Гармо дар Душанбеву Хатлон: ҳарорати ҳаво то 40 дараҷа мерасад

© Sputnik / Стас ЭтвешЖенщины идут с зонтиками спасаясь от солнца
Женщины идут с зонтиками спасаясь от солнца - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 08.06.2022
Обуна шудан
Маркази обуҳавосанҷии Тоҷикистон ба сокинон ҳушдор додааст, ки ҳарорати ҳаво рӯзона дар вилояти Хатлон то ба 40 дараҷа мерасад
ДУШАНБЕ, 8 июн — Sputnik. Тибқи иттилои Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои тағйирёбанда, дар ноҳияҳои алоҳида боришоти сусти борон ба амал меояд.
Ҳаво дар ғарби вилоят шабона аз 9 то 14 дараҷа гарм, рӯзона аз 24 то 29 дараҷа гарм, дар шарқи вилоят шабона то 4 ва рӯзона то 18 дараҷа гарм мешавад.
Аммо дар вилояти Суғд ба иттилои Агентӣ ҳаво тағйирёбанда шуда, дар водиҳо ҳавоӣ бебориш дар назар буда, дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ боришоти сусти борон ва раъду барқ ба амал меояд. Ҳаво дар водиҳо шабона то 22 дараҷа гарм, рӯзона аз 33 то 38 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона то 10 ва рӯзона то 24 дараҷа гарм мешавад.
Женщина в медицинской маске на Трубной площади в Москве - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.06.2020
Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо
Донишманд: гармо метавонад сирояти вируси коронаро коҳиш диҳад
Дар ҳамин ҳол, дар вилояти Хатлон ҳавои камабри бебориш дар назар аст. Ҳаво дар водиҳои ин минтақа шабона то 22 дараҷа ва рӯзона то 40 дараҷа гарм, дар доманакӯҳҳо шабона то 16 дараҷа ва рӯзона то 33 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои тағйирёбанда, дар водиҳо бебориш дар назар буда, дар ноҳияҳои алоҳиади кӯҳӣ боришоти сусти борон ва раъду барқ ба амал меояд.
Ҳаво дар водиҳо шабона то 18 дараҷа ва рӯзона то 37 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона аз 8 то 13 дараҷа ва рӯзона аз 25 то 30 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳри Душанбе ҳавои камабри бебориш дар назар аст. Ҳаво дар пойтахт шабона то 17 дараҷа ва рӯзона то 37 дараҷа гарм мешавад.
Лентаи хабарҳо
0