Соҳибкорони Русия ба Тоҷикистон меоянд: замон ва мақсади сафар

© Sputnik / Амир ИсаевГород Душанбе, архивное фото
Город Душанбе, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.06.2022
Обуна шудан
Соҳибкорони Русия бо мақсади шинос шудан бо имкониятҳои соҳибкориву сармоягузории кишвар ва пайдо намудани шарикони тиҷоратии худ ба Тоҷикистон меоянд
ДУШАНБЕ, 9 июн — Sputnik. Дар шаҳри Душанбе бо ширкати соҳибкорони рус аз вилояти Киров, Бизнес - форум ва вохӯрии дуҷониба (B2B) баргузор мешавад.
Ин чорабини иқтисодӣ, рӯзи 14 июн дар Меҳмонхонаи "Румӣ"-и шаҳри Душанбе баргузор хоҳад шуд, хабар медиҳад, Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Пас аз Бизнес форум ва вохӯрии дуҷониба (B2B) миёни соҳибкорони Тоҷикистон ва вилояти Кирови Федератсияи Русия меҳмонон аз корхонаҳо низ боздид хоҳнд кард.
Ба иттилои манбаъ, Бизнес форум аз ҷониби Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо ҶДММ "ЭКСКОН Групп"- и Русия гузаронида мешавад.
Дарахти зардолу - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 08.06.2022
Содироти 420 тонна зардолу аз Конибодом ба кишварҳои хориҷ
Зикр карда шуд, ки ҳайати тиҷоратии вилояти Кирови Русия, чор ширкату корхонаҳои миёна ва бонуфузро дар бар мегирад. Инҳо ҶСК “ЛИТОН”, ҶСК “Диномашина”, ҶСК "Вяткатрейд", ва ҶСК "Партнер" мебошанд.
Ҳайати мазкур бо мақсади дидан ва аз наздик шинос шудан бо имкониятҳои соҳибкориву сармоягузории кишвар ва пайдо намудани шарикони тиҷоратии худ ба Тоҷикистон меоянд.Русия шарики аслии тиҷоративу иқтисодии Тоҷикистон боқӣ мемонад ва дар се моҳи аввали соли 2022 табодули коло миёни ин кишварҳо беш аз 70 дарсад афзоиш ёфтааст.
Гардиши савдои Тоҷикистон бо Русия тақрибан 50% афзуд
Ин дар ҳолест, ки гардиши савдои миёни Тоҷикистону Русия дар давоми чор моҳи соли 2022 - 476,5 миллион доллари ИМА-ро ташкил додаааст.
Ин нишондод нисбат ба ҳамин давраи соли 2021 49% бештар аст.
Лентаи хабарҳо
0