https://sputnik.tj/20220609/maus-shudani-mardum-kirdori-tolibon-1049061781.html
Маъюс шудани мардум аз кирдори толибон
Маъюс шудани мардум аз кирдори толибон
Sputnik Тоҷикистон
Як сухангӯи пешини гурӯҳи толибон ахиран гуфтааст, қисмате аз ҷомеа, ки ба омадани толибон умедвор буданд ҳоло маъюс шудаанд
2022-06-09T15:15+0500
2022-06-09T15:15+0500
2022-06-09T20:01+0500
афғонистон
толибон
генерал
умед
ҷомеа
осиёи марказӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/06/09/1049061627_0:0:721:406_1920x0_80_0_0_7381d06197dc45a58c7395e446d05f98.jpg
ДУШАНБЕ, 9 июн — Sputnik. Генерал Мубин, сухангӯии пешини фармондиҳии амнияти гурӯҳи толибон дар Кобул дар барномаи "Хабари доғ"-и шабакаи “Tolonews” гуфт, ки кирдори толибони касонеро, ки ба ин гурӯҳ умедвор буданд, ноумед кардааст.Ӯ бо интиқод аз фармонҳои идораи амр ба маъруфи толибон гуфт, ки ба дипломасии ин гурӯҳ бо Ғарб осеб задааст.Ин фармондеҳи толибони барои чаҳор моҳ сухангӯи фармондеҳии амнияти Кобул буд, аммо сипас овозаҳо дар бораи дастгир шуданаш нашр шуданд.Ӯ дар ин мусоҳиба ба унвони "фаъоли иҷтимоӣ" ба арзёбии сиёсатҳо ва рафторҳои толибон дар 9 моҳи гузашта пардохт.Ба гуфтаи генерал Мубин, рафторҳои толибон, монанди музоҳимати мардум ба хотири навъи пӯшиш боиси афзоиши нафрати умумӣ аз ин гурӯҳ мешавад.Ин сухангӯи пешини толибон ба "фосилаи миёни раҳбарони толибону мардум" ишора кард, ки ба эътиқодаш, “бо мардум нишасте вуҷуд надорад ва онҳо қаноат дода намешаванд".Ин барномаи "Хабари доғ" ба изҳороти ахири вазири хориҷаи Олмон дар бораи толибон ва ба расмият нашинохтани ин гурӯҳ аз сӯии давлати Олмони пардохта буд.Пеш аз ин Анналина Бербок, вазири хориҷаи Олмон дар сафари ахираш ба Покистон бо интиқод аз толибон гуфта буд, ки онҳо бо сиёсатҳоияшон Афғонистонро ба фурӯпошӣ савқ медиҳанд.Генерал Мубин аз Вазорати хориҷаи толибон барои "таомули муваффақ" бо ҷаҳон ситоиш кард, аммо ба гуфтаи ӯ, "бархе аз фармонҳо аз сӯии Вазорати амр ба маъруф ба ин дипломасӣ осеб расондааст".Ишораи ӯ ба таҳмили як навъи ҳиҷоб бар занон аз сӯии ин вазорат буд, ки ба эътиқодаш, "акнун ба ин фармонҳо ниёзе эҳсос намешавад ва бояд аввал ба мушкилоти дохилӣ расидагӣ шавад".
https://sputnik.tj/20220609/bj-kumakho-smm-faqr-afghonistonro-1049053452.html
https://sputnik.tj/20220609/bj-kumakho-smm-faqr-afghonistonro-1049053452.html
афғонистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/06/09/1049061627_0:0:721:540_1920x0_80_0_0_f22bf5237e556d5129b1490cdacc6c10.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
афғонистон, толибон, маъюс, ноумедӣ, умед, ҷомеа, осиёи марказӣ
афғонистон, толибон, маъюс, ноумедӣ, умед, ҷомеа, осиёи марказӣ
Маъюс шудани мардум аз кирдори толибон
15:15 09.06.2022 (Навсозишуда: 20:01 09.06.2022) Як сухангӯи пешини гурӯҳи толибон ахиран гуфтааст, қисмате аз ҷомеа, ки ба омадани толибон умедвор буданд, ҳоло маъюс шудаанд
ДУШАНБЕ, 9 июн — Sputnik. Генерал Мубин, сухангӯии пешини фармондиҳии амнияти гурӯҳи толибон дар Кобул дар барномаи "Хабари доғ"-и шабакаи “Tolonews” гуфт, ки кирдори толибони касонеро, ки ба ин гурӯҳ умедвор буданд, ноумед кардааст.
Ӯ бо интиқод аз фармонҳои идораи амр ба маъруфи толибон гуфт, ки ба дипломасии ин гурӯҳ бо Ғарб осеб задааст.
Ин фармондеҳи толибони барои чаҳор моҳ сухангӯи фармондеҳии амнияти Кобул буд, аммо сипас овозаҳо дар бораи дастгир шуданаш нашр шуданд.
Ӯ дар ин мусоҳиба ба унвони "фаъоли иҷтимоӣ" ба арзёбии сиёсатҳо ва рафторҳои толибон дар 9 моҳи гузашта пардохт.
Ба гуфтаи генерал Мубин, рафторҳои толибон, монанди музоҳимати мардум ба хотири навъи пӯшиш боиси афзоиши нафрати умумӣ аз ин гурӯҳ мешавад.
Ин сухангӯи пешини толибон ба "фосилаи миёни раҳбарони толибону мардум" ишора кард, ки ба эътиқодаш, “бо мардум нишасте вуҷуд надорад ва онҳо қаноат дода намешаванд".
Ин барномаи "Хабари доғ" ба изҳороти ахири вазири хориҷаи Олмон дар бораи толибон ва ба расмият нашинохтани ин гурӯҳ аз сӯии давлати Олмони пардохта буд.
Пеш аз ин Анналина Бербок, вазири хориҷаи Олмон дар сафари ахираш ба Покистон бо интиқод аз толибон гуфта буд, ки онҳо бо сиёсатҳоияшон Афғонистонро ба фурӯпошӣ савқ медиҳанд.
Генерал Мубин аз Вазорати хориҷаи толибон барои "таомули муваффақ" бо ҷаҳон ситоиш кард, аммо ба гуфтаи ӯ, "бархе аз фармонҳо аз сӯии Вазорати амр ба маъруф ба ин дипломасӣ осеб расондааст".
Ишораи ӯ ба таҳмили як навъи ҳиҷоб бар занон аз сӯии ин вазорат буд, ки ба эътиқодаш, "акнун ба ин фармонҳо ниёзе эҳсос намешавад ва бояд аввал ба мушкилоти дохилӣ расидагӣ шавад".