https://sputnik.tj/20220608/aksho-sadama-purqurboni-eron-1049025808.html
Қатори қотил: аксҳои даҳшатбор аз садамаи пурқурбонӣ дар Эрон
Қатори қотил: аксҳои даҳшатбор аз садамаи пурқурбонӣ дар Эрон
Sputnik Тоҷикистон
Дар шарқи Эрон садамаи мудҳиши пурқурбонӣ рух дод, ки даҳҳо куштаю захмӣ бар ҷой гузошт. Sputnik Тоҷикистон аксҳои садама аз ҷои ҳодисаро пешкаш мекунад
2022-06-08T15:10+0500
2022-06-08T15:10+0500
2022-06-08T15:10+0500
акс
эрон
рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/06/08/1049023258_0:160:3072:1888_1920x0_80_0_0_b1a7df84afcbcd5e86113920a44928a9.jpg
эрон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/06/08/1049023258_171:0:2902:2048_1920x0_80_0_0_e953b05e65ad9ef79ac080425d5f21ef.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
эрон, садама, рӯйдод,
Қатори қотил: аксҳои даҳшатбор аз садамаи пурқурбонӣ дар Эрон
Дар шарқи Эрон садамаи мудҳиши пурқурбонӣ рух дод, ки даҳҳо куштаю захмӣ бар ҷой гузошт. Sputnik Тоҷикистон аксҳои садама аз ҷойи ҳодисаро пешкаш мекунад

Аз ҳафт вагони қатора якбора чаҳор вагон дар наздикии шаҳри Табас, 550-километр ҷанубу шарқтари Теҳрон, аз хатти ҳаракат берун шуд.

Бар асари ин фалокат 17 нафар ба ҳалокат расида, беш аз 50 мусофир ҷароҳат бардоштанд.

Вазъи 16 нафари захмишудаҳо дар бемористон вазнин арзёбӣ мешавад. Илова бар ин, боз панҷ нафари дигар бедарак шудаанд.

Теъдоди қурбониён метавонад афзоиш ёбад, зеро дар вақти фоҷиа дар дохили қатора ҳудуди 350 мусофир будаанд.

Якчанд дастаҳои наҷотдиҳӣ бо мошинҳои ёрии таъҷилӣ ва чархболҳо ба ҷои ҳодиса расидаанд.

Аз аксҳо дида мешавад, ки вагонҳои қатора чаппа шудаанд.

Тибқи иттилои пешакӣ, садамаи маргбор дар паи бархӯрди қтаора бо экскаватор рух додааст. Тафтишот оғоз шудааст.

Дар ҷои ҳодиса шаш бригадаи Ҷамъияти "Ҳилоли Аҳмар" кор мекунад. Амалиёти ҷустуҷӯ ва наҷотдиҳӣ идома дорад.