Мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон бидуни задани гол Ҷоми Осиёро тарк кард

© Федерация футбола ТаджикистанаФутболист в составе Олимпийской сборной Таджикистана (U-23)
Футболист в составе Олимпийской сборной Таджикистана (U-23) - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.06.2022
Обуна шудан
Сабаби нокомии дастаро, ки дар ин мусобиқот ягон гол назадааст, аз ФФТ дар набудани бозигарони калидӣ дар марҳилаи интихоби Ҷоми Осиё-2023 арзёбӣ карданд
ДУШАНБЕ, 10 июн — Sputnik. Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон Ҷоми Осиё-2022-ро, ки миёни наврасон дар Ӯзбекистон ҷараён дорад, тарк кард.
Дар ин бора аз Федератсияи футболи кишвар хабар доданд.
Даста дар бозии ниҳоии мусобиқот дар варзишгоҳи “Бунёдкор”-и Тошканд аз рақибонашон аз Ҷопон бо ҳисоби 0:3 шикаст хӯрд.
Дар рафти мусобиқа мунтахаби Точикистон ягон гол ҳам назад ва хол ҳам ба даст наовард.
ФФТ қайд кард, ки даста зери роҳбарии сармураббии муваққатӣ Аслиддин Ҳабибуллоев бидуни бозигарони калидӣ баромад кард.
Глава Согда провел встречу с футбольной командой Истаравшан - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.06.2022
Дастури раиси вилояти Суғд барои дастгирии дастаи футболи “Истаравшан”
Маврид ба зикр аст, ки аксари онҳо дар ҳайати тими миллии Тоҷикистон барои роҳхат ба Ҷоми Осиё-2023 дар Бишкек мубориза мебаранд.
Ҳамин тариқ дар даври чорякфиналии мусобиқа байни дастаҳои то 23-сола дастаҳои зерин бозӣ мекунанд:
Ӯзбекистон – Ироқ;
Австралия – Туркманистон,
Кореяи Ҷанубӣ - Ҷопон
Арабистони Саудӣ - Ветнам.
Дар ҳоли ҳозир дар ҷойи аввал дар ҷадвали мусобиқот Арабистони Саудӣ, дувум Ҷопон ва сеюмро Имороти Муттаҳидаи Арабӣ қарор доранд. Тоҷикистон дар зинаи охирин қарор дорад.
Ёдовар мешавем, тими ҷавонони кишвар (U-23) дар марҳилаи финалии Ҷоми Осиё-2022 дар гурӯҳи "D" се бозӣ анҷом дода, дар ҳар се дидор аз дастаҳои олимпии Арабистони Саудӣ (0:5), ИМА (0:2) ва Ҷопон (0:3) шикаст хӯрд.
Лентаи хабарҳо
0