Русия дар Украина аз навтарин насли ҷангандаҳо истифода кард

© Sputnik / Илья Питалев / Гузариш ба медиабонкИстребители пятого поколения Су-57
Истребители пятого поколения Су-57 - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.06.2022
Обуна шудан
Ҷангандаҳои навтарин, ки ба шабакаи ягонаи иттилоотӣ пайвастанд, барои муайян кардан ва шикаст додани системаҳои дифои ҳавоии Украина амалиёт анҷом доданд
ДУШАНБЕ, 9 июн — Sputnik. Артиши Русия дар амалиёти вижа дар Украина аз пайванди чаҳор ҷангандаи Су-57 истифода кардааст. Дар ин бора РИА "Новости" бо истинод ба як манбаъ хабар медиҳад.
Гуфта мешавад, ки ҳавопаймоҳо дар шабакаи ягонаи иттилоотӣ пайваст шуда, барои муайян ва шикаст додани системаҳои дифои ҳавоии Украина амалиёт анҷом доданд.
"Ҳавопаймоҳо ба шабакаи иттилоотӣ тавассути системаҳои автоматии иртиботот, интиқоли маълумот, роҳгирӣ ва шиносоӣ дар замони воқеӣ муттаҳид карда шуданд", - гуфта мешавад дар гузориш.
Ба гуфтаи ин манбаъ, чунин усул самаранокии муайян ва расидани ҳадафҳоро афзоиш медиҳад.
Су-57 як ҷангандаи насли панҷуми Русия аст. Он бо намоёнии паст ва манёврҳои ивжа хос аст, ки ба он ҳама ҳамтоёни ғарбӣ бартарӣ медиҳад.
На Украину пришел российский Солнцепёк  - видео - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.06.2022
"Солнсепек"-и Русия ба Украина омад - видео
Ёдовар мешавем, ки Федератсияи Русия рӯзи 24 феврал дар Украина амалиёти вижаро оғоз кард.
Раисиҷумҳури Русия Владимир Путин ҳадафи онро "ҳимояи одамоне номид, ки тӯли 8 сол аз сӯи режими Киев мавриди таҳқиру наслкушӣ қарор гирифтаанд".
Ҳамла пешгирӣ шуд: нобудсозии танкҳои украинӣ - видео
Вазорати дифои Русия изҳор дошт, ки зарбаҳои дақиқ танҳо ба инфрасохтори низомӣ зада мешавад.
Лентаи хабарҳо
0