Ҳалокати чӯпони ҷавон ва бистарӣ шудани як зан бар асари раъду барқ дар Дарвоз

© BrinWeins / pixabayМолния в небе
Молния в небе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.06.2022
Обуна шудан
Рамачаронӣ барои як ҷавони тоҷик дар ноҳияи Дарвози Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо фоҷиа анҷом ёфт. Дар ин бора КҲФ хабар медиҳад
ДУШАНБЕ, 13 июн — Sputnik. Дар чарогоҳи Сафедсанги ноҳияи Дарвоз бар асари раъду барқ чӯпони 27-сола ҷон аз даст додааст.
Бино ба гузориши Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ин ҳодисаи фоҷиабор дар ҷамоати деҳоти Сағирдашти ноҳияи Дарвози ВМКБ рух додааст.
Гуфта мешавад, ки зодаи ноҳияи Ҷ.Балхии вилояти Хатлон, чӯпони 27 -сола зимни чаронидани рама аз зарби раъду барқ ба ҳалокат расидааст.
Ҳамчунин 15 cap гӯсфанд низ бар асари ин офати табиӣ нобуд шудааст.
Дар баробари ин, бино ба гузориши КҲФ, раъду барқ як зани 43-солаи деҳаи Сағирдашти ҷамоати деҳоти Сағирдашти ноҳияи Дарвозро низ дар ҳавлиаш пахш кардааст.
Тонущий человек, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.04.2022
Ғарқшавӣ ва фавти кӯдаки ноболиғ дар Хатлон: КҲФ сабабашро гуфт
Манбаъ афзуда, ки феълан зан дар беморхонаи вилоятӣ қарор дорад.
Бори аввал нест, ки сокинони Тоҷикистон бар асари раъду барқ кушта мешаванд.
Моҳигирии фоҷеабор: ҷасади ҷавони 18-сола аз рӯди Кофарниҳон пайдо шуд
Соли 2015 дар ноҳияи Рӯдакӣ раъду барқ се хоҳарро кушта буд. Ва ҳамон сол, сокинони шимоли кишвар низ бар асари раъду барқ кушат шуда буданд.
Лентаи хабарҳо
0