https://sputnik.tj/20220608/bunyodi-markazi-logistiki-khatlon-1049014882.html
Бунёди маркази логистикӣ дар Хатлон
Бунёди маркази логистикӣ дар Хатлон
Sputnik Тоҷикистон
Дар вилояти Хатлони Тоҷикистон аз тарафи соҳибкори ватанӣ Маркази логистикӣ барои нигоҳдории 600 тонна маҳсулоти кишоварзӣ бунёд мегардад
2022-06-08T09:00+0500
2022-06-08T09:00+0500
2022-06-08T12:01+0500
дар тоҷикистон
хатлон
марказ
қурбон ҳакимзода
соҳибкор
сармоягузорӣ
бунёд
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/06/07/1049014584_0:10:2048:1162_1920x0_80_0_0_9f30f4ab39318d34b255f2b3dd07275b.jpg
ДУШАНБЕ, 8 июн — Sputnik. Ин марказ аз тарафи соҳибкор Абдухолиқ Саидов дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд дар доираи татбиқи Лоиҳаи “Рақобатпазирии агробизнес дар Тоҷикистон" ва ҶДММ “Восток-1”-и ноҳияи Вахш ба маблағи 248 ҳазору 584 доллар бунёд мегардад, иттилоъ додааст дафтари матбуотии ҳукумати вилояти Хатлон.Тибқи иттилои манбаъ, 50 дарсади маблағи сохтмонро соҳибкор сармоягузорӣ кардааст.Ахиран Қурбон Ҳакимзода, раиси вилояти Хатлон дар ҷараёни сафари кориаш дар ноҳияи Вахш аз рафти сохтмони Маркази логистикӣ дидан кардааст.Ба раиси вилоят иттилоъ доданд, ки дар ин мавзеъ бунёди ду сардхона бо имконияти қабул намудани то 600 тонна маҳсулоти кишоварзӣ ташкил гардидааст.Ҳамзамон қайд карда шудааст, ки дар марказ дар як сол бандубасти то 360 тонна мева ва сабзавот ба роҳ монда шуда, дар аввал то 20 ҷойи кории доимӣ ва дар мавсим то 50 нафар аз сокинони маҳаллӣ ба кор ҷалб карда мешаванд.Манбаъ илова кардааст, ки айни ҳол таҷҳизот пурра ворид ва насб шудаанд. Таҷҳизот барои хушк кардани меваю сабзавот, бандубасти меваю сабзавот ва маҳсулоти кишоварзӣ ва таҷҳизоти дигар барои ба андоза (калибровка) ҷудо намудани маҳсулоти кишоварзӣ ва як адад автомошинаи автокара (борбардор) дастрас карда шуда, корҳои сохтмонӣ идома доранд.
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/06/07/1049014584_114:0:1934:1365_1920x0_80_0_0_b3ebdbaa2e9810a2f0179e9d5f328851.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, хатлон, бунёд, маркази логистикӣ, соҳибкор
тоҷикистон, хатлон, бунёд, маркази логистикӣ, соҳибкор
Бунёди маркази логистикӣ дар Хатлон
09:00 08.06.2022 (Навсозишуда: 12:01 08.06.2022) Дар вилояти Хатлони Тоҷикистон аз тарафи соҳибкори ватанӣ Маркази логистикӣ барои нигоҳдории то 600 тонна маҳсулоти кишоварзӣ бунёд мегардад
ДУШАНБЕ, 8 июн — Sputnik. Ин марказ аз тарафи соҳибкор Абдухолиқ Саидов дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд дар доираи татбиқи Лоиҳаи “Рақобатпазирии агробизнес дар Тоҷикистон" ва ҶДММ “Восток-1”-и ноҳияи Вахш ба маблағи 248 ҳазору 584 доллар бунёд мегардад, иттилоъ додааст дафтари матбуотии ҳукумати вилояти Хатлон.
Тибқи иттилои манбаъ, 50 дарсади маблағи сохтмонро соҳибкор сармоягузорӣ кардааст.
Ахиран Қурбон Ҳакимзода, раиси вилояти Хатлон дар ҷараёни сафари кориаш дар ноҳияи Вахш аз рафти сохтмони Маркази логистикӣ дидан кардааст.
Ба раиси вилоят иттилоъ доданд, ки дар ин мавзеъ бунёди ду сардхона бо имконияти қабул намудани то 600 тонна маҳсулоти кишоварзӣ ташкил гардидааст.
Ҳамзамон қайд карда шудааст, ки дар марказ дар як сол бандубасти то 360 тонна мева ва сабзавот ба роҳ монда шуда, дар аввал то 20 ҷойи кории доимӣ ва дар мавсим то 50 нафар аз сокинони маҳаллӣ ба кор ҷалб карда мешаванд.
Манбаъ илова кардааст, ки айни ҳол таҷҳизот пурра ворид ва насб шудаанд. Таҷҳизот барои хушк кардани меваю сабзавот, бандубасти меваю сабзавот ва маҳсулоти кишоварзӣ ва таҷҳизоти дигар барои ба андоза (калибровка) ҷудо намудани маҳсулоти кишоварзӣ ва як адад автомошинаи автокара (борбардор) дастрас карда шуда, корҳои сохтмонӣ идома доранд.