https://sputnik.tj/20220614/nohiya-ayni-korkhona-istehsol-sement-1049184404.html
Дар ноҳияи Айнӣ корхонаи истеҳсоли семент месозанд
Дар ноҳияи Айнӣ корхонаи истеҳсоли семент месозанд
Sputnik Тоҷикистон
Интизор меравад, бо шурӯъ шудани кор дар корхонаи мазкур, 120 сокини ноҳияи Айнӣ бо ҷойи кор ва маоши хуб таъмин мешаванд
2022-06-14T19:35+0500
2022-06-14T19:35+0500
2022-06-14T19:57+0500
дар тоҷикистон
суғд
саноат
семент
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/101644/24/1016442404_0:208:2903:1840_1920x0_80_0_0_dea19e15313b059eb59ca49f5a7e160c.jpg
ДУШАНБЕ, 14 июн — Sputnik. Дар ноҳияи Айнӣ барои сохтмони корхонаи истеҳсоли семент санги асос гузошта шуд. Дар ин бора Хадамоти матбуоти раиси вилояти суғд хабар дод.Бар хабари манбаъ, корхона "Фон - Семент" номгузорӣ шуда, лоиҳаи он аз ҷониби ҶДММ "Саноатсоз" матраҳ гардидааст.Гуфта мешавад, бо бунёд гардидани корхонаи мазкур давоми сол то 100 000 тонна сементи хушсифат истеҳсол шавад.Корхонаи саноатии "Фон – Семент" мувофиқи нақша бояд давоми 26 моҳ сохта ба истифода дода шавад. Бо ба кор шурӯъ намудани ин корхона 120 нафар сокинони ноҳия бо ҷои кори доимӣ ва маоши хуб таъмин мегарданд.Дар ноҳияи Айнӣ, ки дорои захираҳои зиёди канданиҳои фоиданок мебошад, бо талоши роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия давоми се соли охир корхонаҳои зиёди хурду бузурги саноатӣ бунёд гардида истодаанд. Масъулин ба хотири таъмини рушди устувори саноат, иқтисодиёт, ташкили ҷойҳои нави корӣ, баланд бардоштани иқтидори содиротӣ мамлакат ва рақобатнокии он тадбирҳои зарурӣ меандешанд.Ёдовар мешавем, ки моҳи апрели соли равон, Эмомалӣ Раҳмон, роҳбари давлат дар ноҳияи мазкур бо гузоштани санги асос ба бунёди корхонаи нави металлургӣ ва корхонаи афинажи тилои Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи "ТАрКо Голд" оғоз бахшид.Иқтидори истеҳсолии корхонаи нави металлургӣ дар як сол 2,2 тонна тило (99,99%), 15 ҳазор тонна сабикаи сурмаи 99,85-фоиза ва 6 ҳазор тонна сурмаи рангаш сафеди 99,5-фоиза мебошад.
https://sputnik.tj/20220414/rahmon-bunyodi-korkhona-nav-metallurgi-afinazhi-tilo-1047631893.html
суғд
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/101644/24/1016442404_85:0:2816:2048_1920x0_80_0_0_b118a9c0af118fa81d43ffe2423e7a88.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
айнӣ корхона семент
Дар ноҳияи Айнӣ корхонаи истеҳсоли семент месозанд
19:35 14.06.2022 (Навсозишуда: 19:57 14.06.2022) Интизор меравад, бо шуруъ шудани кор дар корхонаи мазкур 120 сокини ноҳияи Айнӣ бо ҷойи кор ва маоши хуб таъмин мешаванд
ДУШАНБЕ, 14 июн — Sputnik. Дар ноҳияи Айнӣ барои сохтмони корхонаи истеҳсоли семент санги асос гузошта шуд. Дар ин бора Хадамоти матбуоти раиси вилояти суғд хабар дод.
Бар хабари манбаъ, корхона "Фон - Семент" номгузорӣ шуда, лоиҳаи он аз ҷониби ҶДММ "Саноатсоз" матраҳ гардидааст.
Гуфта мешавад, бо бунёд гардидани корхонаи мазкур давоми сол то 100 000 тонна сементи хушсифат истеҳсол шавад.
Корхонаи саноатии "Фон – Семент" мувофиқи нақша бояд давоми 26 моҳ сохта ба истифода дода шавад. Бо ба кор шурӯъ намудани ин корхона 120 нафар сокинони ноҳия бо ҷои кори доимӣ ва маоши хуб таъмин мегарданд.
Дар ноҳияи Айнӣ, ки дорои захираҳои зиёди канданиҳои фоиданок мебошад, бо талоши роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия давоми се соли охир корхонаҳои зиёди хурду бузурги саноатӣ бунёд гардида истодаанд.
Масъулин ба хотири таъмини рушди устувори саноат, иқтисодиёт, ташкили ҷойҳои нави корӣ, баланд бардоштани иқтидори содиротӣ мамлакат ва рақобатнокии он тадбирҳои зарурӣ меандешанд.
Ёдовар мешавем, ки моҳи апрели соли равон, Эмомалӣ Раҳмон, роҳбари давлат дар ноҳияи мазкур бо гузоштани санги асос ба бунёди корхонаи нави металлургӣ ва корхонаи афинажи тилои Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи "ТАрКо Голд" оғоз бахшид.
Иқтидори истеҳсолии корхонаи нави металлургӣ дар як сол 2,2 тонна тило (99,99%), 15 ҳазор тонна сабикаи сурмаи 99,85-фоиза ва 6 ҳазор тонна сурмаи рангаш сафеди 99,5-фоиза мебошад.