Рогозин Ғарб ва Киевро дар эҷоди гуруснагӣ айбдор кард

© Sputnik / Сергей Мамонтов / Гузариш ба медиабонкГлава госкорпорации "Роскосмос" Дмитрий Рогозин, архивное фото
Глава госкорпорации Роскосмос Дмитрий Рогозин, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.06.2022
Обуна шудан
Киев ва Ғарб ба содироти ғалла аз Украина монеъ шуда, ба ин васила гуруснагиро ба вуҷуд меоранд, дар ҳоле ки ҳама роҳҳо барои содирот бозанд
ДУШАНБЕ, 11 июн — Sputnik. Киев ва Ғарб ба содироти ғалла аз Украина монеъ шуда, ба ин васила гуруснагӣ меоранд, гуфт директори генералии Роскосмос Дмитрий Рогозин.
"Ба содирот танҳо хатти ҷиноии Украина монеъ мешавад, ки наздикшавӣ ба бандарҳояшонро мебанданд ва мисли саги бандӣ рафтор карда, воқеан гуруснагиро ба вуҷуд меоранд", - гуфт ӯ дар шабакаи телевизионии "Россия 24".
Ӯ ҳамзамон гуфт, ки Ғарб бо сиёсати таҳримии худ, ки ба киштиҳои мутааллиқ ба Русия, ки дар феҳристи баҳрии Федератсияи Русия ҳастанд, иҷоза намедиҳад, ки ин ғалларо содир кунад.
Дар ҳамин ҳол, ба гуфтаи ӯ, Русия соли ҷорӣ ҳосили хубро интизор аст, ки аллакай аз аксҳои моҳвораии киштзорҳо дида мешавад.
Маврида ба зикр аст, ки қаблан Владимир Путин гуфта буд, ки Русия ба содироти ғаллаи Украина монеа эҷод намекунад ва гар зарур бошад ба убури осоишта, амнияти наздикшавӣ, вуруди киштиҳои хориҷӣ ва ҳаракати онҳоро дар соҳили баҳрҳои Азов ва Сиёҳ ба ҳар самте таъмин хоҳад кард.
Видео РИА Новости. Украинские войска подожгли тонны зерна в хранилищах порта Мариуполя - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 06.06.2022
Низомиёни украинӣ дар Мариупол анбори ғалларо сӯзондаанд - видео
Ба гуфтаи ӯ, изҳороте, ки гӯё Русия ба содироти ғалла аз бандарҳои Украина иҷоза намедиҳад, як дурӯғ аст. Ӯ қайд кард, ки барои содироти ғалла чанд роҳ вуҷуд дорад.
"Роҳи аввал. Марҳамат, шумо метавонед тавассути бандарҳое, ки таҳти назорати Украина ҳастанд, пеш аз ҳама ҳавзаи Баҳри Сиёҳ - Одесса ва бандарҳои наздики он содирот кунед. Мо роҳҳо ба бандарро мина накардаем - Украина буд, ки минакорӣ кард", - гуфт Путин.
Президенти Русия гуфт, борҳо ба хамаи ҳамтоёнаш изҳор дошт, ки бигзор минаҳоро тоза кунанд ва киштиҳо пур аз ғалла аз бандарҳо бароянд.
" Мо бе ягон мушкили ба обҳои байналмилали гузариши осоиштаи онҳоро кафолат медиҳем", - гуфт ӯ.
Имкони дигар низ дигар вуҷуд дорад: бандарҳои баҳри Азов - Бердянск, Мариупол - таҳти назорати Русия ҳастанд, идома дод Путин.
"Мо омодаем, ки содироти безарари ғаллаи Украинаро тавассути ин бандарҳо таъмин кунем. Мо аллакай корҳоро оид ба безараргардонии минаҳо ба итмом мерасонем: нерӯҳои украинӣ қаблан онҳоро дар се қабат минакорӣ карда буданд. Мо логистикаи заруриро фароҳам хоҳем овард", - афзуд президенти Русия.
Пшеничное поле - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.05.2022
Захарова: ИМА бо маҳрум кардани Украина аз захираҳои ғалла буҳрони ғизоӣ эҷод мекунад
Ба гуфтаи Путин, боз роҳи дигар вуҷуд дорад - шумо метавонед ғалларо аз Украина тавассути Дунай ва тавассути Руминия, Маҷористон ё Полша содир кунед.
"Дар ниҳоят, соддатарин роҳи содирот тавассути қаламрави Беларус аст. Осонтарин ва арзонтарин, зеро аз он ҷо зуд ба бандарҳои кишварҳои Балтика, ба баҳри Балтика ва минбаъд ба ҳар гӯшаи ҷаҳон меравад. Аммо барои ин бояд таҳримҳо алайҳи Беларусро бекор кард”, - гуфт ӯ.
Лентаи хабарҳо
0