https://sputnik.tj/20220610/kumaki-mardum-rohi-khujand-asht-tamir-1049104401.html
Бо кӯмаки мардум ҳудуди 100 километр роҳи Хуҷанд – Ашт таъмир мешавад
Бо кӯмаки мардум ҳудуди 100 километр роҳи Хуҷанд – Ашт таъмир мешавад
Sputnik Тоҷикистон
Роҳи ноҳияи Ашт ин минтақаро, ки бо шаҳри Хуҷанд мепайвандад, чандин сол аст, дуруст таъмир нашудааст ва ҳоло харобу валангор менамояд
2022-06-10T19:50+0500
2022-06-10T19:50+0500
2022-06-10T20:08+0500
дар тоҷикистон
роҳ
ашт
хуҷанд
таъмир
вайрон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/06/15/1040336584_0:158:3000:1846_1920x0_80_0_0_32d72ce7209c2c5b41ce5e8a3efe3d19.jpg
ДУШАНБЕ, 10 июн – Sputnik. Бо гузашти 8 сол роҳи Хуҷанд – Ашт акнун мумфарш мешавад.Маблағи таъмири роҳро сокинони деҳоти ноҳияи Ашт, аз ҷумла соҳибкорон ҷамъ намудаанд.Ҷамшед Маҳмудзода, муовини раиси ноҳияи Ашт дар суҳбат ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, роҳи Хуҷанд – Ашт аҳамияти байналмилалӣ ва 94 километр тӯл дорад.Сокинони Ашт барои таъмири роҳ беш аз як миллион сомонӣ маблағ ҷамъ кардаанд.Таъмири ин роҳ дирӯз шуруъ шудааст ва дар кори он даҳҳо нафар аз сокинон ба ҳашар баромадаанд. Дар аксҳое, ки дафтари матбуотии раиси ноҳия нашр намуд, дида мешавад, масъулини ҳукумат ҳам дар канори дигар сокинон ба таъмири роҳ даст ба кор шудаанд.То ин замон ин роҳ бо асфалти сард ва гоҳе бо хоку рег таъмир мешуд, вале дере нагузашта вайрону хароб мегардид.Ноҳияи Ашт, яке аз 11 шаҳру навоҳии субвенсионии Суғд маҳсуб мешавад. Дар ин феҳрист 11 шаҳру ноҳияи вилояти Суғд ворид аст, ки он аз Зафаробод, Деваштич, Конибодом, Кӯҳистони Мастчоҳ, Исфара, Истиқлол, Спитамен, Ҷ. Расулов, Шаҳристон, Мастчоҳ ва Ашт иборат мебошад. Ин навоҳӣ ба далели пӯшонида натавонистани хароҷоти худ ҳамасола аз ҳисоби буҷеаи вилоят маблағҳои субвенсионӣ мегиранд.Бино ба иттилои дарёфтии Sputnik Тоҷикистон, аз 110 миллион сомонии буҷаи солонаи ҳукумати Ашт 57 дарсад ё 62,7 миллион сомонии он аз ҳисоби субвенсияи таъмин карда мешавад.Таъмири куллии роҳи Хуҷанд – Ашт дар барномаи рушди роҳсозии кишвар барои солҳои 2022-2026 ҳамроҳ шудааст. Ин нукта дар паёми раисҷумҳур зикр шудааст.
https://sputnik.tj/20220531/sel-asht-pul-roh-kharob-1048819651.html
ашт
хуҷанд
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/06/15/1040336584_165:0:2836:2003_1920x0_80_0_0_38f002fa4c34a2818f0a189810b6abc2.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, ашт, хуҷанд, роҳ, асфалтпӯш, хароб, валангор, шоҳроҳ
тоҷикистон, ашт, хуҷанд, роҳ, асфалтпӯш, хароб, валангор, шоҳроҳ
Бо кӯмаки мардум ҳудуди 100 километр роҳи Хуҷанд – Ашт таъмир мешавад
19:50 10.06.2022 (Навсозишуда: 20:08 10.06.2022) Роҳи ноҳияи Ашт, ки ин минтақаро бо шаҳри Хуҷанд мепайвандад, чандин сол аст, дуруст таъмир нашудааст ва ҳоло харобу валангор менамояд
ДУШАНБЕ, 10 июн – Sputnik. Бо гузашти 8 сол роҳи Хуҷанд – Ашт акнун мумфарш мешавад.
Маблағи таъмири роҳро сокинони деҳоти ноҳияи Ашт, аз ҷумла соҳибкорон ҷамъ намудаанд.
Ҷамшед Маҳмудзода, муовини раиси ноҳияи Ашт дар суҳбат ба
Sputnik Тоҷикистон гуфт, роҳи Хуҷанд – Ашт аҳамияти байналмилалӣ ва 94 километр тӯл дорад.
Сокинони Ашт барои таъмири роҳ беш аз як миллион сомонӣ маблағ ҷамъ кардаанд.
“Роҳ бо асфалти гарм таъмири ҷорӣ карда мешавад. Ин кор имкон фароҳам хоҳад овард, то шароити равуои мардум бо маркази вилояти Суғд ва дигар минтақаҳои кишвар беҳтар гардад”, - афзуд муовини раиси ноҳия.
Таъмири ин роҳ дирӯз шуруъ шудааст ва дар кори он даҳҳо нафар аз сокинон ба ҳашар баромадаанд. Дар аксҳое, ки дафтари матбуотии раиси ноҳия нашр намуд, дида мешавад, масъулини ҳукумат ҳам дар канори дигар сокинон ба таъмири роҳ даст ба кор шудаанд.
То ин замон ин роҳ бо асфалти сард ва гоҳе бо хоку рег таъмир мешуд, вале дере нагузашта вайрону хароб мегардид.
Ноҳияи Ашт, яке аз 11 шаҳру навоҳии субвенсионии Суғд маҳсуб мешавад. Дар ин феҳрист 11 шаҳру ноҳияи вилояти Суғд ворид аст, ки он аз Зафаробод, Деваштич, Конибодом, Кӯҳистони Мастчоҳ, Исфара, Истиқлол, Спитамен, Ҷ. Расулов, Шаҳристон, Мастчоҳ ва Ашт иборат мебошад. Ин навоҳӣ ба далели пӯшонида натавонистани хароҷоти худ ҳамасола аз ҳисоби буҷеаи вилоят маблағҳои субвенсионӣ мегиранд.
Бино ба иттилои дарёфтии
Sputnik Тоҷикистон, аз 110 миллион сомонии буҷаи солонаи ҳукумати Ашт 57 дарсад ё 62,7 миллион сомонии он аз ҳисоби субвенсияи таъмин карда мешавад.
Таъмири куллии роҳи Хуҷанд – Ашт дар барномаи рушди роҳсозии кишвар барои солҳои 2022-2026 ҳамроҳ шудааст. Ин нукта дар паёми раисҷумҳур зикр шудааст.