Александр Лукашенко мардум ва раисҷумҳури Русияро бо ҷашни давлатӣ табрик кард

© Sputnik / Михаил Климентьев / Гузариш ба медиабонк Президент России Владимир Путин и президент Беларуси Александр Лукашенко
 Президент России Владимир Путин и президент Беларуси Александр Лукашенко - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.06.2022
Обуна шудан
Раисҷумҳури Беларус роҳбар ва мардуми Русияро бо ҷашни давлатии Рӯзи Русия табрик намуду барои мардум сулҳу оромӣ таманно кард
ДУШАНБЕ, 12 июн — Sputnik. Дар паёми табрикотии Александр Лукашенко, раисҷумҳури Беларус ба унвони роҳбар ва мардуми Русия ба муносибати “Рӯзи Русия” гуфта шудааст, ки кишвари Русия дар шароити душвори геополитикӣ аз манфиатҳои миллии худ дифоъ мекунад ва нақшаҳои таъмини рушди мунтазами иҷтимоию иқтисодиро бомуваффақият амалӣ мекунад.
“Дар шароити душвори геополитикӣ Русия аз манфиатҳои миллии худ ҳимоят мекунад, нақшаҳои таъмини рушди мунтазами иҷтимоию иқтисодиро бомуваффақият амалӣ менамояд", - гуфтааст Лукашенко.
Ба гуфтаи роҳбари Беларус, "ватандӯстӣ ва ҳамбастагии шаҳрвандон, дастгирӣ ва эътимоди баланд аз роҳи пешгирифтаи роҳбарияти кишвар посухи арзанда ба амалҳои ғайридӯстона алайҳи Русия аст".
Президент Белоруссии Александр Лукашенко  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.05.2022
"Аз худхоҳии миллӣ гузарем": Лукашенко шарикони Русияро ба муттаҳидӣ хонд
"Ман шубҳа надорам, ки русҳо, мисле, ки борҳо дар таърих рух дода буд, ҳама мушкилот ва озмоишҳоро бо сари баланд паси сар хоҳанд кард", - гуфт президенти Беларус.
Ӯ изхори боварӣ кард, ки муносибатҳои ҳақиқатан наздики Минску Москва ба манфиатхои халқҳои бародарии ҳар ду давлат комилан мувофиқанд.
Лукашенко ба Путин саломатӣ, некӣ, шукуфоӣ ва ба мардуми Русия сулҳу оромӣ орзу кард.
Лентаи хабарҳо
0