Раиси вилояти Херсон шаҳрванди Русия шуд

© Sputnik / Евгений Биятов / Гузариш ба медиабонкЦеремония вручения российского паспорта
Церемония вручения российского паспорта - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.06.2022
Обуна шудан
Раҳбари вилояти Херсон яке аз аввалинҳо шуда, шиносномаи русиро гирифт. Дар баробари ин сиёсатмадор 22 сокини ин вилоят шаҳрванди Русия шуданд
ДУШАНБЕ, 11 июн — Sputnik. Дар вилояти Херсон аввалин шиносномаҳои шаҳрвандии Русия дода шуд, аз ҷумла раиси Херсон Владимир Салдо ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсиятро гирифтанд, хабар медиҳад РИА "Новости".

"Ин барои мо як рӯйдоди муҳим аст. Дар вилояти Херсон тасдиқи шаҳрвандии Русияро ботантана таҷлил гирифтанд. Ин муҳимтарин санадест, ки дар ҳаёти инсон вуҷуд дорад", — гуфт Салдо.

Котиби матбуотии маъмурияти вилояти Херсон Сергей Мороз гуфт, ки судури шиносномаҳои аввалин ба муносибати таҷлили Рӯзи Русия, ки 12 июн таҷлил мешавад, сурат гирифтааст.
Пештар хабар дода шуд, ки ҳазорҳо сокини вилояти Херсон аллакай барои гирифтани шаҳрвандии Русия дархост пешниҳод кардаанд.
Повседневная жизнь в Херсоне - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.06.2022
Сокинони вилояти Херсон розӣ ҳастанд, ки як қисми Русия шаванд
Мудири ҳукумати ҳарбӣ-шаҳрвандии ин вилоят Кирилл Стремоусов қаблан аз нияти пайвастани Херсон ба Русия суҳбат намуда, изҳор карда буд, ки дар айни ҳол масъалаи аввалиндараҷа ин беҳбуди вазъи иқтисодӣ-иҷтимоии шаҳрвандон мебошад.
Маврид ба зикр аст, ки дар ҷараёни амалиёти вижа низомиёни Русия вилояти Херсон ва қисмати Азови вилояти Запорожеро таҳти назорат гирифтанд.
Ба гуфтаи Стремоусов, дар оянда марзҳо байни Қрим ва вилояти Херсон бардошта мешаванд, ки барои интиқоли гандуму ғалла на танҳо ба Русия, балки ба дигар кишварҳо низ мусоидат мекунад.
Марзи байни Қрим ва Херсон бардошта мешавад
Феълан дар минтақа мудирияти низомии шаҳрвандӣ ба кор, шабакаҳои телевизионӣ ва радиоҳои Русия ба пахши барномаҳо шуруъ карданд ва робитаҳои тиҷоратӣ бо Қрим барқарор мешаванд.
Русия рӯзи 24 феврал амалиёти низомиро дар Украина оғоз кард. Президенти Русия Владимир Путин ҳадафи онро "ҳимояи одамоне номид, ки 8 сол боз таҳти таъқибу генотсид аз ҷониби режими Киев қарор гирифтаанд."
Ба гуфтаи ӯ, дар назар аст, ки "нозизудоӣ ва ғайринизомикунонии Украина" анҷом шуда, тамоми масъулини "ҷиноятҳои хунини зидди мардуми осоишта" дар Донбасс ба ҷавобгарӣ кашида шаванд. Аммо дар бораи ишғоли Украина сухане нест, таъкид кард раисҷумҳури Русия.
Ба гуфтаи вазорати дифоъ, то охири моҳи март артиши Русия вазифаҳои асосии марҳалаи аввалро анҷом дод - он зарфияти ҷангии Украинаро ба таври қобили мулоҳиза коҳиш дод. Ҳадафи асосӣ дар ин ниҳод озодкунии Донбасс номида шуд.
Лентаи хабарҳо
0