Хафви болоравии об: сокинони Тоҷикистонро рӯзҳои истироҳатии хатарноке интизор аст

© PixabayСелевой поток
Селевой поток  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.06.2022
Обуна шудан
Рӯзи истироҳатӣ дар Тоҷикистон метавонад барои сокинони манотиқи кӯҳистонӣ ба далели омадани ҳавои номусоид як озмоиши воқеӣ бошад
ДУШАНБЕ, 11 июн — Sputnik. Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоти борон ва раъду барқ ​​ҳушдор медиҳанд, хабар медиҳад Агентии обуҳавошиносии ҷумҳурӣ.
Дар рӯзҳои истироҳатии оянда ҳавои хатарнок пешгӯӣ мешавад. Ҳамин тариқ, 11 ва 12 июн боришот шуда, боиси омадани сел мегардад.
Рӯзҳои шанбе ва якшанбе дар Душанбе ҳавои борон пешбинӣ намешавад. Ҳаво рӯзона тақрибан +35 дараҷа гарм мешавад.
Дар баъзе ноҳияҳои доманакӯҳ ва кӯҳии ҷумҳурӣ, ба истиснои шарқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, омадани сел эҳтимол дорад.
Рӯзи шанбе дар Рашт раъду барқ ​​ва борон меборад. Ба гуфтаи ҳавошиносон, ҳаво рӯзона 27-29 дараҷа гарм мешавад.
Дар ҳамин ҳол, дар ноҳияҳои дигари тобеъи ҷумҳурӣ асосан бебориш шуда, шамол то 15 метр дар як сония меафзояд. Дар водиҳо рӯзона то 33—38, дар кӯҳсорон 25—30 дараҷа гарм мешавад.
Селевой поток в Таджикистане - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.06.2022
Миллионҳо сомонӣ зарар: пайомади офатҳои табиӣ дар Суғд маълум шуд
Дар вилояти Суғд низ борони кӯтоҳмуддат ва раъду барқ ​​мешавад. Дар баъзе ҷойҳо шамол то 18 метр дар як сония боло меравад, рӯзона дар шаҳрҳо то 37 дараҷа ва дар кӯҳҳо 21-26 дараҷа гарм мешавад.
Дар шарқи кишвар низ каме борон меборад. Ҳаминтавр, дар Мурғоб ҳаво нимаабрӣ шуда, каме борон мешавад ва гармо то 15—17 дараҷа мерасад.
Чунин манзара дар ғарби ВМКБ низ дида мешавад, ки ҳарорат рӯзона қариб 25—30 дараҷа гарм мешавад.
Дар ҷануби ҷумҳурӣ дар вилояти Хатлон танҳо дар навоҳии доманакӯҳ боридани борон ва раъду барқ ​​дар назар аст.
Лентаи хабарҳо
0