Афғонистон омодааст, аз Русия ба миқдори рекордӣ ғалла ва нафт бихарад

© Sputnik / Артем Креминский / Гузариш ба медиабонкУборка зерновых.
Уборка зерновых. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.06.2022
Обуна шудан
Муовини раиси Утоқи бозаргонии Афғонистон дар ҳошияи Форуми байналмилалии иқтисодии Санкт-Петербург дар бораи нақшаи харидории ғалла аз Федератсияи Русия хабар дод
ДУШАНБЕ, 15 июн — Sputnik. Афғонистон мехоҳад аз Русия 2 миллион тонна гандум харидорӣ кунад, менависад РИА "Новости".
Муовини раиси Утоқи бозаргонии Афғонистон Муҳаммадюнус Ҳусейн дар ҳошияи Форуми байналмилалии иқтисодии Санкт-Петербург гуфт, ки кишвараш ҳамчунин омодааст, то 10 ҳазор тонна нафт харидорӣ кунад.
Ба гуфтаи ӯ, намояндагони ин кишвар ният доранд, ки ин масъалаҳоро бо ҷониби Русия баррасӣ кунанд.
Замир Кабулов, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.06.2022
Таҳдид ба Осиёи Марказӣ ва эътирофи Толибон: изҳороти пурсарусадои Кобулов
Ҳамзамон Муҳаммадюнус Ҳусейн қайд кард, ки Кобул омодааст, дар марҳалаҳои аввал 5 ҳазор тонна нафт ворид кунад ва баъдан беш аз он аз нафти Русия харидорӣ намояд.
Вай ҳамчунин таъкид кард, Афғонистон бо Русия дар мавриди содироти маъдан, меваҳои тар ва хушк музокира мекунад.
"Тоҷирони рус ба Афғонистон омаданд, ҳоло мо дар мавриди содироти гандум, шиша ва чӯб гуфтушунид дорем", - афзуд манбаъ.
Вай ҳамчунин қайд кард, ки мехоҳанд бо Ҳукумати Русия дар бораи тиҷорати бебоҷ гуфтугӯ кунанд.
Лентаи хабарҳо
0