Баъди ним соли барканорӣ аз раисии шаҳри Кӯлоб: Вализода вазифаи нав гирифт

© сомонаи ҳукумати шаҳри ТурсунзодаАбдуқодир Вализода, раиси тозатаъйини шаҳри Кӯлоб
Абдуқодир Вализода, раиси тозатаъйини шаҳри Кӯлоб - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.06.2022
Обуна шудан
Раиси собиқи шаҳри Кӯлоб баъди қариб ним соли барканорияш аз ин вазифа бо фармони президенти Тоҷикистон вазифаи нави давлатиро соҳиб шуд
ДУШАНБЕ, 10 июн — Sputnik. Вализода Абдуқодир Исуф иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Шаҳринав таъйин шуд.
Фармон дар ин бораро Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон 10 июн имзо кард.
Ба иттилои дафтари матбуотии раисҷумҳури Тоҷикистон, Вализода дар мақоми роҳбари ноҳияи Шаҳринав Ҷаббор Носирзодаро иваз намуд, ки бо сабаби ба кори дигар гузаштанаш барканор шудааст.
Вализода раиси нав дар Шаҳринав аз моҳи июни соли 2020 то моҳи ноябри соли 2021 роҳбарии шаҳри Кӯлобро ба уҳда дошт. Аз феврали соли 2018 то таъйин шуданаш ба роҳбарӣ дар Кӯлоб раиси шаҳри Турсунзода буд.
Президент Таджикистана Эмомали Рахмон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.06.2022
Тағйироти кадрӣ дар Тоҷикистон
Тағйироти кадрӣ дар соҳаи маориф: Раҳмон ректорҳо ва мудиронро барканору таъйин кард
Бар асоси ҳолномаи расмӣ, Вализода 3 марти соли 1964 дар ноҳияи Ховалинг таваллуд шуда, солҳои 2006-2010 муовини раиси шаҳри Қурғонтеппа, солҳои 2010-2013 раиси ноҳияи Ховалинг, солҳои 2013-2018 ба ҳайси раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ кор кардааст.
Дар ҳолномаи Вализода инчунин омадааст, ки соли 1983 ӯ Техникуми политехникии шаҳри Душанбе ва соли 1996 Донишгоҳи аграрии Тоҷикистонро хатм карда, ихтисосаш муҳандиси хоҷагии қишлоқ, иқтисодчӣ мебошад. Мавсуф солҳои 1995-2000 корманди Комбинати орди ноҳияи Колхозобод ва солҳои 2000-2002 муовини аввали директори генералии иттиҳодияи "Ғалла"-и вилояти Хатлон буд.
Лентаи хабарҳо
0