https://sputnik.tj/20220614/prezident-bozi-tojikiston-qirghiziston-1049184493.html
Президент ба тамошои бозии мунтахаби Тоҷикистону Қирғизистон меравад
Президент ба тамошои бозии мунтахаби Тоҷикистону Қирғизистон меравад
Sputnik Тоҷикистон
Дастаҳои Қирғизистону Тоҷикистон аллакай ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё - 2023 роҳхат гирифтаанд. Натиҷаи рақобати онҳо ба ин тасмим таъсир нахоҳад кард
2022-06-14T18:05+0500
2022-06-14T18:05+0500
2023-07-04T17:43+0500
қирғизистон
дар тоҷикистон
тамошо
футбол
рақобат
ҷоми осиё
навигариҳои варзиши тоҷикистон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/06/0e/1049184828_0:0:1106:622_1920x0_80_0_0_3fcc779274fc3ba29ee4d401a3c8cf6f.jpg
ДУШАНБЕ, 14 июн — Sputnik. Президенти Қирғизистон Содир Ҷабборов дар бозии футбол миёни дастаҳои мунтахаби Қирғизистону Тоҷикистон ширкат хоҳад кард. Дар ин бора хабаргузории 24.kg бо такя ба котиби матбуотии кишвардори Қирғизистон Эрбол Султонбоев хабар додааст. Бояд гуфт, бозии имрӯза муайян хоҳад кард, ки кӣ аз зинаи аввал ва кӣ аз ҷойи дуюм ба даври ниҳоии мусобиқот меравад. Бозии даври ниҳоии марҳилаи гуруҳӣ дар Бишкек баргузор мешавад, ки дар он дастаҳои Тоҷикистону Қирғизистон вориди сабқат мешаванд.Ин бозӣ соати 20:00 ба вақти Душанбе дар варзишгоҳи ба номи Долон Омурзоқов оғоз мешавад.Дастаҳои мунтахаби ҳарду кишвар дар ду даври аввал шашхолӣ ба даст оварданд. Қирғизистон ҳамоно дар ҷои дуюм аст, зеро тими Тоҷикистон дар ин мусобиқот натиҷаи беҳтар дорад – панҷ гол зада, ягон голи худро аз даст надодааст. Футболбозони қирғиз чор тӯб задаанд ва як гол сар додаанд.Мухлисон метавонанд пахши мустақими бозии муҳимро аз тариқи шабакаҳои телевизионии "Варзиш" ва "Футбол"-и Тоҷикистон тамошо кунанд.Бозиро инчунин ду шабакаи телевизионии варзишии Қирғизистон - КТРК Спорт ва ТВ Қирғизистон намоиш медиҳанд. Илова бар ин, Иттиҳодияи футболи Қирғизистон (КФУ) хабар дод, ки ин бозӣ дар кӯчаҳои чанд шаҳр пахш мешавад.Қаблан Иттиҳодияи футболи Қирғизистон аз мухлисон даъват карда буд, ки ба бетартибиҳо даст назананд, дастаро ба таври кофӣ дастгирӣ кунанд ва пешакӣ ба варзишгоҳ ҳозир шаванд.Даврон Эргашев тими миллии Тоҷикистонро тарк кард: сабаб"Агар шаҳрвандони мо фазои носолимро ба вуҷуд оваранд, пас Қирғизистон метавонад барои риоя накардани қоидаҳои Конфедератсияи футболи Осиё, ки метавонад оқибатҳои ногувор дошта бошад, ба ҷавобгарӣ кашида шавад", - гуфт хадамоти матбуоти ин ниҳод.Федератсияи футболи Тоҷикистон гуфт, новобаста аз натиҷаи бозии даври охирини марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2023 дар гурӯҳи "F" бо тими миллии Қирғизистон, ки 14-уми июн дар Бишкек баргузор мешавад, мунтахаби Тоҷикистон ҳуқуқи иштирок дар марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиёро ба худ кафолат дод.Маврид ба зикр аст, ки қисмати ниҳоии мусобиқот аз 16 июн то 16 июли соли 2023 ба нақша гирифта шудааст.Қарор дар бораи макони баргузории 18-умин Ҷоми Осиё дар ҷаласаи Кумитаи иҷроияи Конфедератсияи футболи Осиё рӯзи 17 октябр қабул мешавад.
