Эҳтимоли ширкати ҳайате аз Тоҷикистон дар ҳамоиши иқтисодии Петербург

© Sputnik / Алексей ДаничевЛоготип ПМЭФ-2021
Логотип ПМЭФ-2021 - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.06.2022
Обуна шудан
Эҳтимол дорад, ҳайати баландпояи Тоҷикистон дар Форуми байналмилалии иқтисодии Санкт-Петербург, ки қарор аст, 15-18 июн баргузор шавад, ширкат намояд
ДУШАНБЕ, 9 июн — Sputnik. Иштироки ҳайати баландпояи кишвар дар 25-умин ҳамоиши иқтисодии байналмилалии иқтисодии Санкт-Петербург (SPIEF)-ро ба Sputnik Тоҷикистон аз дафтари матбуотии сафорати Тоҷикистон дар Маскав тасдиқ намуданд.
Аммо манбаъ гуфт, то ҳол маълум нест, ки ин ҳайат кадоме ва чанде аз мақомоти кишварро шимил мешавад.
Ёдрас мешавем, ки ин ҳамоиши иқтисодӣ яке аз муҳимтарин рӯйдодҳои тиҷоратӣ дар ҷаҳон маҳсуб мешавад.
Форуми байналмилалии иқтисодии Санкт-Петербург аз соли 1997 ҳамасола баргузор мешавад.
Поверенный в делах Афганистана в Москве Джамал Насир Гарвал - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.06.2022
Иштироки кордори сафорати Афғонистон дар Маскав дар ҳамоиши иқтисодии Санк-Петербург
Соли гузашта дар Форуми байналмилалии иқтисодии Санкт-Петербург 13 ҳазор намоянда аз 140 кишвари ҷаҳон иштирок доштанд.
Форум як воситаи амалии чархиши тиҷорат ва бартараф намудани монеаҳое мебошад, ки Русияву дигар кишварҳоро ҳам ҷуғрофӣ ва ҳам иттилоотӣ аз якдигар ҷудо мекунанд.
Дар форуми соли гузашта намояндагони Тоҷикистон низ ширкат доштанд. Аз ҷумла собиқ дабири кулли СҲШ Рашид Алимов. Ӯ дар ин форум дар мавзуи “Ҳуқуқҳои нави ҳамкориҳои иқтисодӣ дар доираи СҲШ” маъруза кард.
Ҳамчунин дар ин форум Манзура Рустамова, муовини раиси Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон низ иштироку суханронӣ кард.
Лентаи хабарҳо
0