Баррасии масоили ҳарбӣ, амниятӣ ва низомӣ-техникӣ миёни Тоҷикистону Покистон

© МИД РТМулоқоти сафири Тоҷикистон дар Покистон бо вазирифедералии мудофиаи Покистон
Мулоқоти сафири Тоҷикистон дар Покистон бо вазирифедералии мудофиаи Покистон  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.06.2022
Обуна шудан
Сафири Тоҷикистон дар Исломобод бо вазири федералии мудофиаи Покистон масоили ҳарбӣ, амниятӣ ва низомӣ-техникии миёни ду кишварро баррасӣ кард
ДУШАНБЕ, 10 июн — Sputnik. Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон хабар додааст, ки баррасии ин масоил ахиран миёни Исматулло Насриддин, сафири Тоҷикистон дар Исломобод ва Хавоҷа Муҳаммад Осиф, вазири федералии мудофиаи Покистон сурат гирифт.
Тибқи иттилои манбаъ, дар зимни ин мулоқот доираи васеи масъалаҳои равобити Тоҷикистону Покистон, бахусус дар соҳаҳои ҳарбӣ, амниятӣ ва низомӣ-техникӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
“Ҷонибҳо вобаста ба вазъи кунунии низомию сиёсии минтақа, ҳамчунин дигар масъалаҳои хоси мавриди эҳтимоми муштарак мубодилаи афкор намуданд”, - қайд кардааст ВУХ Тоҷикистон.
Зимни мулоқот таъкид гардид, ки Покистон талошҳои Тоҷикистонро дар таҳкими сулҳу субот дар минтақа самарабахш арзёбӣ мекунад.
Президент Таджикистана Эмомали Рахмон и лидер Пакистана Ориф Алви - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.06.2022
Алви ба Раҳмон: Покистон ва Тоҷикистон дар таҳкими сулҳ дар минтақа саҳм гузоштаанд
Ёдрас менамоем, ки пештар президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва кишвардори Покистон Ориф Алви ҳамдигарро ба муносибати 30-юмин солгарди барпо намудани робитаҳои дипломатии ду кишвар табрик гуфтанд.
Эмомалӣ Раҳмон дар паёмаш аз муносиботи анъанавии дӯстона ва ҳамкориҳои судманди кишварҳо изҳори қаноатмандӣ кардааст.
"Мо сатҳи робитаҳои кишварҳоямонро, ки бар пояи арзишҳои муштараки таърихӣ, тамаддунӣ ва усули ҳамдигарфаҳмӣ асос ёфтаанд, баланд арзёбӣ карда, ҷавобгӯи манофеи аслии мардумони ду кишвар медонем", - гуфтааст президент.
Кишвардори Тоҷикистон изҳори бовар карда буд, ки бо азму талошҳои пайгирона ду давлат метавонанд дар оянда низ дар соҳаҳои мухталиф ба зинаҳои боз ҳам баландтари ҳамкорӣ бирасанд.
Лентаи хабарҳо
0