Сегрт гуфт, ҳадафи асосии яккачини Тоҷикистон дар Ҷоми Осиё чист

© ФФТПетр Сегрт, главный тренер сборной Таджикистана
Петр Сегрт, главный тренер сборной Таджикистана - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.06.2022
Обуна шудан
Сармурабии мунтахаби Тоҷикистон мегӯяд, дастпарваронаш барои рақобатҳо дар Ҷоми Осиё омодагии хуб доранд ва ҳадаф дарёфти роҳхат ба даври ниҳоӣ аст
ДУШАНБЕ, 7 июн — Sputnik. Фардо, 8-уми июн дар шаҳри Бишкек марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2023 оғоз мешавад.
Мунтахабҳои Тоҷикистон, Қирғизистон, Сингапур ва Мянмар, ки дар гурӯҳи "F" ҳастанд, барои баромадан ба марҳилаи ниҳоии мусобиқа миёни ҳам мубориза мебаранд.
Сармураббии тими миллии Тоҷикистон Петр Сегрт дар нишасти хабарии қабл аз бозӣ гуфт, ҳарифони Тоҷикистон заиф нестанд ва ҳама барои ғалаба мубориза мебаранд.
"Дастаҳо дар сатҳи наздиканд, мо ҳар як рақибро эҳтиром мекунем ва мубориза хоҳем бурд. Рақибони худро хуб омӯхтем ва ҳоло тамоми диққатамонро ба бозии аввал бо яккачини Мянмар равона кардаем", - гуфтааст Сегрт.
Мутахассиси хорватӣ аз ҳайат, омодагӣ ва интихоби бозигарон изҳори қаноатмандӣ карда гуфтааст, ки яккачини Тоҷикистон дар давраи ҷамъомади таълимӣ-тамринӣ, ки дар Дубай баргузор шуд, ба таври ҷиддӣ кор кард.
"Мехоҳам бигӯям, ки давоми ду ҳафта омода кардани як даста душвор аст, аммо мо умедворем, ки ба қисми ниҳоии Ҷоми Осиё роҳхат мегирем. Маҳз ҳамин мақсад назди даста гузошта шудааст", - таъкид кард сармурабии мунтахаби Тоҷикистон.
Олимпийская сборная Таджикистана - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.06.2022
Майдони бадшонсӣ: мунтахаби олимпии Тоҷикистон аз АМА низ шикаст хӯрд
Сарвони тими миллии Тоҷикистон Аҳтам Назаров бошад, мегӯяд, тими миллӣ омодааст, ки дар бозиҳои интихобии Ҷоми Осиё барои ба даст овардани роҳхат тамоми ҳастии худро сарф созад.
"Кӯшиш мекунем, ки натиҷаи қаноатбахш ба даст орем", - афзуд Назаров.
Ёдовар мешавем, ки мунтахаби Тоҷикистон нахустин рақобаташро дар ин мусобиқот бо тими Мянмар анҷом медиҳад.
Ин бозӣ дар варзишгоҳи Долон Омурзоқови Қирғизистон, дар Бишкек соати 15:30 ба вақти Душанбе оғоз мешавад.
Лентаи хабарҳо
0