Муҳоҷири тоҷик дар Маскав зери ғарами хишту семент монд - видео

© Sputnik / Томас ТхайцукМедицинская каталка в больнице, архивное фото
Медицинская каталка в больнице, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 08.06.2022
Обуна шудан
Ба гуфтаи табибон, муҳоҷири тоҷик аз ноҳияи косахонаи сараш зарбаи сахт хӯрда, ҳамчунин пошнаи пойи рост шикаста, дигар аъзои баданаш низ ҷароҳатдор шудаанд
ДУШАНБЕ, 8 июн — Sputnik. Як муҳоҷири 28-солаи тоҷик дар шаҳри Маскав зери чӯбу тахта ва хиҳту семент монд. Видеои лаҳзаи афтодани ғарами тахтаю хиштро шабакаи "360" нашр намудааст.
Дар видео маълум аст, ки муҳоҷир чаппа шудани маводи сохтмониро дида. талош мекунад, то фирор кунад, вале зери бори он ғарами чӯбу семент мемонад.
Ҳодиса дар биное дар кӯчаи Леонтевский рух додааст. Манбаъ меафзояд, ҷабридидаро фавран ба бемористони Боткини шаҳри маскав интиқол доданд ва феълан ӯ дар шӯъбаи эҳёгарӣ қарор дорад.
Ба гуфтаи табибони ин дармонгоҳ, муҳоҷир аз ноҳияи косахонаи сар зарбаи сахт хӯрдааст. Ҳамчунин пошнаи пои росташ шикаста, аъзои дигари бадани ӯ низ ҷароҳатдор шудааст.
Таксирони 32-солаи тоҷик ва падари се фарзандро дар Оренбург бераҳмона куштанд
Феълан сабабҳои рух додани ин ҳодиса маълум нест ва Додситонии шаҳри Маскав аз пайи таҳқиқ кардани ин ҳодиса қарор дорад.
Дар Русия, ки теъдоди зиёди муҳоҷирони корӣ, бахусус шаҳрвандони Тоҷикистон қарор доранд, дар ҳодисаҳои нохуши ба ин монанд бисёр гирифтор мешаванд. Ҳамасола дар Русия беш аз 1000 нафар ба иллатҳои гуногун ҷон бохта, боз теъдоди зиёди дигар маъюб мегарданд.
Лентаи хабарҳо
0