Муҳассилини Суғд аз олимпиадаи байналмилалӣ 39 медали тилою нуқра оварданд

© Пресс служба президента РТТаджикские студенты, архивное фото
Таджикские студенты, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.06.2022
Обуна шудан
Хонандагони макотиби миёнаи вилояти Суғд дар олимпиадаи байналмилалӣ 9 медали тило, 15 нишони нуқра ва 15 медали биринҷӣ ба даст оварданд
ДУШАНБЕ, 13 июн — Sputnik. Муҳассилини макотиби таҳсилоти миёнаи вилояти Суғд дар олимпиадаи байналмилалии "IQ-FISO" 39 медал гирифтанд.
Дар ин бора хадамоти матбуотии раиси вилояти Суғд хабар медиҳад.
Гуфта мешавад, ки дар натиҷаи ҷамъбасти даври ниҳоии Олимпиадаи байналмилалии "IQ-FISO" ба хонандагони мактабҳои вилояти Суғд муяссар гардид, ки 39 медали тило, нуқра ва биринҷӣ ба даст оранд.
Олимпиадаи байналмилалии "IQ-FISO" тариқи фосилавӣ аз фанни "Мантиқ" баргузор гардид.
Бино ба гузориши манбаъ, дар озмуни мазкур 1271 нафар хонандагон аз 20 давлати дунё иштирок намудаанд.
Тоҷикистонро дар ин озмуни бонуфуз 71 нафар хонандагони муассисаҳои таълимии вилоят — мактаби президентӣ барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Бӯстон, литсей барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Хуҷанд ва мактаби таҳсилоти миёнаи умумии 4 ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дар 5 категорияи синну солӣ намояндагӣ карданд.
Таджикские студенты на международной олимпиаде Коперник - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.01.2022
Хонандагони тоҷик аз Техас 15 медал оварданд
Ҳамин тавр, хонандагони "мактаби президентӣ барои хонандагони болаёқат" дар шаҳри Бӯстон 35 медал, Литсей барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Хуҷанд 3 медал ва мактаби таҳсилоти миёнаи умумии 4- и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров 1 медал ба даст оварданд.
Пештар хонандаи синфи 11 -уми "Литсей барои хонандагони болаёқат" дар шаҳри Хуҷанд Маҳлиёхон Авзалова дар озмунҳои Донишгоҳҳои Амрико ва Булғористон дар соли 2022 иштирок намуда, соҳиби гранти омӯзишӣ ба маблағи беш аз 96 ҳазор доллари амрикоӣ шуд.
Ҳамчунин ба хонандаи тоҷик имтиёзи таҳсили ройгон дар 3 Донишгоҳи бонуфузи кишвари Амрико, Булғористон ва Осиёии марказиро ба даст овард.
Лентаи хабарҳо
0