https://sputnik.tj/20220614/bozdosht-zan-intikol-dollar-tojikiston-1049161626.html
Боздошти ду зан барои кӯшиши интиқоли садҳо ҳазор доллар ба Тоҷикистон
Боздошти ду зан барои кӯшиши интиқоли садҳо ҳазор доллар ба Тоҷикистон
Sputnik Тоҷикистон
Хадамоти амнияти давлатии Ӯзбекистон аз боздошти ду зан хабар дод, ки нияти интиқол додани беш аз 300 ҳазор доллар ба Тоҷикистонро доштаанд 14.06.2022, Sputnik Тоҷикистон
2022-06-14T12:58+0500
2022-06-14T12:58+0500
2022-06-14T14:04+0500
осиёи марказӣ
дар тоҷикистон
ӯзбекистон
рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода
доллар
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/03/1f/1047235308_0:164:3071:1891_1920x0_80_0_0_eb851c3c2612de4e4ef2c06a018eafc7.jpg
ДУШАНБЕ, 14 июн — Sputnik. Дар гузаргоҳи "Қазарма"-и вилояти Бекободи Ӯзбекистон аз сӯи марзбонон ду зан боздошт шуданд, ки кӯшиш доштанд садҳо ҳазор долларро ғайриқонунӣ вориди Тоҷикистон кунанд.Аз боздошт гардидану ду зан, ки яке 28 ва дигаре 42 - сола мебошанд, котиботи Хадамоти амнияти давлатии Ӯзбекистон хабар дод.Бар хабари манбаъ, боздоштшуда ҳар ду шаҳрвандони Ӯзбекистон буда, 356 ҳазор долларро барои интиқол додан ба Тоҷикистон дохили либосҳои танаашон пинҳон кардаанд, вале аснои аз назаргузаронӣ дар марз ба дасти нозирони гузаргоҳ уфтоданд.Зимни бозпурсӣ онҳо иқрор намуданд, ки бо дархости як тоҷикистонӣ бо номи Маҳмуд ин миқдор пулро бояд ба Тоҷикистон мебурданд ва бар иваз мукофотпулииин калон ба онҳо ваъда шуда буд.Манбаъ меафзояд, аз дохили либосҳои зани 42 - сола 166 ҳазор доллар ва аз дуввумӣ 190 ҳазор доллар дарёфту мусодира карда шуд.Феълан, ҳар ду зан дар боздошт қарор доранд. Мақомоти марбутаи Ӯзбекистон дар пайи муайян кардани ашхосе ҳастанд, ки аз дасти онҳо ин ду нафар зан беш аз 300 ҳазор доллар барои интиқол додан ба Тоҷикистон гирифта буданд.Хадамоти амнияти давлатии Ӯзбекистон мегӯяд, ҳоло нисбати занҳо парвандаи ҷиноӣ боз шудаастд.Бар тибқи қавонин, шаҳрвандон ҳақ доранд фақат то даҳ ҳазор долларро бидуни санад аз як кишвар ба давлати дигар интиқол диҳанд.
https://sputnik.tj/20220607/pul-davlat-jazoi-muhosib-maktab-sokhtakori-1048984907.html
ӯзбекистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/03/1f/1047235308_0:0:2731:2048_1920x0_80_0_0_71ec892604cf88f58f5b60ca284e5a0c.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
осиёи марказӣ, дар тоҷикистон, ӯзбекистон, рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода, доллар
осиёи марказӣ, дар тоҷикистон, ӯзбекистон, рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода, доллар
Боздошти ду зан барои кӯшиши интиқоли садҳо ҳазор доллар ба Тоҷикистон
12:58 14.06.2022 (Навсозишуда: 14:04 14.06.2022) Хадамоти амнияти давлатии Ӯзбекистон аз боздошти ду зан хабар дод, ки нияти интиқол додани беш аз 300 ҳазор доллар ба Тоҷикистонро доштаанд
ДУШАНБЕ, 14 июн — Sputnik. Дар гузаргоҳи "Қазарма"-и вилояти Бекободи Ӯзбекистон аз сӯи марзбонон ду зан боздошт шуданд, ки кӯшиш доштанд садҳо ҳазор долларро ғайриқонунӣ вориди Тоҷикистон кунанд.
Аз боздошт гардидану ду зан, ки яке 28 ва дигаре 42 - сола мебошанд, котиботи Хадамоти амнияти давлатии Ӯзбекистон хабар дод.
Бар хабари манбаъ, боздоштшуда ҳар ду шаҳрвандони Ӯзбекистон буда, 356 ҳазор долларро барои интиқол додан ба Тоҷикистон дохили либосҳои танаашон пинҳон кардаанд, вале аснои аз назаргузаронӣ дар марз ба дасти нозирони гузаргоҳ уфтоданд.
Зимни бозпурсӣ онҳо иқрор намуданд, ки бо дархости як тоҷикистонӣ бо номи Маҳмуд ин миқдор пулро бояд ба Тоҷикистон мебурданд ва бар иваз мукофотпулииин калон ба онҳо ваъда шуда буд.
Манбаъ меафзояд, аз дохили либосҳои зани 42 - сола 166 ҳазор доллар ва аз дуввумӣ 190 ҳазор доллар дарёфту мусодира карда шуд.
Феълан, ҳар ду зан дар боздошт қарор доранд. Мақомоти марбутаи Ӯзбекистон дар пайи муайян кардани ашхосе ҳастанд, ки аз дасти онҳо ин ду нафар зан беш аз 300 ҳазор доллар барои интиқол додан ба Тоҷикистон гирифта буданд.
Хадамоти амнияти давлатии Ӯзбекистон мегӯяд, ҳоло нисбати занҳо парвандаи ҷиноӣ боз шудаастд.
Бар тибқи қавонин, шаҳрвандон ҳақ доранд фақат то даҳ ҳазор долларро бидуни санад аз як кишвар ба давлати дигар интиқол диҳанд.