https://sputnik.tj/20220614/islom-zadan-zanon-ijozat-tafsir-oyat-quron-1049176702.html
Ислом ба задани занон иҷозат медиҳад? Ду тафсири як ояти Қуръон
Ислом ба задани занон иҷозат медиҳад? Ду тафсири як ояти Қуръон
Sputnik Тоҷикистон
Дар китоби муқаддаси мусалмонон ояте ҳаст, ки аз “тарбия”-и зан аз ҷониби шавҳар мегӯяд. Оё он иҷозат медиҳад, ки мард нисбати зан зӯроварӣ кунад?
2022-06-14T19:15+0500
2022-06-14T19:15+0500
2022-06-14T19:15+0500
дин ва оин
дар тоҷикистон
ислом
зан
қуръон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102639/67/1026396787_20:0:982:541_1920x0_80_0_0_ba39b1b775cb25130606cfe6d95d91dc.jpg
ДУШАНБЕ, 14 июн – Sputnik. Оилаҳои ҷавон ё хело асабониянд, ё мушкилии зиёд доранд. Аз ин лиҳоз ба Шӯрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон муроҷиатҳо аз ҷой доштани хушунат дар хонавода зиёд мешаванд, мегӯяд мутахассиси Шӯъбаи фатвои марказ Маҳмуд Сангалиев.Ба қавли мутахассис, бештари ҳолатҳо муроҷиаткунандагон занон мебошанд. Мардон бодашанд, гоҳо аз ҷой доштани ояте дар китоби муқаддаси мусалмонон, ки ба “задани ҳамсар иҷозат медиҳад”, “далел” меоваранд.Домулло Маҳмуд Сангалиев ба Sputnik Тоҷикистон тавзеҳ дод, ки ин ояти қуръонӣ аз чӣ сӯҳбат мекунад.Коршинос мегӯяд, дар дини ислом барои зану шавҳар ҳуқуқу ӯҳдадориҳои муайян ҷорӣ шудааст, ки он аз китоби муқаддас сарчашма мегирад.Коршинос меафзояд, сухан дар бораи яке аз оятҳои сураи Нисо меравад. Ӯ мегӯяд, аслан, мафҳуми оят дар бораи иҷозти “задан” ё “зӯроварӣ” набуда, балки тарбияест, ки мард метавонад занро кунад.Сангалиев меафзояд, уламо ин сураро ду навъ тафсир мекунанд. Дар тафсири дигар калимаи охирон на ба маънои “задан”, балки “сухан накардан” низ меояд.Ба қавли коршиноси динӣ, агар тафсири аввал, “задан” кор бурда шавад ҳам, мурод аз он зӯроварӣ нисбати занон нест.“Худованд мефармояд, ки ҳар касе ки аз рӯи зулм мезанад, дар рӯзи қиёмат аз вай гирифта мешавад. Барои ҳамин зӯроварӣ нисбати аъзои оила, махсусан занон, ки нисбат ба мардон заифанд, мумкин нест”, - таъкид мекунад вай.Ба фикри корманди Маркази исломӣ, бештар шудани ҳолатҳои хушунат дар хонаводаҳо бо далели надонистани мавқеи бонувон дар зиндагӣ аз нигоҳи ислом ҳам ҳаст.“Зан як ҳиссаи зиндагӣ ва амонати Худо дар назди мард аст”, -таъкид мекунад вай.Маҳмуд Сангалиев меафзояд, ба нафаре аз муроҷиаткунандагон шӯро маслиҳати талоқ ё ҷудо шуданро намедиҳад. Ба занони муроҷиаткунанда мегӯяд, ки сабур бошанд ва мардон аз ҳуқуқҳои занон ва ӯҳдадориҳои мардон дар назди ҳамсар насиҳат мекунад.
https://sputnik.tj/20220204/padidai-nav-zanhoi-tojik-ham-aliment-medihand-1045517647.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102639/67/1026396787_140:0:861:541_1920x0_80_0_0_8ce5cf03b62378ceb748e22fe0830e74.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
ислом задан занон иҷозат тафсири оят қуръон
ислом задан занон иҷозат тафсири оят қуръон
Ислом ба задани занон иҷозат медиҳад? Ду тафсири як ояти Қуръон
Дар китоби муқаддаси мусалмонон ояте ҳаст, ки аз “тарбия”-и зан аз ҷониби шавҳар мегӯяд. Оё он иҷозат медиҳад, ки мард нисбати зан зӯровариро раво бинад?
ДУШАНБЕ, 14 июн – Sputnik. Оилаҳои ҷавон ё хело асабониянд, ё мушкилии зиёд доранд. Аз ин лиҳоз ба Шӯрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон муроҷиатҳо аз ҷой доштани хушунат дар хонавода зиёд мешаванд, мегӯяд мутахассиси Шӯъбаи фатвои марказ Маҳмуд Сангалиев.
Ба қавли мутахассис, бештари ҳолатҳо муроҷиаткунандагон занон мебошанд. Мардон бодашанд, гоҳо аз ҷой доштани ояте дар китоби муқаддаси мусалмонон, ки ба “задани ҳамсар иҷозат медиҳад”, “далел” меоваранд.
Домулло Маҳмуд Сангалиев ба Sputnik Тоҷикистон тавзеҳ дод, ки ин ояти қуръонӣ аз чӣ сӯҳбат мекунад.
Коршинос мегӯяд, дар дини ислом барои зану шавҳар ҳуқуқу ӯҳдадориҳои муайян ҷорӣ шудааст, ки он аз китоби муқаддас сарчашма мегирад.
Коршинос меафзояд, сухан дар бораи яке аз оятҳои сураи Нисо меравад. Ӯ мегӯяд, аслан, мафҳуми оят дар бораи иҷозти “задан” ё “зӯроварӣ” набуда, балки тарбияест, ки мард метавонад занро кунад.
“Маънии сура чунин аст, ки “агар шумо тарсед, ки зан аз амри шумо саркашӣ мекунанд ё дар сари шумо зӯрӣ мекунад, метавонед, нахуст насиҳат кунед, сипас ҷогахобатонро иваз кунед ва агар ин ҳам нашуд, сипас занед”, - тавзеҳ медиҳад вай.
Сангалиев меафзояд, уламо ин сураро ду навъ тафсир мекунанд. Дар тафсири дигар калимаи охирон на ба маънои “задан”, балки “сухан накардан” низ меояд.
Ба қавли коршиноси динӣ, агар тафсири аввал, “задан” кор бурда шавад ҳам, мурод аз он зӯроварӣ нисбати занон нест.
“Худованд мефармояд, ки ҳар касе ки аз рӯи зулм мезанад, дар рӯзи қиёмат аз вай гирифта мешавад. Барои ҳамин зӯроварӣ нисбати аъзои оила, махсусан занон, ки нисбат ба мардон заифанд, мумкин нест”, - таъкид мекунад вай.
Ба фикри корманди Маркази исломӣ, бештар шудани ҳолатҳои хушунат дар хонаводаҳо бо далели надонистани мавқеи бонувон дар зиндагӣ аз нигоҳи ислом ҳам ҳаст.
“Зан як ҳиссаи зиндагӣ ва амонати Худо дар назди мард аст”, -таъкид мекунад вай.
Маҳмуд Сангалиев меафзояд, ба нафаре аз муроҷиаткунандагон шӯро маслиҳати талоқ ё ҷудо шуданро намедиҳад. Ба занони муроҷиаткунанда мегӯяд, ки сабур бошанд ва мардон аз ҳуқуқҳои занон ва ӯҳдадориҳои мардон дар назди ҳамсар насиҳат мекунад.