https://sputnik.tj/20220614/tojikiston-sinfhoi-1-um-oghoz-1049160542.html
Дар Тоҷикистон соли хониш барои хонандагони синфи якум пештар оғоз мешавад: сабаб
Дар Тоҷикистон соли хониш барои хонандагони синфи якум пештар оғоз мешавад: сабаб
Sputnik Тоҷикистон
Вазорати маорифи Тоҷикистон гуфт, дарси синфҳои 1-ум дар Тоҷикистон як моҳ пештар аз соли хониш оғоз мешавад ва сабабашро шарҳ дод
2022-06-14T12:14+0500
2022-06-14T12:14+0500
2022-06-14T14:21+0500
дар тоҷикистон
маориф
дарс
синф
хонандагони синфи 1-ум
ҳуҷҷатсупорӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/09/01/1041996987_0:67:1280:787_1920x0_80_0_0_2cf13cc02b365fc378e6727548742a64.jpg
ДУШАНБЕ, 14 июн — Sputnik. Дар Тоҷикистон соли хониши 2022-2023 барои хонандагони синфи 1-ум як моҳ пештар 1 август оғоз мешавад.Дар ин бора муовини сардори Раёсати таҳсилоти миёнаи умумии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Зиёратшоҳ Назруллозода.Ин дар ҳолест, ки ҳуҷҷатсупорӣ барои таҳсил дар синфи 1-ум, дар Тоҷикистон 1 июл оғоз мешавад, хабар медиҳад АМИТ "Ховар".Ба гуфти Назруллозолда, феълан дар тамоми муассисаҳои таълимии мамлакат омодагӣ ба соли нави хониш дар сатҳи баланд ҷараён дорад. "Дар баъзе аз ноҳияҳои дурдастарин мамлакат қабули хонандагон ба синфи якум аз нимаи моҳи июн низ оғоз мешавад", — гуфт ӯ.Муҳассилини Суғд аз олимпиадаи байналмилалӣ 39 медали тиллою нуқра овардандТибқи Низомномаи намунавӣ Вазорати маорф, дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ барои ба синфи якум қабул намудани хонандагон ҳуҷҷатҳои зерин: Ёдрас мешавем, ки соли таҳсили 2021-2022 бо фармони вазири маориф, барои синфҳои 1 аз 25 май ва барои синфҳои 2-11 (12)-и муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, сарфи назар аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ 1 июни соли 2022 ба анҷом расид.
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/09/01/1041996987_72:0:1209:853_1920x0_80_0_0_2bd9aa1365725e70122d9225f1ef4b93.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
1-сентябр, оғози соли хониш, синфҳои 1, тоҷикистон
1-сентябр, оғози соли хониш, синфҳои 1, тоҷикистон
Дар Тоҷикистон соли хониш барои хонандагони синфи якум пештар оғоз мешавад: сабаб
12:14 14.06.2022 (Навсозишуда: 14:21 14.06.2022) Вазорати маорифи Тоҷикистон гуфт, дарс барои хонандагони синфи якум дар Тоҷикистон як моҳ пештар аз оғози соли хониши маъмулӣ оғоз мешавад
ДУШАНБЕ, 14 июн — Sputnik. Дар Тоҷикистон соли хониши 2022-2023 барои хонандагони синфи 1-ум як моҳ пештар 1 август оғоз мешавад.
Дар ин бора муовини сардори Раёсати таҳсилоти миёнаи умумии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Зиёратшоҳ Назруллозода.
"Тибқи Барномаи омода намудани кӯдакони 7-сола ба таҳсил, бо Қарори мушовараи Вазорати маориф дарсҳо аз 1 август оғоз мешавад. Дар ин давра ба хонандагони синфи якум давраи шиносоӣ гузаронида мешавад", — гуфт Зиёратшоҳ Назруллозода.
Ин дар ҳолест, ки ҳуҷҷатсупорӣ барои таҳсил дар синфи 1-ум, дар Тоҷикистон 1 июл оғоз мешавад, хабар медиҳад АМИТ "Ховар".
Ба гуфти Назруллозолда, феълан дар тамоми муассисаҳои таълимии мамлакат омодагӣ ба соли нави хониш дар сатҳи баланд ҷараён дорад.
"Дар баъзе аз ноҳияҳои дурдастарин мамлакат қабули хонандагон ба синфи якум аз нимаи моҳи июн низ оғоз мешавад", — гуфт ӯ.
Тибқи Низомномаи намунавӣ Вазорати маорф, дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ барои ба синфи якум қабул намудани хонандагон ҳуҷҷатҳои зерин:
аризаи волидайн оид ба қабул;
шаҳодатномаи таваллуди кӯдак;
ду нусхагӣ шиносномаи волидайн;
маълумотнома аз ҷой зист.
Ёдрас мешавем, ки соли таҳсили 2021-2022 бо фармони вазири маориф, барои синфҳои 1 аз 25 май ва барои синфҳои 2-11 (12)-и муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, сарфи назар аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ 1 июни соли 2022 ба анҷом расид.