Песков: Интиқоли газ ба кишварҳое, ки онро бо рубл намехаранд, қатъ шуд

© Sputnik / Алексей Витвицкий / Гузариш ба медиабонкГазокомпрессорная станция Gascade в Айслебене
Газокомпрессорная станция Gascade в Айслебене - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.06.2022
Обуна шудан
Котиби матбуотии президенти Русия маълумот дар бораи қатъи интиқоли газ ба давлатҳоеро, ки шарти харидории он бо рублро иҷро накарданд, расонаӣ кард
ДУШАНБЕ, 9 июн — Sputnik. Ширкатҳои энержии ғарбӣ, ки ба пардохти пули интиқоли гази Русия бо рубл розӣ нашуданд, дигар онро намегиранд, гуфт сухангӯи раисиҷумҳури Русия Дмитрий Песков.
"Бале, аллакай қатъ шуд", - тасдиқ кард Песков ба хабарнигорон ва гуфт, ки газ ба кишварҳое, ки бо шартҳои пардохти гази муқарраркардаи Федератсияи Русия розӣ нестанд, дигар интиқол дода намешавад.
Илова бар ин, Песков қайд кард, ки он кишварҳое, ки ҳоло гази Русия ба онҳо интиқол дода мешавад, аллакай бо пардохти рубл кор мекунанд ва ҳоло ҳеҷ гуна қатъи нав пешбинӣ нашудааст.
"Система кор мекунад, система танзим шудааст ва онҳое, ки газ мегиранд, аллакай тибқи низоми нав кор мекунанд, ки дар фармони дахлдори президенти Русия омадааст", - гуфт сухангӯ.
Газодобывающее предприятие - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.04.2022
Песков шарти азсаргирии интиқоли газ аз Русия ба кишварҳои аврупоиро гуфт
Владимир Путин шарти пардохти газ бо пули русиро ба истеъмолкунандагони хориҷӣ дар моҳи март гузошт. Баъзе кишварҳои Иттиҳоди Аврупо, аз қабили Маҷористон, ба онҳо розӣ шуданд, дигарон рад карданд.
Рӯзи 19 май "Газпром" эълон кард, ки аз 54 ширкате, ки гази русияро харидорӣ мекарданд, ҳоло қарордод бо нисфи аз ин ширкатҳо бо шартҳои Русия баста шудааст.
Тибқи нақшае, ки Русия ва Иттиҳодияи Аврупо таҳия кардаанд, ширкатҳои воридкунанда дар "Газпромбонк" суратҳисоб мекушоянд ва ба онҷо асъори хориҷиро интиқол медиҳанд. Он дар биржа бо рубл фурӯхта мешавад. Пардохти газ аз ҳисоби даромад бо рубл гузаронида мешавад.
Дар авохири моҳи май "Газпром" интиқоли газ ба Финландияро қатъ кард, зеро ширкати энержии он аз пардохти пули газ бо рубли русӣ худдорӣ кард.
Лентаи хабарҳо
0