https://sputnik.tj/20220614/hushbor-boron-sel-tojikiston-1049190067.html
Ҳушдор аз борони шадид ва селфароӣ дар аксари навоҳии кӯҳистонии Тоҷикистон
Ҳушдор аз борони шадид ва селфароӣ дар аксари навоҳии кӯҳистонии Тоҷикистон
Sputnik Тоҷикистон
КҲФ аз аҳолӣ даъват мекунад, ки пеш аз оғози боронҳои пуршиддат чӯйбору селроҳаҳоро аз ҳар гуна хасу хасрӯбаҳо тоза кунанд, то маҷрои об ба сӯи хонаҳо нагардад
2022-06-14T20:50+0500
2022-06-14T20:50+0500
2022-06-14T20:50+0500
рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода
кҳф
хатар
селфароӣ
дар тоҷикистон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/06/0e/1049189166_0:75:800:525_1920x0_80_0_0_4c3ebcebcad2a6033beac6fa71561bce.jpg
ДУШАНБЕ, 14 июн — Sputnik. Дар як қатор ноҳияҳои кӯҳӣ ва наздикӯҳии ҷумҳурӣ, бориши шадид ва хавфи омадани сел пешгӯӣ мешавад.Дар ин бора, Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.Гуфта мешавад, ки тибқи маълумоти Ожонси ҳавошиносии кишвар дар як қатор ноҳияҳои кӯҳӣ ва наздикӯҳии ҷумҳурӣ, ба ҷуз аз шарқи Бадахшони Кӯҳӣ боронҳои шадид дар назар аст. Илова бар ин, ба далели баланд шудани дамои ҳаво хатари болоравии сатҳи оби рӯдхонаҳо, резиши сангу лағзиши тарма вуҷуд дорад. Дар ин росто, кумита аз аҳолӣ даъват мекунад, ки қабл аз оғози боронҳои пуршиддат чӯйбору селроҳаҳоро аз ҳар гуна хасу хасрӯбаҳо тоза кунанд, то об маҷрои худро ба самти хонаву ҳавлиҳо ва киштзорон дигар накунад.Манбаъ афзуда, ки дар баробари бориши шадид, раъду барқ ба амал меояд, ки метавонад як хатари дигар барои аҳолӣ бошад.Дар робита ба ин, Кумита ба сокинон ва меҳмонони кишвар тавсия медиҳад, ки ҳангоми истироҳат дар соҳили кӯлу дарёву обанборҳо қоидаҳои бехатариро риоя кунанд.Ғарқшавии 56 нафар дар обҳои Тоҷикистон: аз 4 то 35 солаКумита ҳамчунин аз аҳолӣ хоҳиш мекунад дар чунин рӯзҳои сербориш ҳангоми убур аз роҳҳои кӯҳиву наздикӯҳӣ эҳтиёткор бошанд, ҳамчунин муваққатан ба ғунучини ҳезуму ҷамъоварии занбӯруғ, моҳидорӣ ва шикор низ нараванд.
https://sputnik.tj/20220614/tavsiyaho-khf-zinda-daryo-1049172444.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/06/0e/1049189166_0:0:800:600_1920x0_80_0_0_bf191040b875dbdebfd70cd7d3035068.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
ҳушдор, кҳф, селфароӣ, тоҷикистон
ҳушдор, кҳф, селфароӣ, тоҷикистон
Ҳушдор аз борони шадид ва селфароӣ дар аксари навоҳии кӯҳистонии Тоҷикистон
КҲФ аз аҳолӣ даъват мекунад, ки пеш аз оғози боронҳои пуршиддат ҷӯйбору селроҳаҳоро аз ҳар гуна хасу хасрӯбаҳо тоза кунанд, то маҷрои об ба сӯйи хонаҳо нагардад
ДУШАНБЕ, 14 июн — Sputnik. Дар як қатор ноҳияҳои кӯҳӣ ва наздикӯҳии ҷумҳурӣ, бориши шадид ва хавфи омадани сел пешгӯӣ мешавад.
Дар ин бора, Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Гуфта мешавад, ки тибқи маълумоти Ожонси ҳавошиносии кишвар дар як қатор ноҳияҳои кӯҳӣ ва наздикӯҳии ҷумҳурӣ, ба ҷуз аз шарқи Бадахшони Кӯҳӣ боронҳои шадид дар назар аст.
"Ин боронҳо метавонанд боиси омадани сел дар минтақаҳо гарданд", - омадааст дар хабарнома.
Илова бар ин, ба далели баланд шудани дамои ҳаво хатари болоравии сатҳи оби рӯдхонаҳо, резиши сангу лағзиши тарма вуҷуд дорад.
Дар ин росто, кумита аз аҳолӣ даъват мекунад, ки қабл аз оғози боронҳои пуршиддат чӯйбору селроҳаҳоро аз ҳар гуна хасу хасрӯбаҳо тоза кунанд, то об маҷрои худро ба самти хонаву ҳавлиҳо ва киштзорон дигар накунад.
Манбаъ афзуда, ки дар баробари бориши шадид, раъду барқ ба амал меояд, ки метавонад як хатари дигар барои аҳолӣ бошад.
Дар робита ба ин, Кумита ба сокинон ва меҳмонони кишвар тавсия медиҳад, ки ҳангоми истироҳат дар соҳили кӯлу дарёву обанборҳо қоидаҳои бехатариро риоя кунанд.
Кумита ҳамчунин аз аҳолӣ хоҳиш мекунад дар чунин рӯзҳои сербориш ҳангоми убур аз роҳҳои кӯҳиву наздикӯҳӣ эҳтиёткор бошанд, ҳамчунин муваққатан ба ғунучини ҳезуму ҷамъоварии занбӯруғ, моҳидорӣ ва шикор низ нараванд.