Садамаи мудҳиши қатора дар Эрон чандин қурбонӣ бар ҷой гузошт: аксу видео

© AFP 2023 / Iranian Red CrescentНа месте крушения поезда по дороге из Мешхеда в Йезд в Иране
На месте крушения поезда по дороге из Мешхеда в Йезд в Иране  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 08.06.2022
Обуна шудан
Бар асари садама дар роҳи оҳани Эрон, тибқи маълумоти пешакӣ, 17 нафар ба ҳалокат расида, беш аз 50 мусофир ҷароҳат бардоштаанд ва чанде ҳам бедарак шудаанд
ДУШАНБЕ, 8 июн — Sputnik. Дар шарқи Эрон як қатори мусофирбар аз хатти ҳаракат баромад, менависад хабаргузории ИРНА.
Тибқи маълумоти пешакӣ, дар натиҷаи бархӯрди ин қатора бо экскаватор чор вагон аз ҳафт вагони он аз масири ҳаракат берун шудааст.
Дар натиҷаи ин садама 17 нафар ба ҳалокат расида, беш аз 50 мусофир ҷароҳат бардоштааст ва вазъи 16 нафари онҳо вазнин арзёбӣ мешавад.
Илова бар ин боз панҷ нафари дигар бедарак шудаанд.
Фоҷиа соати 05:30 ба вақти маҳаллӣ дар километри 50-уми роҳи оҳан, дар наздикии шаҳри Табас рух додааст.
Ҳоло ба ҷойи ҳодиса дастаҳои наҷотдиҳӣ ва чархболҳо расидаанд, шаш бригадаи Ҳилоли Аҳмар низ дар он ҷо кор мекунанд. Амалиёти ҷустуҷӯ ва наҷотдиҳӣ идома дорад.
Ёдовар мешавем, ки қаблан дар маркази вилояти Хузистони Эрон як бинои даҳошёнаи меҳмонхонаи "Метропол" фурӯ рехта буд.
Садамаи маргбори қатори баландсуръат дар ҷануби Чин: ҷузъиёт
Он замон дастикам 7 нафар кушта, 55 тани дигар маҷруҳ шуда буданд.
Бино дар кӯчаи Амирӣ фурӯ рехт, ки ҳангоми фурӯпошӣ дар дохили он 150 нафар қарор дошт.
Лентаи хабарҳо
0