https://sputnik.tj/20220610/rusiya-samt-oyandador-tojikiston-kumak-1049085597.html
Русия дар як самти ояндадор ба Тоҷикистон кумак мекунад
Русия дар як самти ояндадор ба Тоҷикистон кумак мекунад
Sputnik Тоҷикистон
Кишварҳо ба мувофиқа расиданд, ки ҳамкорӣ дар яке аз самтҳои муҳиме, ки пас аз пандемия аз коронавирус барқарор шуда истодааст, фаъолона инкишоф диҳанд
2022-06-10T11:19+0500
2022-06-10T11:19+0500
2022-06-10T13:29+0500
дар тоҷикистон
дар русия
сайёҳӣ
ҳамкорӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102896/38/1028963832_0:161:3067:1886_1920x0_80_0_0_188b1e76e6dffb21f5c1d3e2cfa01528.jpg
ДУШАНБЕ, 10 июн — Sputnik. Намояндагони Русия ва Тоҷикистон таҳкими ҳамкориҳоро дар соҳаи гардишгарӣ баррасӣ карданд. Дар ин бора АМИТ "Ховар" бо истинод ба Кумитаи рушди сайёҳии ҷумҳурӣ хабар медиҳад. Дар вохӯрӣ кормандони ширкатҳое, ки дар ин самт ба тиҷорат машғуланд, имкониятҳои беназири Федератсияи Русия ва Тоҷикистонро муаррифӣ намуданд. Коршиносон ба тарафдории таҳкими робитаҳои ду кишвар дар ин самт изҳори назар карда, зарурияти ҳарчи бештар ҷалб намудани сайёҳонро қайд карданд. Ин ниҳод таъкид кардааст, ки Русия аз рӯи шумораи сайёҳони боздидкунанда аз Тоҷикистон дар даҳгонаи беҳтарин кишварҳо қарор дорад. Ҳамасола мутахассисони соҳа аз ҷумҳурӣ дар намоишгоҳҳои байналмилалии Москва, аз ҷумла дар "Интурмаркет" ва "МИТТ" иштирок мекунанд. Онҳо имкониятҳои Тоҷикистонро дар бозори сайёҳии Федератсияи Русия ва ИДМ муаррифӣ мекунанд.Қаблан пешгӯӣ шуда буд, ки дар пайи лағви маҳдудиятҳои коронавирус дар парвозҳо туризм дар ҷумҳурӣ босуръат рушд хоҳад кард. Ёдовар мешавем, ки дар соли 2021 Тоҷикистон ба яке аз маъруфтарин кишварҳои хориҷӣ миёни русҳо табдил шуда буд. Ба феҳристи кишварҳои дархостшуда ҳамчунин Туркия, Қирғизистон, Ӯзбекистон, Озарбойҷон, Молдова, Беларус, Амороти Муттаҳидаи Араб ва Юнон шомил шуда буданд.
https://sputnik.tj/20220518/gardishgari-garmkhonasoz-hamkori-antaliya-1048543890.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102896/38/1028963832_169:0:2898:2047_1920x0_80_0_0_b2e484db1a83220d448a43f15fa44622.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
русия самт ояндадор тоҷикистон кумак
русия самт ояндадор тоҷикистон кумак
Русия дар як самти ояндадор ба Тоҷикистон кумак мекунад
11:19 10.06.2022 (Навсозишуда: 13:29 10.06.2022) Кишварҳо ба мувофиқа расиданд, ҳамкорӣ дар яке аз самтҳои муҳимеро, ки пас аз пандемияи коронавирус барқарор шуда истодааст, фаъолона инкишоф диҳанд
ДУШАНБЕ, 10 июн — Sputnik. Намояндагони Русия ва Тоҷикистон таҳкими ҳамкориҳоро дар соҳаи гардишгарӣ баррасӣ карданд. Дар ин бора АМИТ "Ховар" бо истинод ба Кумитаи рушди сайёҳии ҷумҳурӣ хабар медиҳад.
Дар вохӯрӣ кормандони ширкатҳое, ки дар ин самт ба тиҷорат машғуланд, имкониятҳои беназири Федератсияи Русия ва Тоҷикистонро муаррифӣ намуданд.
Коршиносон ба тарафдории таҳкими робитаҳои ду кишвар дар ин самт изҳори назар карда, зарурияти ҳарчи бештар ҷалб намудани сайёҳонро қайд карданд.
Ин ниҳод таъкид кардааст, ки Русия аз рӯи шумораи сайёҳони боздидкунанда аз Тоҷикистон дар даҳгонаи беҳтарин кишварҳо қарор дорад.
Ҳамасола мутахассисони соҳа аз ҷумҳурӣ дар намоишгоҳҳои байналмилалии Москва, аз ҷумла дар "Интурмаркет" ва "МИТТ" иштирок мекунанд.
Онҳо имкониятҳои Тоҷикистонро дар бозори сайёҳии Федератсияи Русия ва ИДМ муаррифӣ мекунанд.
Қаблан пешгӯӣ шуда буд, ки дар пайи лағви маҳдудиятҳои коронавирус дар парвозҳо туризм дар ҷумҳурӣ босуръат рушд хоҳад кард.
Ёдовар мешавем, ки дар соли 2021 Тоҷикистон ба яке аз маъруфтарин кишварҳои хориҷӣ миёни русҳо табдил шуда буд.
Ба феҳристи кишварҳои дархостшуда ҳамчунин Туркия, Қирғизистон, Ӯзбекистон, Озарбойҷон, Молдова, Беларус, Амороти Муттаҳидаи Араб ва Юнон шомил шуда буданд.