Дар Туркия аз бартариҳои судманди Тоҷикистон гуфтанд

© Генеральное консульство Республики Таджикистан в СтамбулеТаджикистан выгодно представили на престижном саммите в Турции
Таджикистан выгодно представили на престижном саммите в Турции - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.06.2022
Обуна шудан
Ҳайати Тоҷикистон кишварро дар 25-умин нишасти иқтисодии кишварҳои Авруосиё, ки дар Истанбули Туркия баргузор шуд, намояндагӣ кард
ДУШАНБЕ, 9 июн — Sputnik. Дар Туркия 25-умин Саммити иқтисодии кишварҳои Авруосиё зери унвони "Ҳамкорӣ ва шарикӣ дар байни ҷомеаҳои тиҷорати ҷаҳонӣ: ба сӯйи ҷаҳони рақамии бештар, ба сӯйи ҷаҳони сабзтар" баргузор гардид.
Аз Тоҷикистон дар ин нишаст, раиси Кумитаи сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Саъдӣ Қодирзода, суханронӣ кард.
Зимни суҳбат сиёсатмадори тоҷик бар аҳамияти таҳкими ҳамкориҳои мутақобилан судманди давлатҳои минтақа таъкид кард.
Қодирзода таваҷҷуҳи иштирокдорони чорабинӣ ба имкониятҳои сармоягузорӣ дар Тоҷикистон, иқтидори гидроэнергетикии ҷумҳурӣ, инчунин ташаббусҳои байналмилалии президенти кишвар дар соҳаи об ҷалб намуд.
Гардиши савдои Тоҷикистон бо Русия тақрибан 50% афзуд
Илова бар ин, раиси раёсат ҳозиринро дар бораи конфронси "Об барои рушди устувор", ки як рӯз пеш дар Душанбе ба охир расид, маълумот дод, меафзояд АМИТ "Ховар".
Ёдовар мешавем, ки 25-умин Саммити иқтисодии Авруосиё рӯзи 8 июн дар Истамбул оғоз шуд.
Дар ин ҳамоиш даҳҳо сарони давлату ҳукуматҳо, иқтисоддонҳо, олимону санъаткорон, тоҷирон, арбоби ҷамъиятиву сиёсӣ, раҳбарони як қатор марказҳои таҳлилӣ, инчунин намояндагони созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ ширкат доштанд.
Ҳисоби сатҳи таваррум дар Тоҷикистон: чӣ гарон шуд?
Дар рафти чорабинӣ муҳокимаҳои дуҷониба ва панелӣ доир ба як қатор масъалаҳои муҳим ташкил карда мешаванд.
Лентаи хабарҳо
0