Байдени 79-сола боз барои як давраи дигар президент шудан мехоҳад

© Sputnik / Сергей Гунеев / Гузариш ба медиабонкЖенева в преддверии саммита президента России В. Путина и президента США Дж. Байдена
Женева в преддверии саммита президента России В. Путина и президента США Дж. Байдена - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.06.2022
Обуна шудан
Интихоботи навбатии президентӣ дар Амрико моҳи ноябри соли 2024 баргузор мешавад. Кишвардори феълӣ мехоҳад боз барои як давраи дигар интихоб шавад
ДУШАНБЕ, 14 июн — Sputnik. Раисҷумҳури ИМА Ҷо Байден ният дорад, ки дар интихоботи соли 2024 барои даври дуввуми курсӣ ширкат кунад.
Ин хабарро сухангӯи Кохи сафед Карин Жан-Пер дар шабакаи телевизионии CNN тасдиқ кард.
"Он чизе, ки ман метавонам бигӯям, ин аст, ки президент борҳо гуфта буд, ки ӯ нақша дорад дар соли 2024 номзадии худро пешбарӣ кунад ... Ман танҳо гуфта метавонам, ки президент ният дорад он чизеро, ки президент ба нақша гирифтааст, иҷро кунад", - гуфт Жан-Пер.
Котиби матбуотии Кохи сафед иддаоро дар як матлаби қаблии New York Times рад кард, ки синну соли раисиҷумҳури 79-сола барои давраи дуввум мушкил аст.
Жан-Пер илова кард, ки маъмурияти Амрико ба ин масъала диққат намедиҳад ва президенти феълӣ мехоҳад боз дар курсии раёсатҷумҳурӣ бимонад.
Қаблан расонаҳо гузориш дода буданд, ки Байден ба раҳбари пешини ИМА Барак Обама гуфтааст, ки ният дорад, барои даври дуввуми интихоботи президентии соли 2024 ширкат кунад.
Президент США Джо Байден - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.06.2022
“Расвоӣ!” Сенатори амрикоӣ ба Байден барои кораш баҳои як гузошт
Худи Ҷо Байден гуфта буд, ҷонибдори он аст, ки Доналд Трамп дубора рақиби ӯ дар интихоботи соли 2024 шавад. Нақшаҳои президенти кунунии Амрико дар бораи дубора дар интихобот ширкат карданро соли гузашта собиқ сухангӯи Кохи сафед Ҷен Псакӣ низ тасдиқ карда буд.
Ёдовар мешавем, ки Ҷо Байден кишвардори феълии Амрико соли 2020 бо дарёфти 273 раъйи ҳайати интихоботӣ ҳарифаш Доналд Трампро шикаст дод.
Гуфта мешавад, дар интихоботи президентии соли 2020 дар Амрико дар тайи 120 сол бори аввал шумораи зиёди интихобкунандагон ҳозир шуданд.
Рекорди пештара дар ин кишвар соли 1900 ба қайд гирифта шуда буд. Он вақт дар интихобот 73,7 % интихобкунадагон ҳозир шуда буданд, ин дафъа 66,9 % сокинони Амрико дар интихобот иштирок карданд.
Лентаи хабарҳо
0