https://sputnik.tj/20220614/tojikiston-qirghiziston-joy-avval-muboriza-1049157677.html
қирғизистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/06/0e/1049184828_0:0:1106:830_1920x0_80_0_0_b6e71a8640cb1464937a36ee34b67c9a.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
ҷабборов, бозӣ,тоҷикистон, қирғизистон
ҷабборов, бозӣ,тоҷикистон, қирғизистон
Президент ба тамошои бозии мунтахаби Тоҷикистону Қирғизистон меравад
18:05 14.06.2022 (Навсозишуда: 17:43 04.07.2023) Дастаҳои Қирғизистону Тоҷикистон аллакай ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё - 2023 роҳхат гирифтаанд. Натиҷаи рақобати онҳо ба ин тасмим таъсир нахоҳад кард
ДУШАНБЕ, 14 июн — Sputnik. Президенти Қирғизистон Содир Ҷабборов дар бозии футбол миёни дастаҳои мунтахаби Қирғизистону Тоҷикистон ширкат хоҳад кард.
Дар ин бора хабаргузории 24.kg бо такя ба котиби матбуотии кишвардори Қирғизистон Эрбол Султонбоев хабар додааст.
Бояд гуфт, бозии имрӯза муайян хоҳад кард, ки кӣ аз зинаи аввал ва кӣ аз ҷойи дуюм ба даври ниҳоии мусобиқот меравад.
Бозии даври ниҳоии марҳилаи гуруҳӣ дар Бишкек баргузор мешавад, ки дар он дастаҳои Тоҷикистону Қирғизистон вориди сабқат мешаванд.
Ин бозӣ соати 20:00 ба вақти Душанбе дар варзишгоҳи ба номи Долон Омурзоқов оғоз мешавад.
Дастаҳои мунтахаби ҳарду кишвар дар ду даври аввал шашхолӣ ба даст оварданд. Қирғизистон ҳамоно дар ҷои дуюм аст, зеро тими Тоҷикистон дар ин мусобиқот натиҷаи беҳтар дорад – панҷ гол зада, ягон голи худро аз даст надодааст. Футболбозони қирғиз чор тӯб задаанд ва як гол сар додаанд.
Мухлисон метавонанд пахши мустақими бозии муҳимро аз тариқи шабакаҳои телевизионии "Варзиш" ва "Футбол"-и Тоҷикистон тамошо кунанд.
Бозиро инчунин ду шабакаи телевизионии варзишии Қирғизистон - КТРК Спорт ва ТВ Қирғизистон намоиш медиҳанд. Илова бар ин, Иттиҳодияи футболи Қирғизистон (КФУ) хабар дод, ки ин бозӣ дар кӯчаҳои чанд шаҳр пахш мешавад.
Қаблан Иттиҳодияи футболи Қирғизистон аз мухлисон даъват карда буд, ки ба бетартибиҳо даст назананд, дастаро ба таври кофӣ дастгирӣ кунанд ва пешакӣ ба варзишгоҳ ҳозир шаванд.
"Агар шаҳрвандони мо фазои носолимро ба вуҷуд оваранд, пас Қирғизистон метавонад барои риоя накардани қоидаҳои Конфедератсияи футболи Осиё, ки метавонад оқибатҳои ногувор дошта бошад, ба ҷавобгарӣ кашида шавад", - гуфт хадамоти матбуоти ин ниҳод.
Федератсияи футболи Тоҷикистон гуфт, новобаста аз натиҷаи бозии даври охирини марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2023 дар гурӯҳи "F" бо тими миллии Қирғизистон, ки 14-уми июн дар Бишкек баргузор мешавад, мунтахаби Тоҷикистон ҳуқуқи иштирок дар марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиёро ба худ кафолат дод.
Маврид ба зикр аст, ки қисмати ниҳоии мусобиқот аз 16 июн то 16 июли соли 2023 ба нақша гирифта шудааст.
Қарор дар бораи макони баргузории 18-умин Ҷоми Осиё дар ҷаласаи Кумитаи иҷроияи Конфедератсияи футболи Осиё рӯзи 17 октябр қабул мешавад.