rusiya-chin-1049084682.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/02/04/1045516853_0:0:2731:2048_1920x0_80_0_0_bbba7e8041d7d0c7bf7143394d71578c.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
владимир путин, си ҷинпин, суҳбат
владимир путин, си ҷинпин, суҳбат
Ҷонибдории Си Ҷинпин аз аъмоли Русия барои ҳимояи манофеаш
Роҳбарони Русия ва Чин бо тавсиф аз сатҳи феълии ҳамкориҳо талошашонро барои рушди бештари шарикии стратегӣ дар ҳамаи бахшҳоро баён доштаанд
ДУШАНБЕ, 15 июн — Sputnik. Иқдоми Русия барои ҳифзи манофеи миллияш дар шароити таҳдидҳои хориҷӣ ба амният асосноканд, изҳор доштааст Си Ҷинпин, роҳбари Чин зимни суҳбати телефонӣ бо ҳамтои русаш Владимир Путин.
Ба иттилои Кремл, раисҷумҳури Русия ба мусоҳибаш муносибот дар мавриди Украина ва ҳадафҳоеро, ки зимни амалиёти низомӣ амалӣ мешаванд, тавзеҳ додаст.
"Роҳбарон таъкид кардаанд, ки муносиботи Русия ва Чин дар сатҳи бесобиқа баланд қарор дошта, пайваста таҳкиму такмил меёбанд", - омадааст дар иттилоия.
Ҷонибҳо талошашонро барои рушди бештари шарикӣ ва ҳамкории стратегӣ дар ҳамаи бахшҳоро баён доштаанд.
Путин ва Ҷинпин ҳамчунин дурнамои ҳамкориҳои иқтисодӣ - тиҷоратиро баён баррасӣ намудаанд, ки ҳаҷми солонаи он тибқи пешбиниҳо метавонанд ба ҳадди рекордӣ расанд.
Аз ҷумла барои густариши равобит дар бахши энергетика, молия, саноат ва нақлиётро дар пасманзари таҳримҳои ғайриқонунии ғарбӣ баён доштаанд.
Инчунин масоили ҳарбӣ ва ҳарбӣ - техникиро низ роҳбарони Русия ва Чин ба миён гузоштаанд.
"Зимни баҳси вазъи ҷаҳон, таъкид шуд, ки Русия ва Чин чун пештара аз мавқеъҳои ягона ва ё хеле наздик, бар асоси меъёрҳои ҳуқуқии байналмилалӣ бархӯрд мекунанду талоши бунёди муносиботи байналмилалии бисёрқутбию боадолатонаро доранд", - иттилоъ дод Кремл.
Дар зимн телевизиони марказии Чин низ хабар додааст, ки Ҷинпин тамосҳои Маскаву Пекинро мусбат арзёбӣ кардааст. Ӯ изҳор доштаст, ки аз аввали сол новобаста аз тағйироти куллӣ ва бесубботӣ, муносиботи дуҷониба раванди хуби рушдро ҳифз кардаанд.
Ҷинпин изҳор доштаст, ки додугирифти мол миёни Русия ва Чин, аз ҷумла ба далели пули Благовешенск - Хэйхэ афзоиш ёфтааст.