https://sputnik.tj/20220610/sharik-purquvvat-rusiya-1049099924.html
Ду шарики пурқуввати Русия маълум шуд
Ду шарики пурқуввати Русия маълум шуд
Sputnik Тоҷикистон
Дар ҳоле, ки ИМА ва ИА алайҳи интиқоли нафти Русия таҳримҳо ҷорӣ мекунанд, Ҳинд ва Чин, баръакс ҳарчӣ бештар тиллои сиёҳи кишварро харидорӣ мекунанд
2022-06-10T17:50+0500
2022-06-10T17:50+0500
2022-06-10T18:14+0500
таҳримот
дар русия
чин
энергетика
нафт
ҳиндустон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103091/81/1030918142_0:24:3183:1814_1920x0_80_0_0_1159bafaecf297254f3c3a6ddda12912.jpg
ДУШАНБЕ, 10 июн — Sputnik. Чин ва Ҳинд таъсири таҳримҳои зидди Русияро коҳиш медиҳанд. Дар ин бора "Nihon Keizai" менависад. Ба гуфтаи муаллифи нашрия, ин ба харидории манобеи энержии ин кишварҳо аз Федератсияи Русия марбут аст. Вай қайд кард, ки бо гузашти вақт шумораи бештари давлатҳо сарфи назар аз маҳдудиятҳои қаблан ҷоришуда бо Русия ҳамкорӣ мекунанд. Дар ҳоле ки ИМА ва Иттиҳодияи Аврупо таҳримҳо алайҳи интиқоли нафти Русияро идома медиҳанд, Ҳиндустон ва Чин хариди тилои сиёҳро афзоиш медиҳанд. Аз ин ҳисоб даромади Маскав фақат афзуд. "Русия аз содироти энержӣ, ки тавассути Чину Ҳиндустон дастгирӣ мешавад, маблағ мегирад, дар ҳоле ки самаранокии таҳримҳои ИМА ва Аврупо ба таври назаррас коҳиш ёфтааст", - мегӯяд муаллиф.Ҳаҷми содироти нафти хоми Пекин аз Русия ба истиснои қубурҳо дар моҳи май ҳудуди 800 ҳазор бушка дар як рӯзро ташкил дод. Дар қиёс бо моҳи январ ин нишондод 40 фоиз афзуд. Содироти тилои сиёҳ аз тариқи баҳр ба Ҳиндустон низ афзуд. Моҳи май он аз сифри январӣ ба 700 ҳазор баррел дар як рӯз расид. Ин кишвар хариди ангишти Русияро низ афзоиш додааст. Ин давлатҳо масъалаи зиёд кардани воридот ва дигар захираҳоро аз Русия матраҳ мекунанд."Гурӯҳи аблаҳон": Иттиҳодияи Аврупоро барои нафти Русия сахт интиқод кардандМуаллиф таваҷҷуҳро ба он ҷалб кард, ки маҳдудиятҳо ба коҳиши интиқоли гази Русия таъсир нарасонданд. "Баръакс дар пасманзари афзоиши назарраси нархи аврупоии ин манбаи воридотӣ қимати он афзоиш меёбад", - гуфт ӯ.ИМА ва ИА аз Деҳлӣ ва Пекин илтиҷо мекунанд, ки аз Русия сӯзишворӣ нахаранд. Бо вуҷуди ин бо афзоиши босуръати нархи ҷаҳонии нерӯи барқ фоидаи иқтисодӣ аз хариди маҳсулоти арзон хеле калон аст, мегӯяд муаллиф.
https://sputnik.tj/20220606/medvedev-avrupo-naft-rusiya-justuju-1048966924.html
чин
ҳиндустон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103091/81/1030918142_0:0:2731:2048_1920x0_80_0_0_caf50e8f2744860d20e2c2f232e279ab.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
има, иа, ҳинд,
Ду шарики пурқуввати Русия маълум шуд
17:50 10.06.2022 (Навсозишуда: 18:14 10.06.2022) Дар ҳоле ки ИМА ва ИА алайҳи интиқоли нафти Русия таҳрим ҷорӣ мекунанд, Ҳинд ва Чин, баръакс ҳарчи бештар тилои сиёҳи кишварро харидорӣ мекунанд
ДУШАНБЕ, 10 июн — Sputnik. Чин ва Ҳинд таъсири таҳримҳои зидди Русияро коҳиш медиҳанд. Дар ин бора "Nihon Keizai" менависад.
Ба гуфтаи муаллифи нашрия, ин ба харидории манобеи энержии ин кишварҳо аз Федератсияи Русия марбут аст.
Вай қайд кард, ки бо гузашти вақт шумораи бештари давлатҳо сарфи назар аз маҳдудиятҳои қаблан ҷоришуда бо Русия ҳамкорӣ мекунанд.
Дар ҳоле ки ИМА ва Иттиҳодияи Аврупо таҳримҳо алайҳи интиқоли нафти Русияро идома медиҳанд, Ҳиндустон ва Чин хариди тилои сиёҳро афзоиш медиҳанд. Аз ин ҳисоб даромади Маскав фақат афзуд.
"Русия аз содироти энержӣ, ки тавассути Чину Ҳиндустон дастгирӣ мешавад, маблағ мегирад, дар ҳоле ки самаранокии таҳримҳои ИМА ва Аврупо ба таври назаррас коҳиш ёфтааст", - мегӯяд муаллиф.
Ҳаҷми содироти нафти хоми Пекин аз Русия ба истиснои қубурҳо дар моҳи май ҳудуди 800 ҳазор бушка дар як рӯзро ташкил дод. Дар қиёс бо моҳи январ ин нишондод 40 фоиз афзуд.
Содироти тилои сиёҳ аз тариқи баҳр ба Ҳиндустон низ афзуд. Моҳи май он аз сифри январӣ ба 700 ҳазор баррел дар як рӯз расид. Ин кишвар хариди ангишти Русияро низ афзоиш додааст.
Ин давлатҳо масъалаи зиёд кардани воридот ва дигар захираҳоро аз Русия матраҳ мекунанд.
Муаллиф таваҷҷуҳро ба он ҷалб кард, ки маҳдудиятҳо ба коҳиши интиқоли гази Русия таъсир нарасонданд.
"Баръакс дар пасманзари афзоиши назарраси нархи аврупоии ин манбаи воридотӣ қимати он афзоиш меёбад", - гуфт ӯ.
ИМА ва ИА аз Деҳлӣ ва Пекин илтиҷо мекунанд, ки аз Русия сӯзишворӣ нахаранд. Бо вуҷуди ин бо афзоиши босуръати нархи ҷаҳонии нерӯи барқ фоидаи иқтисодӣ аз хариди маҳсулоти арзон хеле калон аст, мегӯяд муаллиф.