Анҷоми даври дигари бозиҳои Суперлигаи футзал: "Равшан" пешсаф аст

© Pixabay Футзал, архивное фото
Футзал, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 08.06.2022
Обуна шудан
Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон натиҷаҳои сабқати тимҳои футзали ҷумҳуриро дар даври дуюми Суперлигаи кишвар эълон кард
ДУШАНБЕ, 8 июн — Sputnik. Тими "Равшан"-и Кӯлоб дар ҷамъбасти ду даври мусобиқаи Суперлигаи футзали Тоҷикистон дар садри ҷадвал қарор дорад.
Тибқи иттилои Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, бо натиҷагирӣ аз ду даври бозиҳо тими "Равшан"-и Кӯлоб бо 6 хол дар садри ҷадвали мусобиқа мавқеъ дорад.
"Равшан" дар даври дуюми Суперлига бо дастаи Клуби марказии варзиши артиш - КМВА вориди майдон шуда, бо ҳисоби 6:5 пирӯз шуд.

Дар бозиҳои дигари давр "Истаравшан" бар "Пойтахт" бо ҳисоби 5:2 бартар дониста шуд. Дастаи “Соро компания" ҳарифонаш аз тими "Самандар"-ро голборон карда, бо ҳисоби бузурги 15:1 ғолиб шуд.
Мунтахаби тоҷикистон оид ба футзал баъди ғолибият бо тими Қувайт - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.05.2022
Қуръакашии Ҷоми Осиё-2022: рақибони мунтахаби футзали Тоҷикистон муайян шуд
Инчунин дар ин давр тими "Сипар" бар "Истиқлол" бо ҳисоби 4:1 зафар ёфт, афзуд Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон.
Манбаъ илова намуд, ки бозиҳои даври сеюм 11-12 июн ба нақша гирифта шудаанд. Аз ҷумла рӯзи 11 июн дастаи "Сипар" бо "Истаравшан", "Самандар" бо "Истиқлол", 12 июн "Равшан" бо "Соро компания" ва "Пойтахт" бо КМВА бозӣ мекунанд.
Феълан дар тими "Равшан"-и Кӯлоб бо 6 хол дар садри ҷадвал қарор дошта, дар пайаш "Соро компания"-и Душанбе бо 4 хол, "Сипар"-и Хуҷанд - 4 хол, КМВА-и Душанбе - 3 хол, "Истаравшан" - 3, "Истиқлол"-и Душанбе - 3 хол ва "Пойтахт" бо 0 хол ва "Самандар"-и Турсунзода низ бидуни хол ҷой гирифтаанд.
Лентаи хабарҳо
0