Матвиенко: Баъди амалиёти вижа касе наметавонад Русияро таҳдид кунад

© Пресс-служба Совета Федерации РФ / Гузариш ба медиабонкПредседатель Совета Федерации РФ Валентина Матвиенко
Председатель Совета Федерации РФ Валентина Матвиенко  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 08.06.2022
Обуна шудан
Раиси Шӯрои Федератсияи Русия мегӯяд, пас аз расидан ба ҳадафҳои амалиёти вижа, ки бечунучаро иҷро хоҳаyд шуд, ҳеҷ кас дигар наметавонад Русияро таҳдид кунад
ДУШАНБЕ, 8 июн — Sputnik. Вақте ки тамоми ҳадафҳои амалиёти вижаи Русия дар Украина амалӣ мешавад, дигар ҳеҷ кас ҳеҷ гоҳ наметавонад Русия ва шаҳрвандони онро таҳдид кунад, гуфт Валентина Матвиенко, раиси Шӯрои Федератсия.
"Ҳама аҳдофи амалиёти вижа, чунон ки сарвари давлат борҳо таъкид кардааст, бечунучаро амалӣ хоҳанд шуд. Ва он гоҳ ҳеҷ кас наметавонад кишвари мо ва шаҳрвандони моро таҳдид кунад", - гуфт Матвиенко дар ҷаласаи Шӯрои Федератсия, менависад РИА "Новости".
Раиси Шӯрои Федератсия қайд кард, ки мубориза барои ҳифзи ҳувияти Русия дар Севастопол ва Қрим, ҳатто дар давраи дар ҳайати Украина будани ин минтақа як рӯз ҳам қатъ нашудааст.
"Имрӯз мо махсусан хуб дарк мекунем, ки қарорҳои моҳи марти соли 2014 то чӣ андоза муҳим ва саривақтӣ буданд. Маълум аст, лоиҳаи "зидди Русия", ки амалиёти махсуси низомии мо ба қатъи он, пеш аз ҳама дар нимҷазираи Қрим, дар Севастопол даъват шудааст. Сипас мо тавонистем нақшаҳои "русзудоён"-ро барбод диҳем ва таърих, фарҳанг ва ояндаи муштаракамонро дифоъ кунем. Ҳоло ҳам ҳамин тавр хоҳад шуд", - гуфт Матвиенко.
Глава МИД РФ С. Лавров принял участие в заседании Совета глав субъектов РФ при МИД РФ - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 08.06.2022
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Лавров: Амалиёти вижа дар Украина тибқи нақша идома дорад
Русия рӯзи 24 феврал амалиёти вижаро дар Украина оғоз кард. Кишвардори Русия Владимир Путин ҳадафи онро "ҳимояи одамоне номид, ки тӯли 8 сол аз сӯйи режими Киев мавриди таҳқиру наслкушӣ қарор гирифтаанд".
Зеленский бори дигар аз омодагии худ барои музокирот бо Путин гуфт
Барои ин, ба гуфтаи ӯ, дар назар аст, ки "нозизудоӣ ва ғайринизомикунонии Украина" анҷом шуда, тамоми масъулини "ҷиноятҳои хунини зидди мардуми осоишта" дар Донбасс ба ҷавобгарӣ кашида шаванд.
Аммо дар бораи ишғоли Украина сухане нест, таъкид кард раисҷумҳури Русия.
Дар айни замон қувваҳои мусаллаҳи Русия вазифаи асосии марҳилаи аввали амалиёти махсусро анҷом додаанд. Онҳо иқтидори ҷангии Украинаро ба таври назаррас коҳиш доданд.
Теъдоди асирони ҷангии украинӣ ба 6489 нафар расид
Ҳадафи аслӣ дар Вазорати дифоъ озодсозии Донбасс номида шуд.
Пас аз оғози амалиёти вижа Маскав ва Киев 4 даври музокироти рӯ ба рӯ баргузор карданд. Ҳайатҳо инчунин якчанд бор онлайнӣ тамос гирифтанд, вале ба натиҷаҳои хуб даст наёфтанд.
Лентаи хабарҳо
0