https://sputnik.tj/20220610/parvoz-tojikiston-eron-1049087223.html
Таърихи нахустин парвоз миёни Тоҷикистону Эрон пас аз танаффус маълум шуд
Таърихи нахустин парвоз миёни Тоҷикистону Эрон пас аз танаффус маълум шуд
Sputnik Тоҷикистон
Дар ҳоли ҳозир танҳо ширкати ҳавопаймоии эронии Iran air парвозҳоро байни ду кишвар дар як ҳафта ду маротиба анҷом медиҳад
2022-06-10T13:20+0500
2022-06-10T13:20+0500
2022-06-10T14:45+0500
дар тоҷикистон
эрон
парвоз
ҳамкорӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/01/14/1044974979_0:66:2371:1399_1920x0_80_0_0_fadb45d1acec8b784edba425af4f79c8.jpg
ДУШАНБЕ, 10 июн — Sputnik. Замони дақиқи эҳёи парвозҳои мустақим миёни Теҳрон ва Душанбе эълом шуд. Ҳамин тавр пас аз танаффуси дусола бар асари пандемия парвози нахустин рӯзи 13 июн ба нақша гирифта шудааст, хабар медиҳад IRNA. Гуфта мешавад, ки таърихи парвози нахустин дар ҷараёни сафари расмии Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон ба Теҳрон мувофиқа шудааст. Нахуст парвозҳо ҳафтае ду бор анҷом хоҳанд шуд, вале дар оянда теъдоди парвозҳо метавонад ба чаҳорто дар ҳафта афзоиш ёбад. Рустами Қосимӣ, вазири роҳ ва шаҳрсозии Эрон таъйид кардааст, ки парвозҳо миёни ин кишварҳо тавассути ширкати ҳавоии "Iran air" анҷом мешавад. Ба эҳтимоли зиёд базудӣ ширкати миллии Тоҷикистон – "Сомон эйр" ҳам ба ҳамлу нақли мусофирон дар ин масири ҳавоӣ шуруъ кунад. Қобили зикр аст, ки парвозҳои миёни Тоҷикистону Эрон дар моҳи феврали соли 2020 ба далели пандемияи коронавирус мутаваққиф шуда буданд. Ёдовар мешавем, ки ҷумҳурӣ баъди пандемияи коронавирус барқарории робитаҳои ҳавоиро бо дигар давлатҳо идома медиҳад. Ҳамин тариқ Тоҷикистон иртиботи ҳавоӣ бо Чинро низ барқарор мекунад. Аввалин парвоз дар самти Душанбе - Урумчӣ - Душанбе миёни кишварҳо рӯзи 23 июн ба нақша гирифта шудааст.
https://sputnik.tj/20220609/somon-zoiron-doghiston-madina-1049065889.html
эрон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/01/14/1044974979_0:0:2107:1580_1920x0_80_0_0_bdc7386e2f618aae3d20f376289e01aa.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
парвоз тоҷикистону эрон
Таърихи нахустин парвоз миёни Тоҷикистону Эрон пас аз танаффус маълум шуд
13:20 10.06.2022 (Навсозишуда: 14:45 10.06.2022) Дар ҳоли ҳозир танҳо ширкати ҳавопаймоии эронии "Iran air" парвозҳоро байни ду кишвар дар як ҳафта ду бор анҷом медиҳад
ДУШАНБЕ, 10 июн — Sputnik. Замони дақиқи эҳёи парвозҳои мустақим миёни Теҳрон ва Душанбе эълом шуд.
Ҳамин тавр пас аз танаффуси дусола бар асари пандемия парвози нахустин рӯзи 13 июн ба нақша гирифта шудааст, хабар медиҳад IRNA.
Гуфта мешавад, ки таърихи парвози нахустин дар ҷараёни сафари расмии Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон ба Теҳрон мувофиқа шудааст.
Нахуст парвозҳо ҳафтае ду бор анҷом хоҳанд шуд, вале дар оянда теъдоди парвозҳо метавонад ба чаҳорто дар ҳафта афзоиш ёбад.
Рустами Қосимӣ, вазири роҳ ва шаҳрсозии Эрон таъйид кардааст, ки парвозҳо миёни ин кишварҳо тавассути ширкати ҳавоии "Iran air" анҷом мешавад.
Ба эҳтимоли зиёд базудӣ ширкати миллии Тоҷикистон – "Сомон эйр" ҳам ба ҳамлу нақли мусофирон дар ин масири ҳавоӣ шуруъ кунад.
Қобили зикр аст, ки парвозҳои миёни Тоҷикистону Эрон дар моҳи феврали соли 2020 ба далели пандемияи коронавирус мутаваққиф шуда буданд.
Ёдовар мешавем, ки ҷумҳурӣ баъди пандемияи коронавирус барқарории робитаҳои ҳавоиро бо дигар давлатҳо идома медиҳад.
Ҳамин тариқ Тоҷикистон иртиботи ҳавоӣ бо Чинро низ барқарор мекунад. Аввалин парвоз дар самти Душанбе - Урумчӣ - Душанбе миёни кишварҳо рӯзи 23 июн ба нақша гирифта шудааст.