Таъйини 3 муовини вазир дар Тоҷикистон

© Sputnik / Алексей ДружининПортфель с документами, архивное фото
Портфель с документами, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.06.2022
Обуна шудан
Раиси Ҳукумати Тоҷикистон дар вазоратҳои кишоварзӣ ва энергетикаю захираҳои оби ҷумҳурӣ муовинони нави вазиронро таъйин кард
ДУШАНБЕ, 10 июн — Sputnik. Носирзода Ҷаббор муовини вазири кишоварзии Тоҷикистон таъйин карда шуд, хабар дод дафтари матбуотии раисҷумҳури ҶТ.
Ба иттилои манбаъ, қарори ҳукумат дар ин бораро Эмомалӣ Раҳмон 10 июн имзо кардааст.
Ноиби нави вазири кишоварзии Тоҷикистон то ҳол роҳбарии ноҳияи Шаҳринавро ба уҳда дошт.
Ин тағйироти дуюм дар раёсати Вазорати кишоварзӣ аз аввали соли равон мебошад. Қаблан Саъдӣ Каримзода аз муовинӣ ба вазифаи вазифаи вазири кишоварзӣ таъйин шуда буд.
Президент Таджикистана Эмомали Рахмон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.06.2022
Тағйироти кадрӣ дар Тоҷикистон
Тағйироти кадрӣ дар соҳаи маориф: Раҳмон ректорҳо ва мудиронро барканору таъйин кард
Ӯ дар мақоми вазирӣ Сулаймон Зиёзодаро иваз кард, ки бо дастури раисҷумҳур муовини сарвазири Тоҷикистон таъйин гардид.
Тағйироти ҷадиди кадрӣ инчунин дар Вазорати энергетика ва захираҳои оби таҳти раёсати Далер Ҷумъа амалӣ шудааст.
Дафтари матбуотии раисҷумҳури Тоҷикистон мегӯяд, Эмомалӣ Раҳмон 10 июн қарори ҳукумат дар бораи таъйини Холмуҳаммадзода Сорбони Амирхониро ба вазифаи муовини вазири энергетика ва захираҳои оби ҷумҳурӣ имзо кард.
Бо қарори дигар Сафарзода Манучеҳр Баҳодур муовини вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон таъйин шудааст.
Лентаи хабарҳо
0