Пограничник на смотровой вышке на границе Кыргызстана. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920
Вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон
Хабарҳои бештар аз танишу созишҳои марзӣ миёни Тоҷикистону Қирғизистон

Макони даргирӣ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон - тасвирбаён

© SputnikСтрельба на таджикско-кыргызской границе
Стрельба на таджикско-кыргызской границе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.06.2022
Обуна шудан
Тирпарронии навбатӣ дар минтақаи Кехи Ворух субҳи барвақти 14 июн сар зад. Sputnik Тоҷикистон макони даргириро дар тасвирбаён ҷо дод
© SputnikТирпарронӣ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон
Тирпарронӣ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.06.2022
Тирпарронӣ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон
Дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон рӯзи 14 июн, соати 06:00 ба вақти маҳаллӣ тирпарронӣ сар зад, ки дар натиҷа Муродбек Маҳмадқулови 26-сола, сокини ноҳияи Дӯстӣ, ки дар нерӯҳои марзбонӣ хизмат мекард, кушта шуд.
Манобеи Sputnik Тоҷикистон ҳамчунин аз захмӣ шудани ду нафари дигар хабар дод, ки феълан онҳо дар бемористони марказии шаҳри исфара бистариянд.
Давоми беш аз 10 рӯзи охир ин маротибаи дуюм аст, ки минтақаи "Кех"-и Ворух дар марз бо Қирғизистон шоҳиди тирпаррониҳо мешавад.
Субҳи рӯзи 3 июн миёни марзбонони қирғизу тоҷик дар ин мавзеъ тирпарронӣ рух дода буд.
ВКХ Тоҷикистон тирпарронӣ дар марзро амали таҷовузкорона ва иғвоангезонаи Қирғизистон хонд
Он замон шоҳидони ҳодиса дар ҷамоати Ворух ҷузъиёти онро шарҳ дода гуфта буданд, ки “марзбонони қирғиз ба тарафи марзи Тоҷикистон ворид шуда, тирпаррониро шурӯъ намудаанд. Дар натиҷаи ин амал марзбонони тоҷик ҳам тири ҷавобӣ кушодаанд ва қирғизҳо ба қафо баргаштаанд”.
Вуқӯи ин ҳодисаро Меҳринисо Раҳматова, раиси ҷамоати Ворух низ дар суҳбат ба Sputnik Тоҷикистон таъйид намуда буд.
Тоҷикистону Қирғизистон беш аз 980 километр марзи муштарак доранд, ки садҳо километри он ҳанӯз мушаххас нашудааст. Ин номуайянӣ боиси сар задани муноқишаҳо мегарданд, ки баъзан бо тирпарронӣ ва марги одамон меанҷоманд.
Лентаи хабарҳо
0